
РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
2025-01-19 17:34:50
Зинаи таҳсилоти
миёнаи касбӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ фаъолияти
густурда дошта, ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию
ғайридавлатӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад. Фаъолияти пурсамари
мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию
фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба
мутахассисони ин зина рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Ҳамин аст, ки
дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии
мамлакат дар баробари дигар самту соҳаҳо ба ин зинаи таҳсилот низ таваҷҷуҳ
гардида, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани
аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардида, аз ҳисоби ҷавонон омода
намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз
вазифаҳои муҳим мебошад.
Бояд гуфт, ки
дар шароити имрӯз, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ ташкилоту
муассисаҳои кишвар ба мутахассисон ниёз дошта, ҳамчунин, талабот дар бозори
меҳнати кишварҳои дигар низ ба ин мутахассисон меафзояд, омода намудани кадрҳои
баландихтисоси зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ талаботи замон мебошад. Аз ин рӯ,
дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуни таҳсилот тағйир ёфт, балки муассисаҳои
таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни навро касб намуда, барои беҳтар намудани
фаъолияти кории онҳо ниҳоди нав – Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Дар ин замина, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа
имконият фароҳам оварда, раванди рушди ин намуди муассисаҳои таълимиро дар
замони истиқлолият фароҳам овард.
Дар ҷомеаи имрӯзи кишвар рӯз ба рӯз талабот ба
ихтисосҳои ин зинаи таҳсилот бештар гардида, ба ихтисосҳои тиббӣ, омӯзгорӣ,
техникӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандон чандин маротиба бештар шудааст. Бо
ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсису ифтитоҳи
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ба талаботи замон ҷавобгӯ дар ноҳияҳои
дурдасти кишвар имконият фароҳам овард, ки шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ,
техникию илмӣ ва таъмин бо кадрҳои баландихтисос дар онҳо фароҳам омад.
Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи
касбӣ (коллеҷ) фаъолият намуда, дар ин зинаи таҳсилот аз рӯи 10 самт (тиббӣ,
педагогӣ, кишоварзӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳанг)
мутахассисон омода гардида, бо гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ ба истеҳсолот
фиристода мешаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар зарфи беш аз 33 соли
соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 47-то
афзуд, ки аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, ба вежа Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа мебошад.
Айни замон дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 209
ихтисос мутахассисон омода мешаванд, ки нисбати замони шуравӣ 113 ихтисос зиёд
буда, ҳар сол бо назардошти пешрафти илму техника ихтисосҳои нави ба талаботи
бозори меҳнати кишвар ҷавобгӯ кушода шуда, ба таснифоти ихтисосҳои муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбӣ илова мегарданд.
Ҳамзамон, талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати
таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти техникию муосир ба иҷро расида,
муассисаҳои таълимӣ бо компютер ва дигар воситаҳои аёнии таълимӣ таъмин шуданд,
ки дар раванди дарс ва корҳои амалӣ пайваста мавриди истифода ва омӯзиш қарор
мегиранд.
Дар маҷмӯъ, Истиқлолу суботу оромии кишвар имконият
дод, ки дар самти таъсиси лабораторияҳову паркҳои технологӣ, китобхонаҳои
электронӣ, хариди китобҳои илмию бадеӣ ва методӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳою
корхонаҳо ҷиҳати ба корҳои амалӣ ҷалб намудани донишҷӯён, ташкили кабинетҳои
фаннӣ, таҷҳизондани онҳо бо маводди аёнӣ, таъмин бо компютер ва дигар воситаҳои
нави техникӣ дар ин муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда шавад.
Наҷбудинзода
Ҳабибулло, муовини директор оид ба корҳои таълими Коллеҷи техникию омӯзгории Н.
Рӯдакӣ