
НАҚШИ КИТОБ ВА КИТОБХОНАҲО ДАР ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН
2025-01-02 20:16:03
Китобхонӣ ва китоб дар асри XXI ба унсури муҳими рушди фарҳанги миллӣ
табдил ёфтааст. Китоб манбаи асосии дониш ва таҷриба барои ташаккули ҷаҳонбинии
инсон,бахусус ҷавонон мебошад. Бе мутолиаи китоб рушди маънавиёт ва зеҳни
инсон, ки барои ташаккули шахсият ва дарки амиқи воқеият зарур аст, амалӣ
намегардад. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа
гардид, ба масъалаи таҳкими фарҳанги миллӣ ва худшиносии ҷавонон ишора карда
шуд.
Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин ба
масъалаи бунёди китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва мактабҳои
санъату мусиқӣ таъкид карда, иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар
126 китобхона, 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат ва 20 осорхона
сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳоло онҳо хизматрасонии иттилоотӣ ва
фарҳангиро барои ҷомеа фароҳам мекунанд. Ҳоло дар кишвар китобхонаҳо ба
марказҳои ҳақиқии ташаккул ва тақвияти арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии ҷавонон
табдил ёфта истодаанд.
Миллати
тоҷик аз қадимулайём бо китобхонию китобдӯстии хеш машҳур гардида, гузаштагони
мо, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Аҳмади
Дониш, Садриддин Айнӣ ва ғайра бо осори пурғановати таърихӣ, фалсафӣ, адабӣ ва
маънавӣ худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуданд. Китоб иртиботи байни гузашта, ҳозира
ва ояндаро барқарор намуда, ба ҷомеа, хосса ҷавонон имконият медиҳад, ки дар
тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, фарҳанг, илм, иқтисод ва сиёсат муваффақ бошанд.
Фарҳанги китобхонӣ ба рушди маърифатӣ ва ҳаёти иҷтимоии ҷавонон, инчунин мавқеи
онҳо дар ҷомеа таъсири мусбат хоҳад расонд.
Ҳукумати
Тоҷикистон барои вусъат бахшидани раванди худшиносӣ ва рушди иҷтимоии
шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида, ташкили китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ
дар деҳот ва шаҳру ноҳияҳоро барои тақвият додани маърифати ҷавонон ва рушди
маънавии онҳо рӯи даст мегирад. Фарҳанги китобхонӣ барои тарбияи ахлоқӣ ва
маънавии ҷомеа аҳамияти бузург дошта, дар ин замина китобхонаҳо, ки ба
марказҳои маърифатӣ табдил ёфтаанд, ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва
маърифат, инчунин ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ аҳамияти хос доранд. Бо зиёд
гардидани иншооти фарҳангӣ ва китобхонаҳои замонавӣ, аҳамияти китоб ва китобхона
ҳамчун махзани донишу ташаккули фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи мо афзоиш хоҳад ёфт.
Китоб
дар ҳар давру замон воситаи муҳими омӯзиш, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва афкори мардум
ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат менамояд. Дар
замони имрӯза, ки технология ва воситаҳои нави коммуникатсионӣ ба ҳаёти инсон
роҳ ёфтаанд, китоб то ҳол ҳамчун сарчашмаи муҳим барои ташаккули андешаи
мустақил ва омӯзишу таҳлил боқӣ мемонад. Яке аз роҳҳои муҳими тарбияи ахлоқии
ҷавонон аз тариқи китобу китобхонӣ сурат мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи
китоб барҳақ фармудааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Паёми
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои муҳимтарини рушди китобхонаҳо ва
марказҳои фарҳангӣ ишора намуда, нишон медиҳад, ки давлат ба рушди соҳаи
фарҳанг ва маърифат бо масъулият муносибат мекунад. Иқдомҳои зикргардида барои
таҳкими фарҳанги китобхонӣ, бахусус дар деҳот ва маҳалҳои дурдаст бо мақсади афзудани
дарки амиқ ва дуруст аз аҳамияти китоб дар рушди ақлию маънавии ҷавонон амалӣ
мешаванд.
Солҳои
охир таваҷҷуҳи мардуми тоҷик, хосса ҷавонон ба китобхонӣ афзоиш ёфта, озмунҳои
ҷумҳуриявии китобхонӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташвиқу
тарғиби китобхонӣ ва беҳтар намудани маърифати наврасону ҷавонон аз соли 2019
ба роҳ монда шудааст, дар ин раванд нақши муҳим мебозад.
Тавре
Пешвои миллат дар паёмашон таъкид намуданд: “ Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи
таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар,
хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза,
ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд”.
Китобхонаҳои
замонавие, ки дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва бо технологияҳои муосир
таъминанд, барои ҳамагон имконияти дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотиро фароҳам
меоранд ва китобхонаҳо метавонанд ба марказҳои муҳими ҳамкории байни донишҷӯён,
олимон ва ҷомеа табдил ёбанд, ки дар онҳо сокинони кишвар маълумоти илмӣ
гирифта, арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқии худро такмил медиҳанд. Фарҳанги китобхонӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими рушди маърифат, илм, фарҳанг ва
ватандӯстии ҷавонон эътироф шуда, дар ташаккули наслҳои оянда нақши асосӣ дорад
ва ҷиҳати эҳёи худшиносии миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Саидзода Нурулло, мутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид
ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон