Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАВАҶҶУҲ БА КАСБОМӮЗӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ЧӢ ГУНА АСТ?
single-product

ТАВАҶҶУҲ БА КАСБОМӮЗӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ЧӢ ГУНА АСТ?

2025-01-16 07:52:47

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат соҳаи таҳсилоти касбӣ ҳамчун самти афзалиятнок таъкид гардида, Сарвари давлат иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Илова бар ин, сохтмону азнавсозии муассисаҳо ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ идома хоҳад ёфт.

Сорбон Бобомуродзода, сокини вилояти Суғд, баъди хатми мактаби миёна дигар таҳсилро идома надоду ба муҳоҷират рафт ва давоми 10 сол инҷониб дар Русия кор мекунад. Ӯ тӯли ин муддат дар як анбори ширкати боркашонӣ ҳамчун борбардор кор мекард, вале баъдан, ширкат техникаҳои нав ворид карда, корро тавассути техникаҳо ба роҳ монд, ки талабот ба қувваи ҷисмонии коргарон кам шуд. Бинобар ин, ширкат 10 коргарро ихтисор намуд, ки дар қатори дигарон Сорбон низ буд.

Илоҷи ягонаи пешбурди зиндагии ӯ ва дигар коргарон кор дар сохтмон буд. Дар сохтмон азбаски онҳо касбу ихтисоси муайян, аз ҷумла муҳандисӣ ё кафшергарӣ надоштанд, маҷбур буданд, ки корҳои вазнинро бо қувваи ҷисмонӣ анҷом диҳанд. Ӯ мегӯяд, ки дар сохтмон кори кафшергар, мутахассиси барқ, хати обу ташноб, устои рангу бор ва таъмири замонавии хонаҳо арзиши баланд дорад.

“Ҳамроҳи мо сохтмончиён, кафшергарон ва дигар мутахассисон кор мекарданд, ки назар ба мо қариб як баробар зиёдтар маош мегирифт ва ҳамзамон, ба онҳо дигар ёрдамчиҳо кӯмак мекарданд. Мо бо вуҷуди оне, ки кори зиёд мекардем, вале маоши нисбатан камтар доштем”, - иброз дошт Сорбон.

Ӯ мегӯяд, талаботи зиёди ҷоришуда аз ҷониби кишвари мизбон ва харҷи зиёди пардохт ӯро барои андешидани чора водор намуд. Бинобар ин, Сорбон мехоҳад ягон ихтисоси заруриро соҳиб шавад, то ки ҳам маълумоту ҳам таҷриба андӯхта, кори нисбатан сабук ва маоши беҳтаро дар дохили кишвар пайдо намояд.

Ҳамсуҳбатамон бо таассуф изҳор дошт, ки агар дар гузашта касбу кори ба талаботи замон мувофиқро меомӯхт, шояд ин вақт кори муносибу доимӣ медошт, на ин ки баъзан ҳафтаҳо коре пайдо намекард.

Аз муҳтавои ин суҳбатҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои соҳиби ҷойи кори муносиб шудан тадбири заруриро аз қабл бояд андешид. Зеро имрӯз тамоми корҳоро аз таҳияи нақша то бунёд ва раванди фаъолияташон мутахассисони донандаи хуби соҳа анҷом медиҳанд ва дар бозори меҳнат талабот ба соҳибихтисосҳо хеле зиёд аст.

Ба маълумоти бахши меъморӣ ва сохтмони шаҳри Хуҷанд дар миқёси шаҳр ҳоло сохтмони беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои савдо ва иншооти маъмурӣ идома дорад, ки дар рафти сохтмони як бинои баландошёна аз 30 то 40 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда мешаванд ва ҳоло бештари ин сохтмонҳо ба коргари соҳибкасб ниёз доранд.

Бахтиёр Болтаев, корманди масъули ширкати сохтмонии “Элит-сохтмон” дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт, ки дар сохтмони бинои 13-ошёна онҳо 40 нафар бинокорони соҳибихтисосро ба кор чалб кардаанд, зеро таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати кор равона шуда, назорат аз болои сифат доимӣ аст. Сохтмончиён вобаста ба ҳаҷм ва соати корӣ ҳаққи заҳмати муносиб пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки кадрҳо дар соҳаҳои мухталифи коргарӣ асосан дар литсейҳои касбӣ-техникӣ тайёр карда мешаванд. Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 23 литсейи касбии техникӣ амал мекунад, ки хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 имкони идомаи таҳсил ва ҳунаромӯзиро дар онҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла челонгар, тракторчӣ, сантехник, таъмиргари муҳаррики автомобил, кафшергари газу барқ, ронанда, дуредгар, гаҷкор, дӯзанда, ҳисобдор ва садҳо касбу ҳунарҳои заруриро доранд.

Хуршед Умаров баъди хатми синфи 9 ба Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд омада, касби челонгар-сантехникро меомӯзад. Ӯ зимни суҳбат гуфт, ҳоло дар қаламрави зодгоҳаш-ноҳияи Деваштич бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна зиёд шудаанд ва ба чунин касб талабот афзудааст. Аз сабаби оне, ки литсейи касбӣ шароити беҳтар, ва устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дорад, ӯ ин ҷоро интихоб кард, зеро метавонад ҳам дониш гирад ва ҳам амалан корро омӯзад.

Ҳоло шумораи бештари онҳое, ки ба литсейҳо барои касбомӯзӣ меоянд, ҷавонон аз деҳот мебошанд, зеро мӯҳлати таҳсил 2 сол аст ва арзиши пардохти солона низ нисбатан арзон ё ба тариқи ройгон аст. Зимни сӯҳбат аксари омӯзгорону хонандагони литсейҳои касбии техникии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иброз доштанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ зиёд гардид. Аз ин рӯ, умед аст, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва тарбияи мутахассисон аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо ташаббусҳо бештар мешаванд.

Дар маҷмӯъ, бояд таъкид намуд, ки омӯхтани касбу ҳунарҳои миллию муосир дар ҷавонӣ боис ба пешбурди зиндагии шоиста мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як нафарро мебояд, ки новобаста ба самти фаъолият ҳатман як касбро аз худ намояд, зеро касбомӯзӣ омили муваффақият ва таъмини зиндагии сазовор аст.

Маҳмуд АҲМАДӢ,

рӯзноманигор