Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОЛЛЕҶИ ПОЛИТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА: БЕҲТАР КАРДАНИ САТҲИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
single-product

КОЛЛЕҶИ ПОЛИТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА: БЕҲТАР КАРДАНИ САТҲИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

2025-01-23 20:26:57

Омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сифати таълим новобаста аз зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини зинаҳои таҳсилот маҳсуб меёбад.

Бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯз масъулини муассисаҳои мазкурро зарур аст, ки барои омода кардани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ва рақобатпазир дар бозори меҳнат тамоми саъю кӯшишаонро ба харҷ диҳанд. Дар тӯли 47 соли фаъолият Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара беш аз 42 000 мутахассиси соҳаи техникаву кишоварзиро омода намудааст, ки онҳо дар ҳар гӯшаву канори кишвар дар хизмати халқанд.

Тавре ки директори муассисаи мазкур Фазлиддин Асомиддинзода зимни суҳбат гуфт, масоҳати умумии муассиса 7,5 гектар буда, дар бинои таълимии он 24 синфхона, 3 озмоишгоҳ, 20 утоқи корӣ, 2 маҷлисгоҳи хурду калон ва 1 китобхона ҷойгир мебошад.

«Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара 2 факултет - технологияи коркарди истеҳсолӣ, муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 20 ихтисос дар заминаи 4 кафедра бо фарогирии 115 нафар донишҷӯ ва аз рӯи 9 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо 320 нафар донишҷӯ амал менамояд. Дар гурӯҳҳои ғоибона бошад 85 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар умум теъдоди муҳассилини муассиса 435 нафар мебошад», - гуфт директор.

Қайд гардид, ки дар ҳарду зина ҳам таҳсил хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 дар ду гуруҳ, шартномавӣ ва буҷҷавӣ қабул карда мешаванд. Синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо замонавӣ буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ба таъкиди директор, дар коллеҷ вобаста ба ҳар як фан дарси кушоди тахассусӣ гузаронида мешавад, ки мувофиқи ҷадвали муайянгардида омӯзгорон дар дарси якдигар иштирок мекунанд, рафти дарси кушодро мушоҳида намуда, хулосаҳои худро менависанд ва якдигар кӯмаки методӣ мерасонанд. Дар ин усули дарсгузарӣ муваффақият ва камбудиҳои дарс пурра таҳлил мегардад, ки ин ба фоидаи низоми таҳсил аст.

Зикр шуд, ки дар коллеҷ ҳам ба самти таълим ва ҳам тарбияи хонандагону донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ баҳри таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии онҳо, боло рафтани эҳсоси меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҷараёну равияҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои судманд андешида шуда, суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.

«Дар масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони коллеҷ муассиса аллакай бо якчанд корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи Ҷумҳуриявии клиники ноҳияи Данғара, Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Ёқут- 2000» ва чанди дигар шартномаи дуҷониба доранд, ки дар асоси онҳо донишҷӯён дар ин коргоҳҳо таҷрибаомӯзиашонро мегузаронанд ва пас аз таҷрибаомӯзӣ онҳоро ба тариқи роҳхат барои кор мефиристем. Махсусан, ҳамаи ихтисосҳои дар коллеҷ мавҷудбуда дар корхонаву ташкилотҳои гуногуни ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» талабгор доранд. Ҳамчунин, аксарияти дарсҳои таҷрибавии донишҷӯён низ дар ин корхонаву ширкатҳо гузаронида мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки дар оянда аксарияти мутахассисони омодакардаи коллеҷи мо дар корхонаҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» «Данғара» ба кор қабул карда мешаванд», - гуфт сарвари муассиса.

Бояд гуфт, ки бинои таълимии Коллеҷи политехникии Данғара 1 сентябри соли 2023 дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд. Бо таҷдиду навсозии биноҳои таълимии коллеҷ барои ба таълим ва касбомӯзӣ фаро гирифтани донишҷӯёни зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Парвина ДАВЛАТОВА,

“Ҷаҳони ҳунар”,

Душанбе-Данғара-Душанбе