
ПАЁМ-РАҲНАМО БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
2025-01-03 19:46:34
Паёми
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон " Дар бораи самтҳои
асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санади муҳими
дастурие мебошад, ки самтҳои калидӣ ва афзалияти бунёдии рушди сиёсӣ, иқтосодию
иҷтимоӣ , фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро муайян менамояд.
Паёми
имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиди нек ва боварибахш дар бораи
идомаи қадамҳои пойдор ва рушди устувори кишвар дар шароити пешгуинашавандаи
вазъи ҷаҳонӣ ироа шуда, ҳадафи ниҳоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъмини зиндагии шоиста ба мардум маҳсуб мешавад.
Мусаллам
аст, ки барои расидан ба ин ҳадаф аҳли ҷомеа, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи
кишварро мебояд, ки софдилона барои ободии Ватан саъю талош варзанд.
Сарвари
давлат аз пешрафти ҳамаи соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин барои рушд
бахшидани иқтисоди миллӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи зеҳнӣ, дастгирии
ҷавонони болаёқат, вусъат бахшидани ҷараёни навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши
забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.Ҳамчунин рушди илму маориф ва
таҳсилоти касбӣ дар меҳвари Паёми Пешвои муаззами миллат қарор гирифт.
Воқеан ҳам ба сураъти кайҳонӣ пеш
рафтани раванди технологияи муосир, ба ҷои аввал баромадани нерӯи зеҳнӣ, дар амал
татбиқ шудани додугирифти иттиллоот ва аз байн бурдани ҳокимияти беқоғаз ҷомеаи
ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат барномаи амали омӯзиширо дигар
кунанд.
Пешвои
муаззами миллат дастоварди кишварамонро дар суръатбахшии рақамикунонии ҳама соҳаҳо,
дастгирии истеҳсолӣ, пурқувват намудани базаи моддиву техникӣ, амалан татбиқ
намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот мебинанд.
Аз
ҷониби Сарвари давлат дар баробари эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва
рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамчунин эълон
шудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои
вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои
технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт таккони бузург мебахшад.
Дар амалишавии ин дастурҳои созанда мо –
масъулони тарбияи кадрҳои соҳибтахассусро мебояд, ки нақшаву барномаҳои
таълимиро мутобиқи меъёрҳои муосири таълимӣ омода сохта, истифодаи босамари
технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии
омӯзгоронро ба роҳ монем. Зеро ҳамонтавре, ки дар Паём ишора гардид. “Тайёр
намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои
тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.”.
Воқеан
ҳам, агар мо хоҳем, ки насли босаодат аз лиҳози дониш пешрафта шогирдонро омода
кунем, бояд пеш аз ҳама шароити таълимро хуб намоем, пойгоҳи моддиву теникиро
пурқувват созем. Ҳамкориро бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ густариш бахшем.
Гузашта
аз ин аз ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар мавриди ҳавасмандсозии
донишҷӯёни фаъол дар амал пиёда созем. Дар муассаи мо ҳамасола беҳтарин
донишҷӯён сазовор қадр мешаванд, аммо пас аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари
давлат бояд ҳар як устод шогирдони хуберо тарбия намуда, барои хоҷагии халқи
кишвар фиристад. Яъне нерӯи зеҳнии ҷавононро бояд мо таҳрик бахшем, он гоҳ
ҳамон тавре Сарвари давлат ишора намуданд, мо метавонем барои пешрафти
Ватанамон умедвор бошем.
Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар,
неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот,
устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва миёнаи
касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз
ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву
техникӣ ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ дар сиёсати
хирадамандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад.
Зеро
рушди маънавиёт ва пешрафт аз ислоҳоти бомароми маориф, рушди бонизом ва воқеии
илм, татбиқи Консепсияи миллӣ, устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои
милливу ватандӯстона, ҳифз намудани шаҳрвандон аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ
ва бегонаву ифротӣ сарчашма мегирад.
Роҳбари
давлат дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷўҳ намуда,
дар бисёр баромад ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала
эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани
тадбирҳои зарурӣ, ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани
мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд.
Дигар аз
иқдомоти наҷибе, ки мо онро ҳамеша дар мадди назар гирем, ин омӯзиши забонҳои
хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ин падида дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои
байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо хориҷи наздику дур чун
обу ҳаво зарур аст. Дуруст аст, ки ҷавонони мо худ майлу рағбати омӯзиши
забонҳоии хориҷиро доранд. Аммо дар раванди таълим эътибор додан ба омӯзиши
забонҳои хориҷӣ бар манфиати кор аст. Махсусан ба донишҷӯёне, ки дар риштаҳои
тиббӣ таҳсил мекунанд, бояд забономӯзиро ба мадди аввал гузоранд. Зеро
аксарияти адабиётҳои таълимӣ бо забонҳои хориҷӣ таълиф ёфтаанд. Гузашта аз ин
номгузории дорувориҳо ва таркиби он низ бо забонҳои хориҷӣ навишта мешаванд.
Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ
ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин вaзифaи ҷонии мо-намояндагони
соҳаи маорифи мамлакат ин aст, ки дaр посдорию устуворсозии Истиқлоли миллӣ
доимо ҷидду ҷaҳд нaмоем вa ин дaъвaти вaтaндӯстонaи Пешвои миллaт муҳтaрaм
Эмомaлӣ Рaҳмонро ҳaмешa дaр хотир доштa бошем: «Мо бояд минбaъд низ сaрҷaмъу
муттaҳид бошем, неъмaти қимaттaрини зиндaгиaмон – истиқлолу озодиро ҳимоя
кунем, дaстовaрди бузургтaрини дaврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ вa
вaҳдaти миллиро боз ҳaм тaқвият бaхшем».
Имрӯз
саодате барои мо даст додааст, ки фурсатро ғанимат шуморем ва дар тарбияи
маънавӣ ва илмии наслҳои соҳибиқбол кӯшиш намоем.
МАВЛОНЗОДА Алимат Ҳақбердӣ,
директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ,
номзади илмҳои тиб.