
ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2024-12-31 07:41:31
28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нави Парламенти кишвар ироа
гардид. Мо шоҳиди он шудем, ки ин Паём ҳамчун роҳнамо ба як соли оянда ва
пайғоми нек ба самъи мардуми кишвар расонида шуд. Дар ин суханронӣ рушди
минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, махсусан соҳаи маориф
мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Пешвои
миллат дар Паём соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маорифро, ки чун соҳаи меҳварӣ зери
диққати махсус қарор дорад, доир ба масъалаҳои таҷдиди назар кардани стандарт
ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони
забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари
технологияҳои рақамӣ, усулҳои нави омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии
омӯзгорон, бунёди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани шароити таълим, таҳсили
донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шароити иҷтимоии
омӯзгорон ва зиёд намудани маоши онҳо, тақвият бахшидани корҳои илмӣ, зиёд
намудани шумораи олимони соҳа ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба риштаи таҳлил
кашида, баҳри рушду нумуи соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Бо
мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият
бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1 сентябри
соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи
умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои
соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти
қудратӣ, ҳокимият, идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин,
стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Маврид
ба зикр аст, ки инкишофи минбаъдаи соҳаи таҳсилоти касбӣ ва дурнамои он яке аз
ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба ҳисоб меравад. Доир ба бунёди иншооти соҳаи таҳсилоти касби ва
маориф, инчунин сохтмони муассисаҳои нави таълим ҷиҳати фарогирии кӯдакону
наврасон Пешвои миллат пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Доир ба ин масъала дар
Паёми муждарасон 28 декабр Сарвари давлаи дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда
бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи
гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800
муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша
гирифта шавад.
Аз Паёми
Пешвои миллат бармеояд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маориф ҳамчун заминаи
асосии рушди давладторӣ давра ба давра инкишоф ёфта истодааст. Маблағгузорӣ ба
ин соҳаи афзалиятнок сол ба сол афзоиш ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин
масир гузоштани қадамҳои устувор идома доранд.
ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент