Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМ - РОҲНАМОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
single-product

ПАЁМ - РОҲНАМОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

2024-12-28 18:16:30

Паёми Пешвои миллат санадест, ки дар он нишондиҳандаҳо ва самту равиши тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни мамлакатамон таҳлил карда мешавад. Ин ҳуҷҷати муҳим таконбахши пешрафт ва инкишофу тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакати азизамон маҳсуб меёбад.

Боиси тазаккур аст, ки таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар Паёми имсола ироа гардиданд, аҳли кормандони соҳаро барои боз ҳам бештар ва дар сатҳи баланд омӯзонидани мутахассиони касбҳои коргарӣ ва тайёр намудани мутахассисони дорои маҳорат, малака ва лаёқати баланди касбӣ водор менамояд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таваҷҷуҳи амиқ намуда, ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва таъмин намудани сокинон бо касб, инчунин аз ҳисоби мутахассисони ҷавон пур намудани ҷойҳои холии корӣ дар корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ки ниёз ба мутахассисони баландихтисос ва дорои донишҳои муосирро доранд, дастур доданд.

Боиси қайд аст, ки тибқи таъкидҳои Пешвои муззами миллат соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳо боз ҳам тақвият бахшида мешаванд. Барои амалӣ намудани ин дастуру супоришҳои мақсаднок ва ояндасози Роҳбари давлат мо - кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дар кору фаъолияти худ ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва бро ин васила, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем

Зикр намудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар дар 65 муассисаи давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёда аз 23000 касбомӯзон ба таҳсил фаро гирифта шуда, барои фаъолият намудан дар коргоҳҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамчун кадрҳои дорои касбу кори гуногун барои фаъолияти меҳнатӣ сафарбар мешаванд.

Ҳамзамон, тибқи дастурҳои дар Паёми имсола ироагардида, бояд дар дар панҷ соли минбаъда шумораи касбомӯзон дар муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 210 ҳазор нафар расонида шавад. Вазифагузории мазкур масъулияти кормандони соҳаро дучанд мегардонад ва мо мекӯшем, ки дар ин самт ҳам ба шумора ва ҳам ба сифати касбомузӣ дар муассиса тадбирҳои бештар андешем.

Мо - кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ҳадафмандона амалӣ намудани вазифа ва дастурҳои Сарвари давлат барои дар марҳилаи нави тараққиёт рақобатпазир будани донишу малака ва маҳорату лаёқати мутахассисон ва омода кардани кадрҳои баландихтисос тамоми сайъу кӯшишамонро ба харҷ медиҳем.

Ҳадафи кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ аз ҳамгиро намудани илм бо истеҳсолот, баробар намудани донишу маҳорат ва малакаи касбии онҳо ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи мутахассисони дигар давлатҳои мутараққӣ, вусъат додани касбияти баланд, таҳияи маводди муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияи рақамӣ ва баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон иборат аст.

Аҳли кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон, бо донишҳои муосир таъмин намудани касбомӯзон, омода кардани мутахассисон аз рӯйи касбу ихтисосҳои гуногун ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакатамон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда самаранок кору фаъолит намуда, нуктаҳои дар Паём зикргардидаро сармашқи кори худ менамоянд.

ҚУРБОНЗОДА Файзиддин Мурод,сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон