Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДАР НАЗДИ КУМИТА МАҲФИЛИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ТАЪСИС ЁФТ
single-product

ДАР НАЗДИ КУМИТА МАҲФИЛИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ТАЪСИС ЁФТ

2025-01-23 20:22:14

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагону донишҷӯён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе нишасти нахустини маҳфили “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид.

Вохӯриро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навишта, ин асар бузургтарин шоҳасари ҷаҳон дониста мешавад. Ғояи асар даъвати халқ ба якдилӣ, тарғиби некӣ кардан ба аҳли меҳнат, омӯхтани илму ҳунар мебошад.

“Шӯҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамонӣ шӯҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он таъкидҳои зиёд намудааст. Ба ақидаи шоир некиву накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ӯ тавассути ин асари безавол ба аҳли башар тавсия додааст, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд, зеро амали нек ҷовидонист”, - гуфт раиси Кумита.

Қайд гардид, ки маҳфили мазкур дар пайи татбиқи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нашр ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ташкил шуда, ҳадафи он огоҳии ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш мебошад.

Аъзои маҳфил аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе интихоб шуда, моҳе 2 маротиба достонҳои ин шоҳасари миллиро баррасиву муҳокима мекунанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки маҳфили мазкур дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ таъсис дода мешавад.

 

single