
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
2025-01-22 19:34:22
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин масъалаҳои рушди
иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фарогир мебошад. Дар Паём, таваҷҷуҳ ба пешгирии
хавфҳои иқтисодӣ, ташаккул ва амалӣ намудани "иқтисоди сабз", рақамикунонии
хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ зикр
гардида, нақши онҳо дар таъмин намудани устувории молиявӣ ва рушди иқтисодӣ
таъкид шудааст.
Ҳукумати мамлакат ба идоракунии самараноки захираҳо ва ташкили инфрасохтори
рақамӣ таваҷҷуҳ намудааст, ки ин барои таҳкими иқтисоди рақамӣ ва рушди
иқтисодиёти инноватсионӣ аҳамияти бузург дорад. Бо ин мақсад, то охири соли
2025 пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра рақамӣ карда
мешаванд.
Ин амал
метавонад, барои беҳтар кардани шаффофияти иқтисодӣ ва мубориза бо коррупсия
мусоидат намояд. Ҳамчунин, ҷиҳати рушди соҳибкории рақамӣ ва истифодаи
технологияҳои муосир "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия"
эълон гардид.
Дар
паёми навбатии худ Президенти мамлакат алалхусус дар бораи нақши занон ва
бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври назаррас қайд карданд. Ҳоло 25%
хизматчиёни давлатӣ, 73% кормандони маориф, 71% кормандони тиб, 47% кормандони
фарҳанг ва 30% соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Аз 214 ҳазор донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 42%-ашон духтарон мебошанд. Илова бар ин, 35
ҳазор духтарон муассисаҳои олии хориҷиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ
шудаанд. Камина низ дар қатори ҳамин донишҷӯёне мебошам, ки дар хориҷи кишвар
таҳсил намудаам.
Ҳукумати
мамлакат эътимод ва дастгирии ҳамаҷонибаи занонро идома медиҳад, то нақши онҳо
дар рушду пешрафти кишвар боз ҳам бештар шавад.
Нарзуллоева
САБРИНА, ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурии
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ