Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > «ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ»
single-product

«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ»

2025-01-23 20:25:32

Сада яке аз ҷашнҳои қадимии миллати тоҷик мебошад, ки дар фасли сармо, одатан дар моҳи январ таҷлил мегардад. Номи «Сада» ба маънои «сад» аст, ки нишондиҳандаи як давраи муайян аз замон аст ва манзараи он ба оғози табиат, ки зимистонро месӯзад, рабт дорад. Анъанаҳо ва расму оинҳои марбут ба ҷашни Сада, ки ба хосияти табиат ва кишоварзӣ рабт доранд, ҷолиби диққат мебошанд. Сада ҳамчун рамзи интиқол аз фасли сармо ба фасли баҳор ва эҳёи табиатмаънидод мегардад. Мардум аз сардии зимистон раҳо шуда, омодагӣ ба кишту кор ва фарорасии фасли баҳору эҳёи табиатро интизор мешаванд.

Дар миёни тоҷикон, ба хусус мардуми кӯҳистон то ҳанӯз тақвими мардумӣ ривоҷ дорад, ки мувофиқи он зимистонро бачиллаи калон ва чиллаи хурдак ҷудо мекунанд. Аслан дар айёми чиллаи хурдак сардиҳо авҷ мегиранд. Ишора бар ҳамин мардум чунин гуфторе ҳам доранд, ки гӯё чиллаи хурдак гуфтааст: «Агар мисли бародарам бузург мебудам, курраи аспро дар шиками модараш хушк мекардам». Аз ин ҷост, ки дар маросимҳои мо адади 40 ҷойгоҳ дорад, ба мисли40 рӯзагии вафот (маъракаи чил), 40 рӯзагии тифл, 40 рӯзагии зани навтаваллудкарда, 40 рӯзагии арӯсу домод, 40 рӯз гӯшанишинӣ кардан ва ғайра.

Оташи ҷашни Сада низ ба ин хотир фурӯзон мешуд. Одамони бемор бо нияти шифо аз болои оташ мегузаштанд. Беморон дар макони аз чашми одамон дур се оташи хурд равшан карда, аз болои он се бор ҷаста, ин суханонро ба забон меоваранд: «Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ». Сипас ба пушт нигоҳ накарда мерафтанд. Хурдсолонро калонҳо таъкид мекарданд, ки агар хокистарҳои дар се ҷой қаторро бубинанд, аз болояш нагузаранд, зеро бемории шахси “аловпарак” карда ба ӯ мегузарад.

Аммо оташи расмие, ки барои Сада барафрӯхта мешуд, он ошкоро дар ҷамъи мардум буд. Одамон хурсандї мекарданд ва дар атрофи он мерақсиданд. Инчунин, одате низ вуҷуд дошт, ки хокистари оташи Садаро деҳқонон ба замини кишт мепошиданд.

Дар ҷашни Сада оташ нақши калидӣ дорад. Мувофиқи таҳқиқоти мардумшиносон, нишонаҳои возеҳи ҷашни Сада ва маросими ондар баъзе шаҳрҳои Эрони имрӯза, аз ҷумла Кирмон боқӣ мондаанд. Расме дар ин минтақа бо номи “Садасӯзӣ” роиҷ аст ва дар ин маросим бад-ин мазмун ишораҳо ва нуктаҳо гуфта мешавад: «Садаи деҳқонӣ, чиҳил кунда сӯзонӣ, ҳанӯз гӯйи зимистонӣ». Бояд зикр намуд, ки набояд мо оташи Садаро ғалат, ҳамон тавре, ки имрӯзҳо мушоҳида мешавад, миёни мардум нодуруст шарҳ бидиҳем. Оташ, умуман дар фарҳанги мо танҳо рамз аст. Аз тарафи дигар, як навъ эҳтиром ба табиат ва неъматҳои он мебошад. Мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки ин оташро ба оини оташпарастӣ рабт медонанд ва ба ин васила руҳияи мардумро нисбат ба фарҳанги миллии худ хароб мекунанд. Вобаста ба ин Фирдавсии бузургвор фармуда буд:

Мапиндор к-оташпарастон буданд,

Парастандаи поки Яздон буданд.

Ниёгони мо пас аз ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзии баҳорӣ омодагӣ мегирифтанд. Тавре ишора шуд деҳқонон хокистари гулхани Садаро ба халтаҳо гирифта, ба заминҳои кишт мепошиданд, сари замин бо нияти фаровонҳосилӣ дуоҳо мехонданд. Боғдорон дар водиҳо ба шохчабурии дарахтон оғоз мекарданд. Дар робита ба ин, имрӯз низ деҳқонони моро мебояд ин анъанаҳоро риоя намоянд. Ҷашни Сада рамзи хоси омодогиҳост. Мусаллам аст, ки иддае аз кишоварзон дар мавсими баҳор кишт менамоянд ва то мавсим барои тоза кардани тухмӣ, омода намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ҷӯю обпартоҳо корҳоро ба анҷом мерасониданд. Чорводорон низ масъуланд, ки чорабиниҳои пешгирику-нандаи хатари сар задан ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонотро амалӣ намоянд.

Яке аз махсусият ва вижагии ҷашни Сада ҳамкории мардум ва ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта марсум, яъне анъана шуда буд, ки барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд. Ба навиштаи фолклоршинос Рӯзӣ Аҳмад ин кор фаризаи динӣ ва савоб маҳсуб мешуд. Ҳар кас аз рӯи тавоноӣ ҳезуму чӯб гирд меовард. Касоне, ки ба мисли амирону амирзодагон ва сарватмандон агар худашон ҳезум гирдоварда натавонанд, меҳнати дигаронро кироя карда, ин корро анҷом медоданд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманирозаифу нобуд созанд ва ҷашни Садаро бо шукӯҳ таҷлил намоянд.

Ба муносибати ҷашни Сада дастурхон кушода мешуд. Идомаи шеъру сурдхонӣ ва қасидасароиҳо дар сари дастурхони идона идома дода мешуд. Бинобар гуфтаи фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ дастурхони ҷашни Сада бо анвои хӯрок пур мешуд, ки одамон дар ин фасли сол ба он дастрасӣ доштанд. Бештар ҳамон навъи хӯрокҳо гузошта мешуд, ки дар чунин айёми сол барои одам фоидабахш бошад. Аслан, мардум барои фасли зимистон аз тобистону тирамоҳ омодагӣ мебинанду меваҳо ва дигар анвои хӯрданиҳоро захира мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар дастурхони Сада меваҳои тару хушк гузошта мешуд. Ғайр аз ин, мардум дар фасли сармо бештар ба шириниҳо майл доранд. Масалан, шириние, ки аз туту тарбузу харбуза ва дигар меваҳо тайёр мешуд.

Имрӯз ҳам дар деҳаҳо баъзе аз куҳансолон чандин навъи ҳалвоҳоро медонанд. Ҳалво зиннатбахши дастархони ҷашни Сада ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин набот, қандалот, нишалло, ҳалвои сурхак, сафедак ва анвои дигар. Бонувон мекӯшиданд ҳунари худро аз дигаре беҳтар нишон бидиҳанд.

Дар дастурхони Сада, ба навиштаи фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён, аз мош, гандум, лубию нахӯд хӯрокҳое ба монадӣ кичирӣ, кашк, далда, ширруған, қурутоб, дуғ, ҷӯшӣ, умоч ва ғайра омода намуда мегузоштанд. Албатта дастурхони ҷашни Сада ҳам ҳикмати худро дошт. Аз рӯи гуфтаҳои Пешвоимуаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад».

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар айёми ҷашни Сада хайру эҳсони шоҳон зиёд мешуд. Аз рӯи навиштаи академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ «... дар ин рӯз одати эрониён чунин буд, ки подшоҳ аз тахти шоҳӣ ба зер меомад ва ҷомаи сафед мепӯшиду дар майдон дар фарши сафед менишаст. Ва дарбонҳо ва ясавулону посбонҳо, ки ҳайбати малик бад - онҳост, ба канор меронд. Ва ҳар кас, ки ниёзманд мешуд, ки бо подшоҳ сухан бигӯяд, хоҳ гадо бошад ё доро ва шариф бошад ё заиф бидуни ҳеҷ ҳоҷату дарбоне ба назди подшоҳ мерафт. Дар ин рӯз подшоҳ ба деҳқонон маҷлис мекард ва дар як суфра бо эшон ғизо мехӯрду мегуфт: - Ман имрӯз монанди яке аз шумо ҳастам ва бо шумо бародар ҳастам, зеро қивоми дунё ба корҳоест, ки ба шумо мешавад ва қивоми иморати он ҳам ба подшоҳ аст ва на подшоҳро аз раият гурез аст ва на раиятро аз подшоҳ...».

Ҳамин тариқ, Сада рамзи муҳаббат, ҳамдилї ва ҳамбастагї мебошад, ки одамонро ба хотири ояндаи нек бо ҳам муттаҳид мекунад. Новобаста аз ин, Сада бо тамоми маросимоташ чун як оинаест дар самти ифшои розҳои нуҳуфтаи таърихи пурғановати миллати тоҷик.

Давлатхон НАЗАРЗОДА,

сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита

Дилшод ДАВЛАТШОҲЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита