Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМИ - ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ
single-product

ПАЁМИ - ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

2025-01-03 19:45:34

 (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28.12.2024)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсозу таърихӣ, дастури корӣ ва рӯйимизии сокинони кишвар ба ҳисоб меравад.

Имсол низ 28-уми декабри соли 2024 мо шоҳиди бузургтарину муҳимтарин рӯйдоди сол, баргузории Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ будем. Паёме, ки роҳнамои фардои ҷомеа буда, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро ба суйи комёбиву дастовардҳои беназир ҳидоят менамояд. Дар ҳақиқат, тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар қабл аз ҳама шаҳодати ихлосмандии тоҷикону тоҷикистониён нисбат ба Пешвои миллат мебошад. Зеро ҳама сокинони кишвар пайваста кӯшиш менамоянд, то аз дастовардҳои солонаи кишвари азизамон бохабар бошанд.

Паём - ин таҳлили фаъолияти дастаҷамъонаиҲукумати кишвар дар як сол зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад. Ироа гардидани Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба мардум яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар таърихи давлатдории мо аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Агар ба таърих назар кунем, аз Эъломияи Куруш то эъломияи амирони Сомонӣ ҳама паёмҳо буданд, ки ба хотири зиндагии ободу озодии мардум нигаронида шуда буданд. Имрӯзҳо Паём як рукни давлатдории ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст. Соле як маротиба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон ироа мекунанд, ки нишонаи волои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Метавон гуфт, ки Паём хирадномаи сиёсии Пешвои миллат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки он ормонҳои миллӣ ва стратегияи минбаъдаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат ҳам дар дохили ҷомеаи кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ дорои аҳаммияти бисёр муҳим мебошанд. Зеро дар ин паёмҳо, дар баробари сиёсати дохилӣ, ҳамчунин сиёсати хориҷии давлати тоҷикон, роҳи интихобнамудаи кишвар, арзишҳои миллӣ, равандҳои демократӣ ва садҳо далелҳои дигар вобаста ба самтҳои мухталифи ҳаётӣ мавриди таҳлили васеъ қарор мегиранд.

Метавон гуфт, ки паёмҳои ҳамасолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ дорои аҳамияти баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маънавию фарҳангӣ буда, муҳимтарин ҳуҷҷати раҳнамо барои ояндаи дурахшон дониста мешаванд. Имрӯз асоси иқтисодии ҳар кишварро дониш ва дастовардҳои техникиву технологии илмӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Паёми имсолаашон Президенти кишвар махсус соҳаи маориф ва таҳсилоти касбиро дар авлавияти сиёсати худ қарор доданд. Зеро бе рушди маориф ва таҳсилоти касбӣ донишҳои навини илмӣ кишвар наметавонад ба рушди босубот ворид гардида, мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқро танҳо муаллимон ва омӯзгорони фидокору сарсупурдаи миллат тарбият менамоянд.

Дар меҳвари Паёми имсола чун ҳамешагӣ соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ ҷойгоҳи хосаро касб намудааст. Зеро аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Президенти кишвар интихоб гардиданашон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо ҳидоят ва заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз кӯдакистон то мактабҳои олӣ, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Ҳамасола, дар кишвар иншоотҳои гуногуни соҳаи маориф аз қабили боғчаву кӯдакистонҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо, литсею коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва шуъбаву раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар доираи сафарҳои кории Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ифтитоҳ мегарданд.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз рӯй овардан ба мактаб ва низоми маориф ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар баромадашон қайл намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам». Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳангоми ироаи ин сатрҳои меҳрбору самимӣ ҳисси ифтихорангезе вуҷуди ҳар омӯзгори асил ва ҳар шахси худшиносу ватандӯстро фаро гирифта буд. Ҳамасола бунёд кардани садҳо муассисаи таълимии замонавӣ ва баргузории мулоқоти Сарвари кишвар бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён нишонаи арҷгузорӣ, эътимод ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳиму тақдирсози ҷомеа мебошад.

Пешвои маорифпарвари миллат дар Паёми солонаашон, ҳамзамон қайд намуданд, ки «Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Ҷавобан ба ин бовариҳои пайвастаи Пешвои миллат мо кормандони соҳаи таҳсилоти касбиро зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, талошҳои ҳамаҷониба намоем.

Дар заминаи ҳидоятҳои арзишманди Роҳбари давлат дар роҳи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар ҳар яки мо вазифадорем, ки боз ҳам аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ амалан фаъолияти густурда намоем.

Мо низ шаҳрвандони бонангу ори кишвар, бахусус оӯзгорон бояд бо назардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, Ватани соҳибихтиёри маҳбубамонро дӯст дорем ва ба он содиқ бошем. Тамоми сайъу талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфӯзу эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

Мо-кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ Паёми солонаи Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд андешида, ҷавобан ба ин ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат талошҳои ҳамаҷониба намоем.

Тоҳир Одилов-мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ