Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ТАЪЛИМ
single-product

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ТАЪЛИМ

2025-01-19 17:33:21

Таълими замонавӣ дар зинаи инноватсияҳои нав истодааст, ки асосан ба рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ такя мекунад. Ин технологияҳо имкониятҳои васеи фардикунонии раванди таълимро кушода самаранокии таълимдиҳӣ ва автоматикунонии баҳодиҳии таълимро таъмин менамояд.

Дар навбати худ ҷорикунии зеҳни сунъӣ ба раванди таълим якчанд муаммоҳои этикӣ ва амалиро низ ба вуҷуд оварданаш мумкин аст, ки бояд ҳалли худро пайдо кунад. Мақолаи мазкур имкониятҳои зеҳни сунъиро ба сифати қувваи ҳаракаткунандаи табаддулоти системаи таълим ва оқибатҳои ҷойдошта, инчунин тамоюли рушди онро дар доираи таълим дида мебарояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 – ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуд. Вобаста ба ин яке аз ҷузъҳои асосии иқтисодиёти рақамӣ «зеҳни сунъӣ» ба шумор меравад. Дар иқтисодиёти рақамӣ бартарияти принсипи «зиндагӣ ва таҳсил», бо ибораи дигар, «таълим дар тамоми ҳаёт» зоҳир мегардад.

Иқтисодиёти рақамӣ зарурати такмили доимии малакаҳои касбии мутахассисонро тақозо мекунад, зеро ҷойҳои корӣ дар асоси технологияи нав бахусус зеҳни сунъӣ босуръат пеш меравад. Зеҳни сунъӣ аллакай мавқеи худро дар ҳаёти рӯзмарра пайдо карда таъсири худро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият расонида истодааст. Таълим низ истисно набуда зеҳни сунъӣ пай дар пай омили калидии муайякунандаи рушди соҳаи мазкур шуда истодааст. Технологияи таълими мошинӣ, алгоритмҳои коркарди забони табиӣ ва системаҳои шуурии таҳлили маълумотҳо аллакай дар муассисаҳои таълимии тамоми дунё истифода шуда истодаст, ки усулҳои таълими анъанавиро иваз намуда барои омӯзгорону донишҷӯён имкониятҳои навро ба вуҷуд оварда истодааст.

Яке аз доираи калидии истифодабарии зеҳни сунъӣ дар таълим – ин таълими мутобиқат (адаптивӣ) мебошад. Алгоритмҳои шуурӣ маълумотҳоро оиди давомот таҳлил намуда хоҳиш ва дараҷаи дониши донишҷӯёнро муайян менамояд ва маводҳои таълимиро мувофиқи талаботҳои фардӣ мутобиқ месозад. Чунин барномаҳои фардикунонидашуда ҷалби донишҷӯёнро ба дарсҳо зиёд намуда натиҷаҳои онрҳоро беҳтар менамояд. Афзалиятҳои таълими мутобиқат:

1. Самаранок азхудкунии маводҳо

2. Кам шудани вақти азхудкунӣ

3. Баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён

Нақши калидиро дар системаҳои адаптивӣ алгоритмҳои шуурии таълими машинавӣ мебозанд, ки қобилияти дар реҷими вақти ҳақиқӣ метавонанд маълумотҳоро оиди давомоти донишҷӯён таҳлил намояд. Инчунин қонуниятҳоро муайян намуда самтҳои фардии таълимдиҳиро ташаккул диҳад. Мисоли ингуна платформаҳои адаптивӣ барномаҳои зерин мебошанд:

1. KNEWTON – Платформаҳои адаптивии барномаҳои таълимии доираи васеъ

2. ALEKS – системаи шуурии омӯзиши математика ва илмҳои дақиқ

3. DREAMBOX LEARNING – барномаҳои адаптивӣ барои математикаи ибтидоӣ

4. TURBOLEARN – навиштани лексия дар компютер ба таври автоматӣ

Баланд бардоштани самаранокии таълим бо ёрии ёварҳои зеҳни сунъӣ амали гардонида шуда истодаанд. Масалан дар малакатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ҷумла: Олмон, Чин, Канада, Амрико ва Британияи Кабир дар масъалаи истифодаи зеҳнис сунъӣ пешқадам буда Олмон системаи рушдкардаи таҳсилоти олиро доро аст ва дар донишгоҳҳои пешқадами он барномаҳо оиди истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши машинавро пешниҳод мекунанд. Инҳо асосан дар донишгоҳҳои Technical University Of Munich ва University of Freiburg васеъ ба роҳ монда шудаанд. Ба щайр аз фардикунонии таълим, технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори омӯзгорон мусоидат мекунанд. Ёварҳои шурӣ дар асоси зеҳни сунъӣ метавонанд дар худ вазифаҳои реҷавиро бар дӯш гиранд, ба омодасозии маводҳои таълимӣ, ташкили раванди таълим ва баҳодиҳии давомот алоқаманд аст. Ин имкон медиҳад, ки омӯзгорон вақти зиёдтарро барои машщулиятҳои эҷодӣ бо донишҷӯён пайдо кунанд.

Ёварҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки нақшаҳои дарсиро бо баҳисобгирии стандартҳои таълим тартиб диҳад ва талаботҳои фардии таҷрибаҳои педагогиро қонеъ гардонад. Инчунин системаҳои таҳлили шуурӣ, тестҳо, вазифаҳои хонагӣ ва дигар корҳоро баҳогузорӣ намуда вақти омӯзгоронро барои оқилона истифода бурдан кӯмак расонад. Дар бобати идоракунии синфҳо, назорати фаъолнокӣ ва таҳлили маълумотҳо имкон медиҳанд, ки омӯзгорон раванди таълимро самаранок истифода ва ташкил намоянд. Инчунин генераторҳои зеҳни сунъӣ ба сохтани маводҳои таълимӣ, видеонаворҳо, презентатсияҳо ва дигар маводҳои зарурӣ мувофиқи параметрҳои додашуда қодир астанд. Вале бар замми ин ҳама имкониятҳо хатарҳое ҷой дорад, ки дар ҳолати ба форищболӣ роҳ додан метавонанд самараи дилхоҳро надиҳанд. Ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ ба системаи таълим якчанд зиддиятҳоро низ ба миён оварданаш мумкин аст, ки ба ин бояд тавваҷӯҳи махсус бояд зоҳир намуд. Муаммоҳои калидии ҷойдошта ин ҳимояи махфияти маълумотҳои иштирокчиёни раванди таълим ба ҳисоб рафта, имкони пурзӯр шудани нобаробарии иҷтимоӣ, инчунин хатари ивази иштироки инсон дар раванди таълим ба равандҳои пурраи автоматикунонидашуда вуҷуд дорад:

1. Махфияти маълумотҳо – ҷамъ ва истифодаи маълумотҳои шахсӣ барои таълими мутобиқат танзимкунии дақиқро барои ҳимояи дастнорасии ҳаёти шахсӣ талаб менамояд.

2. Дастрасӣ ва баробарӣ - Бояд баробариро дар боби дастрасӣ ба технологияҳои зеҳни сунъӣ барои тамоми иштироккунандагон новобаста аз ҳолати иҷтимоию – иқтисодӣ таъмин кунанд.

3. Омили инсонӣ – дар таълим бояд муозинати байни автоматикунонӣ ва нақши иштироки инсон нигоҳ дошта шавад то ин, ки ҷанбаҳои калидии раванди таълим аз байн наравад.

Мувофиқи рушди минбаъдааи технологияҳои зеҳни сунъӣ интизор шудан мумкин аст, ки он дар раванди таълим бозҳам меафзояд. Мутахассисони соҳаи мазкур пешбинӣ мекунанд, ки дар оянда боз ҳам платформаҳои нав ва мукаммали мутобиқат, ёварҳои шуурии омӯзгорон ва баҳогузории автоматии дониш пайдо мешаванд. Аммо ба амал татбиқ намудани ингуна технологияҳои рақамӣ аз мо дида баромадани ҷанбаҳои этикӣ ва амалиро талаб менамояд то ин, ки ворид намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба системаи таълим бехатар ва боадолатона таъмин карда шавад.

Оқилона истифода бурдани зеҳни сунъӣ метавонад омили баланд бардошатани сифат ва дастрасии илм дар тамоми ҷаҳон гардад.

Ашӯров Ҳусейн Раҳимович - омӯзгори фанҳои техникии кафедраи «Нақлиёт ва Сохтмон»-и Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод