Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-09-19 09:15:07

БЕ МУРРАБӢ ЗЕРИ ГАРДУН МӮЪТАБАР НАТВОН ШУДАН

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

                                                                                              (А. Ҷомӣ)

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон муррабӣ рамзӣ баҳор аст. Оре, бе муррабӣ кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба муррабӣ эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои муррабӣ шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқи мондааст.

Муррабии аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд, онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд:

                                               Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муррабӣ, устод, муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муоссир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат низ гаштааст.

Муррабии аввалини ман модар аст. Ҳар чизеро, ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ пурсон мешудам. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷков ошно месохт. Муррабии дигари ман  ин худ зиндагист, ки касро ба баду некӣ ҷаҳони фонӣ ошно меозад.

Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулҳои муаттари маьрифат зиннат медиҳад. Дар ин бора Заҳири Форобӣ гуфтааст:

Ин дасти бастаро ту кушодӣ, ки оқибат,

Он кас кӣ буд, ки тарбия устодвор кард.

Хулоса, муррабӣ, устод ва омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тар­бияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хизмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омаданд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Аз ин рӯ, эҳтироми муррабӣ вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст, Оре:

                                                Ҳар кӣ  н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

                                                Низ  н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

 

Фозил Бобозода Ашурмаҳмад,

Сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-09-19 08:48:07

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ МИНБАРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

«Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои точикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муарраифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».                                                                                                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН

Забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушду пойдор сохтани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ воқеаи тақдирсози фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009, №553, қабул гардид, ки ҳадаф ва мақсади ниҳоии он рушди забон чун падидаи фарҳанг, васеъ намудани амалкарди забони тоҷикӣ дар таълим, коргузорӣ, илм, васоити ахбори омма, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ омили муҳимми эҳёи забони тоҷикӣ мебошад.

Забони давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ махсуб ёфта, омили ваҳдати миллӣ низ мебошад Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Эътироф гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба муттаҳид шудани тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон мусоидат намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он ва дар баробари ин донистани забонҳои хориҷӣ пайваста таъкид менамояд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010 ба ҷавонон муроҷиат намуда кайд намуданд, ки «… тамоми нерӯи худро барои аз бар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳарҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед».

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеъии эҳёи забони мо дониста мешавад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмиллаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномахо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Орзуву омоли на танҳо зиёиёни кишвар, балки кулли сокинони мамлакат ҳамин буд, ки давлату миллат ва забон раҳнамову саробоне ёбанд. Пешбурди сиёсати давлатӣ ва талош барои муаррифӣ кардани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ба ин натиҷаи судманд расонид, ки Президенти кишвар шарафи суханронӣ дар балантарин минбарҳои ҷаҳониро дарёфта, паёми халқи тоҷикро бо забони тоҷикон ба ҷаҳониён расониданд. Аз чумла, нахустин маротиба Эмомалӣ Раҳмон аз номи Тоҷикистони соҳибихтиёр 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ оид ба даҳшатҳои ҷанги дохилӣ, баргардонидани гурезаҳо ва нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли муноқишоти Тоҷикистон ба таври муфассал суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо роҳбарии Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ сиёсати забон ташаккул ёфт. Ин мавзӯъҳамеша ба як ҷузъи муҳимми давлатдорӣ табдил ёфта, барои пешбурди он силсилаи қонуну қарорҳо, барномаҳо андешида шуда, фаъолияти кумитаи алоҳида ва якчанд комиссияву гурӯҳии кориву назоратӣ ташкил карда шуданд. Масалан, соли 1995 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта,21-уми октябри соли 1997 Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ба таъкиди Сарвари давлат, забони миллӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ, омили воқеии эҳё ва такомули забони миллӣ мебошад. Роҳбарияти олии мамлакат талош бар он доранд, ки сиёсати давлатии забонро сол аз сол нерӯманду муассир гардонад. Тадбири дар соли 2008 ҷашн гирифтани 1150-солагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ин солро соли гиромидошти забони тоҷикӣ эълон намудан раванди тақвияти татбиқи забонро бамаротиб қувват бахшид. Президенти мамлакат ба ин муносибат дар суханронии худ иброз намуданд: «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа ва даврони муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд». Маҳз дар ҳамин ҷамъомад Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки барои ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми мардум ба забони модарии хеш, соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, якҷоя бо ҷашни 1150-солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоти эшон возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Хоса, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро метавон марҳалаи тозаи хидмат дар соҳаи забон шуморид.

Сарвари давлат дар асоси таҳлили зиёда аз чаҳорсад сарчашмаи илмии ватаниву хориҷӣ кӯшидаанд, ки ба печидатарин масъалаҳои баҳсноки давраҳои қадим ва миёнаи забони тоҷикӣ равшанӣ андозанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикиро яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи забони модарӣ ҳисоб карда, дар ин замина роҷеъ ба маъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони модарии мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва аз масъалаҳои ҳалталаб барои ҷомеаи мо ба шумор меравад, дастур медиҳанд, ки барои ҳарчи зудтар ба ҳадаф расидан – аз олимони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногун гирифта, то корманди одӣ –дар ин кори муҳим саҳм гиранд.

Ин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки масъалаи забон аз диди Президенти кишвар на фақат падидаи фарҳангист, балки он дар навбати аввал масъалаи муҳими сиёсию давлатист. Бинобар он дар ҳалли масъалаҳои забон, пеш аз ҳама, давлат манфиатдор аст, чунки мафҳумҳои миллат ва давлату забон тавъаманд мебошанд.

Рухшона ДАВЛАТШОЕВА,

мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-09-19 08:37:35

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти варзишӣ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур иштирок намуданд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар қисмати тантанвии чорабинӣ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд кард, ки сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи варзиш дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд. Ташкилу ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идомаи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат аст.

“Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, донишҷӯ-варзишгарони Коллеҷи технологӣ дар оянда метавонанд дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд”, - гуфт Раиси Кумита.

Сипас, Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, гуфт, Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш дар мамлакат заминаи воқеӣ ва устувореро гузошта, пешравӣ ва дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони муваффақи кишвар дар зарфи қариб 33 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, на танҳо дар зарфи 70 соли Шӯравӣ, балки дар тамоми паҳнои таърих барои миллати тоҷик беназир аст. Бешак, дар саргаҳи ҳамаи ин дастовардҳо ташаббус ва сиёсати варзишпарваронае меистад, ки мардуми шарафманди тоҷик онро ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъаманд.

Қайд гардид, ки маҷмааи мазкур аз майдончаи ҳозиразамони варзишӣ барои ҳаводорони бозии футбол иборат мебошад. Дар атрофи майдонча корҳои ободонию кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гирду атрофи он сафолакпӯш карда шуда, шафати пайроҳаҳои пиёдагузар бо гулҳои мавсимӣ зебо гардонида шудааст. Майдонча аз ҳисоби маблағҳои Коллеҷи технологӣ сохта шуд. Корҳои бунёдӣ моҳи майи соли 2024 оғоз шуда, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтанд.

Донишҷӯёни муассиса бо хушҳолӣ аз ифтитоҳи боз як иншооти варзишӣ-фарҳангӣ аз ғамхориҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипосу миннатдорӣ намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки дар оянда барои рушди ин навъи варзиш дар худи муассиса ва берун аз он саҳм гузошта, дар сабқатҳои гуногун иштирок мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки ба истифода додани майдончаҳои варзишию солимгардонӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи татбиқи барномаҳои ободониву созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодаанд.

2024-09-17 16:36:31

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА КАФИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастоварди миллати куҳанбунёду тамандунофари тоҷик буда, нишони мустақилият, ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони давлатдории муосир шароит фароҳам оварда, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард.

Муосиртарин падидае, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта мардуми мо мушарраф гардид, ин Истиқлолияти давлатӣ буд, ки бо шарофати он Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди хоҷагии халқи мамлакатро муайян намуда, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ватану давлатдор будани халқи тоҷик огаҳӣ ёфт. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ асосҳои сохтори кониститутсионӣ дар кишвар такмил ёфта, тайи 33 соли мавҷудияти давлат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба нишондодҳои назаррас ноил гардиданд. Рӯз аз рӯз сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда, назари аҳолӣ ба истиқлолхоҳию сатҳи худшиносии миллӣ ҳамаҷониба рушд ёфт. Агар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба назар орем, дастовардҳо дар иқтисодиёт ва истеҳсолот назаррас ва бисёр арзандаанд, зеро 33 сол дар таърих муддати зиёд нест, аммо бо татбиқи сиёсати дурусти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад.

Дар ин давра ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта, соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ рушд ёфтанд. Бо тараққӣ ёфтани соҳаи иқтисодиёт ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки ин боиси самаранокии корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бозори ҷаҳонӣ аллакай рақобатпазир гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин корхонаҳои муштарак зиёда аз 90 фоизи коргарону мутахассисонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба рушди иқтисодиёт заминаи устувор гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисоди ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ ворид гардид, ки ин инкишофу пешрафти давлатамонро дигаргун ва босамар сохт. Рушди равобити иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриямон мустақиман ба миён омада, махсусан ба раванди содироту воридоти маҳсулот таъсир расонд.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастоварди назарраси иқтисодӣ дар даврони истиқлол ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Ба вуҷуд овардани тарз ва усулҳои нави муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ дар бозорҳои истеъмолии дохилӣ баҳри рақобати бозорӣ, зиёд кардани маҳсулот, сифати молу маҳсулот ва рушди соҳибкории хурду миёна ба амал омада, дар умум ба афзоиши истеҳсолоти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт боис гардиданд.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳимми ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки маҳз истиқлолу ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшонро муайян карда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолии нав ва ҷалби технологияҳои навин (инноватсионӣ) диққати асосӣ дода шуда, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолии замонавӣ фаъолият доранд ва ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили солгарди Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат дар ҳудуди ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шудаанд ва минбаъд низ корхонаҳои нави истеҳсолӣ махсусан корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, ба истифода дода мешаванд, ки зиёд шудани истеҳсолот ва рақобатпазир гардидани он, дар маҷмуъ барои рушди устувори Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Истиқлоли давлатӣ имконият дод, ки кишвари мо робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодиро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор намуда, дар баробари амалисозии фаъолияти содиротию воридотӣ, ҳамчунин ҷалби сармоягузориро ба роҳ монад. Ин буд, ки тавассути андешидани чораҳои мушаххас сармоягузорӣ дар кишвар такмил ёфта, ба сармоягузорони хориҷӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳод шуд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки бахши сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузорад.

Ҳамин тавр, бо гузашти 33 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ дар заминаи сиёсати созанда рушди бемайлон дошта, такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзуҳо табдил ёбад.

Юсуфов Шамсулло,

сардори раёсати молия ва баҳисобгирии молиявии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-09-17 16:27:35

Мулоқот бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз вусъати ҳамкории Тоҷикистон бо Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, инчунин таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои милии кишвари мо таъкид гардид.

Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Бадахшон, ҳамчунин, навсозии неругоҳи Норак ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони неругоҳи Роғун низ идома ёбад.

Истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон, аз ҷумлаи самтҳои ояндадор номида шуд.

Олаф Шолтс изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст. “Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем” – таъкид дошт Олаф Шолтс.

Роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти рағбати зиёди ҷавонони Тоҷикистон, кишвари мо ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии забономӯзию касбӣ омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо Олмон аст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба масоили амну субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фароварди мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват намуданд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

2024-09-17 16:25:01

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф оростанд.

2024-09-17 16:21:40

Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қазоқистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

2024-09-16 15:10:33

ИСТИҚЛОЛ. АЗ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ТО ФАРДОИ ДУРАХШОН

Вақте сухан аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд масири 33-солаи тайкардаи кишварро тавъам бо кору пайкори абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар орем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем. Зеро хидматҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳониашон муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.

Бояд зикр кард, ки эълон намудани истиқлоли давлатӣ ин танҳо оғози кор буд, аммо таърих имтиҳони бузургеро барои нигоҳдошти ин неъмати бебаҳо пешорӯи миллати мо овард, ки ин рӯйдодро набояд зуд фаромӯш кард. Онро бояд ҳамеша ёдрас намоем, дар гӯшаи хотир нигаҳ дорем ва аз он сабақ омӯзем то бори дигар ба ин вартаи ҳалокатовар наафтем. Баъди эълони истиқлоли давлатӣ ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд ва эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлука афтоданду зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва ҳокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостон Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳама умед ба ин Иҷлосия буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба он медӯхтанд, ҳар дақиқаи онро тавассути оинаи нилгун тамошо ва аз тариқи радио шунида, ба якдигар қисса мекарданд. Ва якбора шуълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромад, садои шодию сурур дигарбора фазои кишварро пур намуд, мардум гӯё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти Тоҷикистон, Ватани азиз ва мардуми тоҷик Сарвар, Роҳбар, Пешво фиристод (боз аз ҳикмати фалсафӣ ёд меорам, ки ба бахти баланди мардуми тоҷик «он чи ки шуданӣ буд, шуд»). Бовар ба он шуд, ки:

«Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст»

Дигарбора қоматҳо рост, чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат:

«Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг»- ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расиданашон сармашқи кору пайкори худ намуданд ва кишварро аз ин фоҷиа раҳоӣ бахшиданд.

Баъд аз Иҷлосияи 16-ум Роҳбари ҷавоне, ки умеди миллат ба роҳи он кас буд, вориди Душанбе шуданд, Душанбее, ки он айёми пурошӯб бӯйи хун мекард, Душанбеи мотамзадаву валангору бесоҳиб, аммо Душанбеи чашминтизори Роҳбари нав, Душанбее, ки интизори ин навид буд:

“Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,

Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд”.

Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта, ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафар карданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳу оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба Ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор гардид, ҳазорҳо километр роҳу пулу нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва садҳо дастоварди дигар, ки бо чашми сар мебинему бо гӯши худ мешунавем, танҳо ба истиснои чанд ватанфурӯшу хоини миллат, ки то ҳол дар роҳи амалӣ намудани нақшаи тарҳрезинамудаи хоҷагонашон дар роҳи аз байн бурдани амнияту суботи кишваранд ва онҳоро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳушдор медиҳад:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Ба андешаи ман, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи сартосарию ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар бараъло зоҳир мегардад ва дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат ба савганди худ: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” ва “Гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам!” содиқ монданд ва ин савгандро, воқеан ҳам, дар назди халқу Меҳан сарбаландона иҷро намуданд.

Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки дорои аҳамияти байналмилалӣ низ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми кишвар аст, ки имсол низ дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз як ташаббуси ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми худ, ки 13-уми августи соли 2024 баргузор гардид, қатъномаи наверо таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул кард. Ин Даҳсола ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажӯҳиши амиқу дақиқи илмии қабати барфии сайёра ва, махсусан, пиряхҳо даъват менамояд.

Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешаи эшон ба ободкорию созандагӣ мардуми кишварро ба ояндаи боз ҳам неку дурахшон умедвор месозад. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон, воқеан, симои худро дигар карданд. Дар ин муддат садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои “Кохи Наврӯз”, “Қасри миллат”, “Китобхонаи миллӣ”, “Наврӯзгоҳ”, “Душанбе-Плаза”, “Боғи Ирам”, “Осорхонаи миллӣ”, қасри “Оли Сомон”, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ҳоказои дигар дар олами худ назиру собиқа надоранд.

Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфову сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгори мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

    Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз "Ҷумҳурият"

2024-09-16 14:41:01

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад.

Ин рӯйдоди беназир ҳамчун оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар сарнавишти миллати бостонии тоҷик заминаи устувори худшиносии миллии мардуми моро фароҳам овард, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид.

Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ба шарофати истиқлол давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст.

Аз ин лиҳоз, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии мост, ки ҳамеша шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Расидан ба чунин рӯзи босаодат, яъне соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидан ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу овози баробар бо дигар кишварҳоро ноил шудан ормони деринаи халқи мо буд.

Вале Тоҷикистони мо ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини истиқлоли давлатӣ, яъне ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ гирифтор гардид.

Дар натиҷа миллати тоҷик бо хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ гардид ва давлати ҷавони тоҷикон дар остонаи нобудӣ қарор гирифт.

Яъне бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон як сарзамини ободу хуррам, як миллати бостониву мутамаддинро ба хоку хун кашиданд ва сокинони ин обу хоки муқаддасро ба қашшоқиву муҳтоҷӣ расониданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон он зарбаи ҷонкоҳ ва рӯзҳои сахту сангини пур аз даҳшату машаққатро фаромӯш накардаанд ва ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Ҳамватанони азиз!

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ маҳз ба шарофати майлу иродаи қавӣ ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи тоҷик давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот дода, ягонагии ҳудуди кишвар ҳифз карда шуд.

Ҳамзамон бо ин, фаъолияти аркон ва сохторҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ барқарор гардида, беш аз як миллион гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонида, мардум сарҷамъ ва миллати тоҷик аз хатари парокандагӣ наҷот дода шуд.

Рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул карда шуданд, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин ва ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ оғоз гардида, буҳрони шадиду фарогири иқтисодӣ ба эътидол оварда шуд ва раванди эҳёи арзишҳои миллӣ самту суръат ёфт.

Бо амалӣ гардидани иқдомоти зикршуда барои заҳмати ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, ҷиҳати барқарорсозии баъдиҷангӣ, яъне бартараф намудани оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заминаҳои зарурӣ гузошта шуданд.

Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо кард ва дар ҳалли як силсила мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои обу иқлим саҳми назаррас гузошт ва ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор мавриди эҳтирому эътироф қарор гирифт.

Яъне имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро на танҳо мешиносад ва эътироф мекунад, балки ташаббусҳои байналмилалии онро пуштибониву дастгирӣ менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор доштанд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имконияту захираҳо барои таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар сафарбар карда шуданд.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Бо мақсади идома додани ин раванд дар паёми имсолаи Президент ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ мо тамоми саъю талоши худро дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани он, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат муттаҳид сохтем.

Дар ин давра бо заҳмати содиқонаи мардумамон беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд карда, ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардидем.

Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати транзитӣ мубаддал сохтем.

Танҳо аз файзу баракати истиқлол мо имкон пайдо кардем, ки бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро оғоз намуда, сохтмони ин иншооти азимро вусъат бахшем ва агрегатҳои аввалини онро ба кор андозем.

Ҳамзамон бо ин, неругоҳҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» ва даҳҳо неругоҳи миёнаву хурд бунёд карда, 75 фоизи шабакаҳои энергетикии мамлакатро таҷдиду бунёд кардем, таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳи «Сарбанд»-ро ба анҷом расонидем ва низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овардем.

Имрӯзҳо бунёди неругоҳи «Роғун» ва корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» босуръат идома доранд.

Ҳамватанони азиз!

Солҳои охир мардуми сайёра бар асари тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолии паёпай, офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба мушкилоти бисёр ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.

Илова ба мушкилоти экологӣ, хусусан, чор – панҷ соли охир авзои ҷаҳон торафт мураккабу печида гардида, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ рӯз ба рӯз вусъат пайдо карда истодаанд.

Ёдовар мешавам, ки таъсири манфии таҳдиду хатарҳои муосир ва мушкилоти зикршуда ба Тоҷикистони азизи мо низ расида истодааст.

Дар чунин давраи ноором мо бояд барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода бошем ва дар ғафлат намонем.

Таъмин намудани амният ва суботу оромӣ дар мамлакат на танҳо яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумат мебошад, балки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад.

Зеро амалӣ гардидани ормону орзуи ҳар як шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ имкон дошта метавонад.

Дар ин росто, мо бояд насли наврасу ҷавонро бо таърихи бисёр қадимӣ ва шукӯҳманду пурифтихори миллати тоҷик, бо мақому манзалати забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, бо фарҳанги рангорангу ғановатманди бостонӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллӣ ҳарчи бештар ошно намоем.

Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем.

Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем.

Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад.

Чанд рӯз пештар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ»-ро эълон намудем.

Имрӯз раванди ободониву созандагии Ватани маҳбубамон босуръат идома дорад.

Мо бояд тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар созем.

Яъне аз хонаву кошона ва маҳалли зисти худамон сар карда, тамоми шаҳру ноҳияҳои сарзамини аҷдодиамонро то дурдасттарин деҳоти он ободу зебо гардонем.

Эътимоди комил дорам, ки бо кору фаъолияти ватандӯстонаву содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан мо дар солҳои наздиктарин ҳамаи мушкилоти мавҷударо бартараф карда, ҷашни бошукӯҳи 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои боз ҳам бузург истиқбол мегирем.

Бо ибрози чунин ниятҳои нек ҷашни сивусесолагии истиқлоли давлатиро бори дигар ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи онҳо хонаи обод, саодати рӯзгор, сулҳу оромӣ, ки асоси хушбахтии халқамон ва ободиву сарсабзии Ватани маҳбубамон мебошад, инчунин, комёбиву барори кор орзу менамоям.

Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша пойдор ва умри истиқлоли мо ҷовидон бошад!

Ҳамеша саломату сарфароз ва бахтёру комгор бошед, ҳамватанони азиз!

Ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатӣ ба ҳар хонадони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон муборак бод!

2024-09-16 14:33:46

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!

Имрӯз мо дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз, воқеан, оғози саҳифаи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории мардуми тамаддунсози тоҷик маҳсуб меёбад ва мо ифтихорманд аз онем, ки маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣбунёд ёфт.

Даст ёфтан ба Истиқлоли давлатӣ, ки машъали умедҳои халқи тоҷикро ба рӯшноӣ, фардои дурахшон ва субҳи хушбахтӣ фурӯзон намуду боварҳои мардумро ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии орому осоишта нерӯ бахшид, аз падидаҳои нодири давлатдории тоҷикон аст.

Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардуми тоҷик аз он ибтидо мегирад. Зеро маҳз истиқлол барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва таҳким бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириву роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бомаром идома ёфта, дар самти мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бартараф намудани мушкилоти соҳа, сохтмон ва бунёди инфрасохтори соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст.

Вобаста ба ҷоннок намудани сектори хусусӣ, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани таҳсилоти касбӣ доранд, тайи 10 соли охир натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овард.

Дар ин солҳо муассисаҳои ғайридавлатии тиббию, техникӣ ва иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Восеъ, Ҳамадонӣ, Вахш, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Левакант, Данғара, Хуҷанд, Панҷакент, Ёвон, Панҷ ва Ҷайҳун ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар ифтитоҳи аксари ин муассисаҳои таълимӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 68,5 млн. сомонии соли 2019 ба 122 млн. сомонӣ дар соли 2024 ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад, аз 176,9 млн. сомонӣ дар соли 2019 ба 363,4 млн. сомонӣ дар соли 2024 баробар гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин муддат маблағгузории ин зинаҳои таҳсилот зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтаанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи 10 самт ва 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад. Дар муассисаҳои мазкур 90096 хонанда ва донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 7 ҳазору 416 омӯзгор дарс медиҳанд, ки аз онҳо 23 нафар доктори илм ва 240 нафар номзади илм мебошанд.

Пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бозгӯи шинохти амиқ ва сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем, зеро маориф ва илм, дар ҳақиқат, дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва таҳкими истиқлоли мамлакат нақши муҳим бозида, рушду таҳкими тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба он иртиботи ногусастанӣ дорад.

Бо файзу баракати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ давра ба давра ба дастоварҳои бузург ноил гашта истодааст. Барои ин зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф ва стандартҳои давлатии таҳсилот, низомномаҳои намунавӣ таҳия шуда истодаанд, ки таҳаввулоти ҷиддиро дар низоми соҳаи мазкур ба вуҷуд хоҳанд овард.

Айни замон лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуда, дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардиданд. Баъди бароардани хулосаҳои зарурӣ санадҳои мазкур барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамзамон, бо мақсади тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти Кумита ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқи зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла низомнома, қоида ва тартиб ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо то охири соли ҷорӣ омода ва дастраси муассисаҳо гардонида мешаванд.

Инчунин, дар ин давра бо як қатор созмону ташкилот, муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ гуфтушунидҳо ба роҳ монда шуда, зиёда аз 7 санади ҳамкорӣ таҳия гардид, ки тасвиби онҳо дар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.

Устодон, омӯзгорон, ҳамкорон, падару модарони арҷманд!

Имрӯз вазифаи муқаддаси мову Шумо тарбияи дуруст намудан, дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардондани фарзандону шогирдон аст. Мову Шуморо зарур аст, ки ҳарчи имкон дорем, онро сарфи донишандӯзии фарзандону шогирдон гардонем, то онҳо аз навгониҳои илму техникаи замонавӣ бархӯрдор гарданд. Ин имкониятро ба мо истиқлоли воқеии Тоҷикистони азизамон додааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст, чун гавҳараки чашм эҳтиром намоем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб Шуморо ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву саодат, рӯзгори осуда, бахту саодат ва дар фаъолиятатон комгориву комёбиҳои беназирро орзу таманно менамоям.

Ҷашни Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

 

2024-08-28 09:25:19

Ифтитоҳи МД «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар шаҳри Душанбе

27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.
Возможно, это изображение 8 человек и текст
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд.
Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад.
Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.
Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Дар маҷмуъ ҳайати омӯзгорон имкон доранд, ки дар нуҳ шуъбаи фаъолияткунанда навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунару истеъдодро ба шогирдон омӯзонанд.

Возможно, это художественное изображение (7 человек)
Возможно, это изображение 8 человек
Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол бунёди иншооти фарҳангӣ, махсусан таълимгоҳҳо, зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар рушди мусиқии тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳисси миллии шаҳрвандон нақши муносиб мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, пудратчӣ ҶДММ «СТС ИНШООТ» мебошад ва корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандис-лоиҳакаш» сурат гирифтааст.
Ба бунёди иншооти мазкур 136 нафар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ анҷом дода шудааст.

Возможно, это изображение 7 человек, скрипка и помост
Возможно, это изображение 6 человек и текст

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки барои дар ояндаи наздик ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои ҳайкалтарошӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва кандакорӣ тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳама нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифгари шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки наврасону ҷавонони дорои ҳунару истеъдод аз дигар муассисаҳо ба омӯзиш дар ин муассиса ҷалб карда шаванд, то аз беҳтарин шароиту имкониятҳои дар ин ҷо фароҳамшуда васеъ истифода намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар барномаи консертии доирнамудаи тарбиятгирандагони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим иштирок намуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки бо истифода аз созҳои мусиқии миллӣ ва муосир, инчунин оҳангу сурудҳои ватандӯстонаву муаррифгари фарҳанги волои миллати тоҷик пешкаш гардид, хеле ҷолибу диданӣ арзёбӣ шуд.

2024-08-27 18:41:26

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪРИХ, МУШКИЛОТҲО ВА КОМЁБИҲО

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ДОРОИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ҒАНӢ БУДА, БАРОИ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ХУД РОҲИ ТӮЛОНӢ ВА ДУШВОРРО ТАЙ КАРДААСТ. ДАВРАИ АЗ ҶУМҲУРИИ СОВЕТӢ БА ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ ГУЗАШТАН, ҲАМ АЗ ВОҚЕАҲОИ АҶОИБУ ПУРХАТАР ВА ҲАМ БО КОМЁБИҲОИ БУЗУРГУ БЕНАЗИР ПУР БУД. ДАР МАРКАЗИ ИН ДИГАРГУНИҲО ҲАМЕША ШАХСИЯТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУД, КИ БО АЗМУ ИРОДАИ ХУД ХАЛҚУ МИЛЛАТИ МОРО АЗ ВАРТАИ НОБУДӢ НАҶОТ ДОДА, БАРОИ БУНЁДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОНИ МУСТАҚИЛ БО ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ НАҚШИ ҲАЛКУНАНДА БОЗИД.

Таърихи миллати тоҷик решаҳои амиқи қадима дорад. Ҳудуди Тоҷикистони муосир макони аввалин тамаддунҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои тавоно ба мисли Бактрия (Бохтар) ва Согдиана (Суғд) буд. Аммо дар асри 20 тақдири халқи тоҷик бо Иттифоки Советӣ алоқаи зич дошт. Соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШС Тоҷикистон) ташкил ёфт, ки ба ҳайати СССР дохил шуд. Дар давоми чандин даҳсолаҳо Тоҷикистон дар шароити сохти сотсиалистйӣ инкишоф ёфт, ки он гарчанде баъзе дигаргуниҳои мусбат ба амал овард, вале ҳувияти миллиро пахш карда, соҳибихтиёрии ҷумҳуриро маҳдуд мекард.
Дар охири солхои 80-ум дар заминаи буҳрони афзоянда дар Иттиҳоди Шӯравӣ чун дар аксари ҷумҳуриҳои дигар ҳаракатҳои миллӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ногузир шуд ва 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти худро расман эълон кард. Вале ин лаҳзаи хурсандибахшро воқеаҳои минбаъда фаро гирифт.
Дарҳол пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон дар остонаи фурӯпошии комил қарор гирифт. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва аз соли 1992 то 1997 идома кард. Ин яке аз душвортарин давраҳои таърихи Тоҷикистон буд. Ҷанг даҳҳо ҳазор нафар одамонро ҳалок кард ва чӣ дар иқтисодиёт ва чӣ дар сохти ҷамъиятии мамлакат ба харобиҳои бузург оварда расонд. Аммо маҳз дар ҳамин давраи душвор дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон як раҳбаре пайдо шуд, ки тавонист мардумро муттаҳид созад ва ба низоъ хотима бахшад.
Моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва баъдан ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ тариқи райъпурсӣ, яъне аз ҷониби халқ расман эътироф шуд. Таҳти роҳбарии у ҷараёни мураккаби гуфтушуниди сулҳҷӯёнаи байни ҷонибҳои мухолиф оғоз ёфт. Соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳи миллӣ ба имзо расид, ки як қадами калидӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар буд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, рохи барқароркунии мамлакатро кушод.
Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар назди Ҳукумати давлат вазифаҳои азими барқарорсозии иқтисодиёт, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва таъмини амният меистод. Мамлакат дар холати харобӣ буд, бисёр ноҳияҳо хароб шуда, қисми зиёди аҳолӣ бе кор ва бе сарпаноҳ монданд. Аммо бо вуҷуди ҳама мушкилот Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд захираҳои кишварро ба кор бурда, шакли идоракунии муассир ва самаранокро ба роҳ монанд.
Ба барқарор намудан ва инкишоф додани хоҷагии қишлоқ, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб меёбад, диққати хос дода шуд. Дар баробари ин кори аз нав барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ ва тараққӣ додани соҳаҳои нави хоҷагии халқ cap шуд.
Имрӯз, беш аз се даҳсола гузашт, ки мо истиқлолият ба даст овардаем ва Тоҷикистонро метавон намунаи бомуваффақияти рафъи душвориҳои давраи гузариш номид. Ба шарофати заҳматҳои роҳбарияти кишвар ва бахусус, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист ба роҳи рушди устувор ворид шавад.
Таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллат як дастоварди муҳим буд. Конститутсия, ки соли 1994 қабул шуда буд, асосҳои рушди демократии ҷумҳуриро мустаҳкам намуда, ислоҳоти сиёсие, ки таҳти рохбарии Пешвои миллат гузаронида шуд, ба мустахкам гардидани сохибихтиёрии давлат ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд.
Дар иктисодиёт низ муваффақиятҳои калон ба даст оварда шуданд. Тоҷикистон ба рушди фаъолонаи гидроэнергетика шурӯъ кард, ки ин имкон дод, на танҳо эҳтиёҷоти дохилӣ ба нерӯи барқ қонеъ карда шавад, балки ба яке аз содиркунандагони пешбари нерӯи барқ дар минтақа табдил ёбад. Сармоягузории калон ба навсозии инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, купрукҳо, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти муҳим равона карда шуд.
Ба инкишофи инфраструктураи наклиёт ва энергетика диққати калон дода шуд. Сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, дар роҳи истиқлолияти энергетикии кишвар қадами муҳим буд. Ин лоиҳа на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин кард, балки барои содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя имкониятҳои нав фароҳам овард, ки мавқеи иқтисодии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам хоҳад намуд.
Ғайр аз ин дар соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ ҳам пешравиҳои калон ба даст оварда шуданд. Ба шарофати ислоҳот дар ин бахшҳо сатҳи саводнокии аҳолӣ қариб ба 100 фоиз расида, нишондиҳандаҳои тандурустӣ хеле беҳтар гардиданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф, ифтитоҳи мактабу донишгоҳҳои нав, инчунин омода намудани кадрҳои соҳибихтисос, ки гарави рушди устувори кишвар дар оянда мебошад, фаъолона маблағгузорӣ мекунад.
Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки истиқлолияти Тоҷикистон натиҷаи мубориза, талош ва фидокориҳои чандинсолаи мардум ва Пешвои муаззами миллат аст. Тоҷикистон бо гузашти беш аз сӣ соли истиқлолият собит кард, ки қодир аст ҳар мушкилиро паси сар кунад ва дар роҳи шукуфоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар на танҳо оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, балки ба роҳи рушди устувор низ дохил шуд.
Тоҷикистонро ҳанӯз мушкилоти зиёде дар пешанд, вале мардуми кишвар метавонанд итминон дошта бошанд, ки Тоҷикистон бо пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон роҳи худро ба суи шукуфоӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ идома медиҳад. Ин комёбихо барои наслҳои оянда, ки дар асоси таҷриба ва муваффақиятҳои солҳои гузашта - ояндаи нав месозанд, заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меоваранд.

ОДИЛЗОДА ИСМОИЛ ЁҚУБҶОН – НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТИБ, ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР”

2024-08-19 08:57:29

ОМӮЗИШИ ЭҲТИЁҶОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ВОБАСТА БА ЭҲТИЁҶОТ ВА ТАЛАБОТИ КОРФАРМОЁН

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, кумитаҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, рушди сайёҳӣ ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, инчунин корхонаву ширкатҳои хусусии ватанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Возможно, это изображение 4 человека, помост и текст
Возможно, это изображение 7 человек и текст
Чорабиниро Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки мизи мудаввар дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” доир гардид. Маврид ба зикри хос аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро дар низоми таҳсилоти касбӣ муайян намуда, муносибатҳои раванди ҳамкории низоми таҳсилоти касбиро дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат танзим менамояд.
Зимни баргузории мизи мудаввар самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита омода карда мешаванд, масъалаҳои талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ гардид. 

Возможно, это изображение 7 человек и костюм
Возможно, это изображение 6 человек

Тибқи таҳлилҳо тӯли 5 соли охир хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳамагӣ 13 дарсад бо ҷои кор таъмин гаштаанд. Ҳарчанд ҳамкорӣ миёни идораву корхонаҳои гуногун ба хатмкунандагони муассиаҳои мо бад нест, масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз мушкилотҳои асосӣ буда, ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Мо асосан хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро ба корхонаҳои давлатӣ бо роҳхат ба кор мефиристем. Дар ин самт мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида истодааст, ки робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, вазъи бо кор таъмин кардани хатмкунандагонро беҳтар намояд.
Бо мақсади беҳтар намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Айни замон, дар назди Кумитаи мазкур 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода мегарданд.

Возможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 3 человека
Возможно, это изображение 5 человек и помостВозможно, это изображение 9 человек

Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳои судманд андешида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) бори дигар ба ин нукта ишора карда, зикр намуданд, ки «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Дар ҷараён доир ба ҳадафу вазифаҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Гуфта шуд, ки Кумита аз давраи таъсис то имрӯз бо беш аз 15 ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ,ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ҳамкориро ба роҳ монда, бо як қисми онҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Возможно, это изображение 6 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 4 человека

Қайд гардид, Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, то бо намояндагони асосии тиҷорат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкории устувор барқарор намуда, рушди малакаҳои ба бозори мувофиқро барои қонеъ кардани талаботи бозори меҳнат ба барномаҳои таълимӣ ворид намуда, ҳамин тариқ, мувофиқати амалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилотро таъмин намоянд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзад, барномаҳои таълимӣ ва курсҳоро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва усулҳои пешрафтаи омӯзиш такмил дода, имконияти бо кор таъмин шудани хатмкунандагонро афзоиш диҳад. Ҳамзамон, маъракаҳои тарғиботӣ, иттилоотӣ ва маърифатиро пайваста амалӣ созад, то ҷомеа аҳамияти таҳсилоти касбиро барои рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон беҳтар дарк намояд.

Возможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 6 человек и текст
Возможно, это изображение 5 человек и текстВозможно, это изображение 2 человека

Дар дар идома мавзуҳои “Муаррифии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;” “муаррифии самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита омода карда мешаванд;” “Баррасии талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;” таҳлилу баррасӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ихтисосу касбҳои худро муаррифӣ намуданд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷӣ, ки дар мизи мудаввар иштирок доштанд, талаботҳои худро ба роҳбарони муассисаҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб иброз доштанд.

Возможно, это изображение 5 человек и костюмВозможно, это изображение 5 человек и помост
Возможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 1 человек, помост и текст «KИИ No28»

2024-08-19 08:22:31

Тағйироти кадрӣ

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҷамшед ва Абдуллозода Саидасрор ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асозода Нуралӣ Муовини якуми вазири кишоварзӣ таъин карда шуданд.
Возможно, это изображение 12 человек, помост и текст

        Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Салимзода Салим сардори раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зулфия сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирзода Маҳмуд сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Сайазам сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арабзода Хуршед сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Тоҷиддин муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Собирзода Фарҳод директори корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Возможно, это изображение 10 человек
Возможно, это изображение 12 человек и текст

        Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ Вализода Одинашоҳ аз вазифаи сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
        Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъин карда шуданд.

Возможно, это изображение 2 человека и текст
        Зимни суҳбат бо кадрҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят намуданд.
President.tj

2024-08-13 09:01:34

Суҳбати телефони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида

        Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Фумио Кисида бо ибтикори он ҷониб баргузор гардид.
        Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон дар робита ба заминларзаи шадиде, ки чанде пеш дар Ҷопони дӯст рух дода буд, ҳамдилӣ ва дастгирии худро изҳор доштанд.
        Сипас, Пешвои миллат дарки ҷониби Тоҷикистонро аз тасмими ба замони дигар гузаронидани вохуриҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, ки ба наздикӣ ба нақша гирифта шуда буданд, таъкид намуд.
        Дар раванди суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ намуда, омодагии худро барои идомаи тамосҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи онҳо тасдиқ карданд.
        Ҳамзамон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

2024-08-13 08:57:46

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхе

        12 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд.
        Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ ва нақшаҳои ояндаи муштарак баррасӣ шуд.
        Тавре зикр гардид, ин ширкат дар Тоҷикистон ба истеҳсоли мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга машғул буда, дар корхонаҳои он беш аз 2700 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор мебошанд.
        Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории барои иқтисоди кишвар муҳим истиқбол менамояд.
        Изҳори бовар карда шуд, ки ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои ширкат дар Тоҷикистон ояндаи наздик то ду баробар афзун мегардад.

2024-08-09 15:20:35

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРИИ ШАШУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

        9 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

        Дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.

Возможно, это изображение 5 человек, отдел новостей, помост и текст

        Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақаро баррасӣ намуданд.
        Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.
        Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешравии ҳамкорӣ дар минтақа давоми шаш соли охир изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамаи онро самараи азму иродаи қавии сиёсии роҳбарони кишварҳо унвон намуданд.
        Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи ягонаи ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 12 человек, помост и текст
        Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар вохӯриҳои машваратии гузашта зиёда аз сад пешниҳод ва ташаббус ба миён гузошта шуд, ки мавриди баррасӣ қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд. Татбиқи ҳар яки он иқтидори рушди муштаракро зиёд мекунад.
        Дар давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт.
        Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллари амрикоӣ расад.
        Аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки нахустин вохӯрии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
        Дар доираи вохӯриҳои машваратӣ ҳар сол баргузор намудани намоишгоҳҳои – “Экспо-Осиёи Марказӣ” низ муфид арзёбӣ гардид.
        Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергетикаи “сабз” заминаи калидии рушди иқтисоди “сабз” дар минтақа номида шуд.
        Дар пасманзари афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки шаклҳои нави самараноки ҳамкорӣ дар соҳаи амният тарҳрезӣ гардад.
        Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки механизмҳои ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шавад.
        Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои зерин қабул гардиданд:
- Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
- Консепсияи рушди ҳамкории минтақавии «Осиёи Марказӣ-2040»;
- Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027;
- Қарори Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ «Дар бораи мукофотонидани Мирзиёев Ш.М., Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»;
- Нақшаи ҳамкории саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2027;
- Ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ;
- Баёнияи Остонаи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
- Баёния аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ.
        Қисмати дуюми нишаст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шуда буданд ва намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Каха Имнадзе баргузор шуд.
        Ҳамчунин бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ бо “Нишони фахрӣ”-и Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуд.
Возможно, это изображение 3 человека, помост и текстВозможно, это изображение 7 человек, помост и текст