Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИНТИХОБОТ - НИШОНАИ ДЕМОКРАТИЯ
single-product

ИНТИХОБОТ - НИШОНАИ ДЕМОКРАТИЯ

2025-01-16 07:50:58

Бо фармони Президенти мамлакат аз 4-уми декабри соли 2024 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 2-юми марти соли 2025 таъин гардид. Интихоботи дарпешистода тибқи дастури Пешвои миллат, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.

Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ дар ҷаҳони муосир тавсиф гашта, ба сифати механизми эътирофшудаи таъмини иштироки мардум дар ташаккул ва ё амалинамоии ҳокимияти сиёсӣ баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар, давлатҳо дар раванди татбиқи ин механизми муҳим дар доираи арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти ташаккулёфта, ки ба анъана ва фарҳанги миллию давлатдории онҳо рабт дорад, баҳри шаклгирии низоми интихоботии худ кўшиш мекунанд.

Интихобот ҳамчун падида шакли зарурии инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Он воситаи асосӣ ва ҳатто дар баъзе давлатҳо шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Интихобот воситае мегардад, ки шаҳрванд дар ин раванд бевосита иштирок намуда, номзади фаъол ва арзандаи худро интихоб намояд ё худ мавриди интихоби дигарон қарор гирад ва ба василаи интихобот ба ҳокимияти марҳилаҳои сиёсӣ ворид гардад.

Ҷанбаи дигари тавсифкунандаи низоми интихоботӣ хусусияти сохторию функсионалӣ дошта, ифодакунандаи низоми иерархии комиссияҳои интихоботӣ, ки вобаста ба сатҳи мақомоти намояндагӣ таъсис дода мешаванд, ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар фасли 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низоми комиссияҳои интихобот, тартиби ташкил ва фаъолияти онҳо муқаррар карда шудааст.

Тибқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии болозикр «Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд: комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ; комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои участкавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон.

Дар ин замина аз тамоми интихобкунандагон тақозо мегардад, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат намуда, роҳи минбаъдаи худро барои панҷ соли оянда муайян созем. Аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ тамоми шароити мусоид муҳайё карда мешаванд.

Демократия ва интихобот мафҳумҳои ҷудонопазир ва пурракунандаи якдигар мебошанд, зеро дар амал «ҳукмронии халқӣ» бе намояндагони интихобшудаи ҳукумат тасаввурнопазир аст. Бешубҳа, интихобот василаи сиёсӣ мебошад, зеро тавассути он мақомоти ҳокимият ташаккул меёбад. Дар баробари ин, аҳамияти интихобот, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он асоси демократияи намояндагӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар идоракунии ҳокимият иштирок намоянд.

Боварии комил дорам, ки кулли сокинони кишвар санаи 2 марти соли 2025 дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҷонибдории номзадҳое овоз хоҳанд дод, ки ҳимояи манфиатҳои халқу миллатро ҳадафи асосии фаъолият қарор додаанд.

РИЗОЕВА Маликамо Маҳмадуллоевна,

муовини директор оид ба таълими Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ ба номи Малика Собирова