Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ
single-product

ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

2024-12-31 07:40:05

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои халқу мамлакат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат пешниҳод мешавад.

Чун анъана, санаи 28.12.2024 Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро барои мардуми шарифи кишвар ироа карданд, ки дар маҷмӯъ, баёнгари тамоми саъю талош ва корҳои анҷомдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли нави 2025 мебошад.

Агар истиқлолият муқаддастарину азизтарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Президенти ҷумҳурӣ низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Дар ҳар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳими таҳкимии Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд. Агар паёмҳои ҳарсоларо аз назар гузаронем, он нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли он - таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо намудани ҷойҳои корӣ, бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд. Сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароғатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ватани худ кўшишу ғайрат намояд.

Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус дар Паём таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Аз ҳамин ҷиҳат Президенти кишвар дар паёмҳои худ доимо баланд бардоштани обрӯи маориф ва илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд.

Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурда дошта, пас аз истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад. Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисон дар ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад.

Президенти кишвар дар ҳар як Паёму суханпониашон таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони имрӯз танҳо хондану навишта тавонистан нишонаи босаводӣ нест, балки ҳар ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар партави ин даъватҳо мо омӯзгорон бояд насли ҷавонро босавод тарбия намоем ва барояшон талқин намоем, ки саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд ва танҳо бо ин роҳ мо метавонем донишу ҷаҳонбиниро васеъ намоем.

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои соли 2025 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Омӯзиши он нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз баромади Сарвари мамлакат чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар як сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он арзишҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум гардидаанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

НАЗАРЗОДА Маҳмуд Мирзо, директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филология