
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2025-01-19 17:37:27
Бо мақсади
иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва
ҳуқуқӣ» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Кумита ҳар ҳафта рӯзи
шанбе баргузор мегардад.
Бо ин мақсад
имрӯз, 18-уми январи соли 2025, дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби
Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсат
ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони
касбу кори гуногун, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву
миёнаи касбӣ ва волидайни онҳо, доир ба озод кардан аз маблағи шартномаи
таҳсил, интиқол аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, идомаи таҳсил дар
зинаи доктор phd, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, таъмин бо ҷойи кор ва дигар масъалаҳо
муроҷиат намуданд.
Дар рафти баррасии муроҷиатҳо Раиси Кумита академик
Фарҳод Раҳимӣ ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар
муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


