Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > РУШДИ КИШВАР ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА
single-product

РУШДИ КИШВАР ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА

2024-12-31 07:45:58

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 бори нахуст дар толори нави Парлумони кишвар ироа гардид ва ба шакли мустақим аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ пахш шуда, ба мардуми кишвар расид.

Дар ин Паём Пешвои муаззами миллат масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз қабили саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, касбомӯзӣ, ҷавонон, занон, варзиш ва муносибатҳои байналмилариро баррасӣ намуданд. Дастовардҳои кишвар дар ин самтҳо арзёбӣ гардида, Сарвари давлат мушкилот ва роҳи ҳалли саривақтии онҳоро низ баён намуданд. Ин Паём имкон медиҳад, ки барномаҳои давлатӣ барои татбиқи стратегияи миллӣ ва ислоҳот дар солҳои оянда мушаххас карда шаванд.

Дар Паёми худ Президенти Тоҷикистон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандаго роҳандозӣ карда истодааст ва натиҷаи ҳамин аст, ки соли 2024-ум ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда болотарин дар сатҳи ҷаҳони муосир аст.

Мувофиқи омори дастрасгардида рушди ММД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Казоқистон ва Қирғизистон 5,0% ва 4,5% мебошад. Рушди ММД-и Ҷумҳурии Арманистон, ба суръати 5,7% баробар буда, суръати рушди ММД дар Федератсияи Россия тақрибан ба 2% баробар аст.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ бисёре аз иқтисодиёти кишварҳои пешрафта бо суръати хеле пасттар рушд мекунанд, масалан Иёлоти Муттаҳида бо тақрибан 2,5% ва минтақаи евро бо тақрибан 0,5% рушди худро дар соли 2024 таъмин намудаанд. Пас, ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳуории Тоҷикистон дар ин самт муваффақ ва динамикаи фаъолияти иқтисодӣ мусбат буда, дурнамоҳо ва стратегияҳо дар ин маврид самараноканд. Ин нишондод бори дигар нишон медиҳад, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, ки роҳкушову роҳнамои ҳамаи самтҳои фаъолият ва ҳаёти кишваранд, иқтисоди мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди замони муосир ва чолишҳои гуногун бомуваффақият рушд менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар Паёми худ Пешвои миллат масъалаҳои муҳимтаринеро, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо таъкид намуда, доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ин дастурҳо хеле муҳим ва талаби замон буда, дар асре, ки онро асри технологияҳои абарқудрат ва абарзуддӣ меноманд, бе истифодаи ин технологияҳо дар ин самтҳо рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин намудан душвор мебошад. Аввалан, рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва мудириятӣ-маъмурии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат намуда, он метавонад ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва хидматҳои бештару сифатноктар оварда расонад.

Баъдан, ракамикунонӣ дар самти хидматрасониҳои давлатӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ метавонад шаффофиятро афзоиш диҳад. Системаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосири идоракунӣ имкон медиҳанд, ки шаҳрвандон ба осонӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Инчунин, рақамикунонӣ маҳоратҳои заруриро дар бозори меҳнат тағйир медиҳад ва тақозо мекунад, ки кормандон дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, алоқа ва дигар соҳаҳои вобаста ба технология омӯзиш бинанд. Ин раванд метавонад ба эҷоди шуғлҳои нав ва афзоиши даромади кормандон оварда расонад.

Ҳамзамон, рақамикунонӣ имкониятҳои баробар барои дастрасӣ ба маълумот ва хидматрасониҳоро барои ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла гурӯҳҳои камбизоат ва аҳолии минтақаҳои дурдасти кишвар фароҳам меорад. Ин метавонад ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди сифати зиндагии умумии аҳолӣ мусоидат намояд. Аз тарафи дигар, рақамикунонӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои табиӣ метавонад ба истифодаи самаранок ва пойдори захираҳои табиӣ кӯмак расонад. Системаҳои назорати рақамӣ метавонанд истеъмол ва талафоти энергияро кам карда, самаранокии энергетикиро беҳтар созанд.

Дар маҷмӯъ, рақамикунонӣ дар кишварҳои рушдёбандаву рушдкарда нақши муҳим дошта, метавонад дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба пешрафту рушди устувор мусоидат намояд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати рақамикунонӣ дастур ва супоришҳои мушаххаси худро доданд. Боварии комил дорем, ки ин дастурҳо сари вақт ва босифат иҷро шуда, рақамикунонӣ ба афзоиши буҷети давлатӣ ва тавъам бо он ба боз ҳам беҳтар гардидани ҳифзи иҷтимоӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Масъалаи дигар ин зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба он таъкид намуданд. Зеҳни сунъӣайни замон вазифаҳоеро, ки маъмулан талаби зеҳни инсонӣмебошад, бо суръати баланд иҷро мекунад. Ин вазифаҳо метавонанд аз таҳлили додаҳо ва омӯзиши мошин то шинохти садо ва симоҳо иборат бошанд. Ин технология дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз тандурустӣ ва маориф сар карда, то истеҳсолот ва хизматрасонии муштариён истифода мешавад.

Зеҳни сунъӣ айни замон имкониятҳои зиёдеро барои рушди кишварҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳод менамояд. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад дар соҳаи тандурустӣ барои ташхис ва табобати бемориҳои мураккаб, беҳтар намудани идоракунии захираҳои тиббӣ ва назорати саломатии аҳолӣ истифода шавад ва он метавонад ба коҳиш додани хароҷоти тандурустӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба хидматҳои тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст кӯмак расонад.

Дар кишоварзӣ барои истифодаи самаранок ва кӯмак ба кишоварзон дар интихоби беҳтарин вақт ва усулҳои кишту парвариши маҳсулот зеҳни сунъиро истифода намудан имконпазир буда, ин технология метавонад ба афзоиши ҳосилнокии замин ва коҳиши талафот дар занҷирҳои таъминот мусоидат намояд.

Ҳамчунин, зеҳни сунъӣ метавонад дар ҷараёни таълиму тарбия истифода бурда шавад, ки он алгоритмҳои тарзи омӯзиши инфиродии ҳар як шогирдро авввалан тартиб медиҳад ва баъдан беҳтар месозад, ки ин амал ба болоравии сифати таҳсилот ва сатҳи дониш мусоидат менамояд. Зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯӣ ва муқобилият бо офатҳои табиӣ, аз қабили сел ва заминларза, истифода шавад.

Таҳлили додаҳои калон ба масъулин имконият медиҳад, ки вокунишҳои зуд ва самаранокро таҳия кунанд, ки метавонад инсонҳоро наҷот дода, хисоротро кам кунад. Дар бахши молия ва бонкдорӣ зеҳни сунъӣ барои таҳлил ва пешгӯии амалиётҳо дар бозорҳои молиявӣ ва асъорӣ, идоракунии хавфҳо ва мубориза бо фиреб дар системаҳои пардохт истифода мешавад. Ин метавонад ба муътадилии вазъи иқтисодии кишвар ва коҳиши фасод дар системаҳои молиявӣ мусоидат намояд. Дар умум, истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишвар метавонад ба беҳтар шудани сифати ҳаёт, коҳиши рушди устувори иқтисодӣ ва болоравии сатҳи иҷтимоӣ мусоидат намояд. Вобаста ба гуфтаҳои боло амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои созанда, бунёдкорона ва дурандешонаи Пешвои миллат дар ин маврид зарур ва саривақтӣ аст.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ин вазъи соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он буд. Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамин тавр, Сарвари давлат вазъи соҳаро таҳлил намуда, нишондодҳо ва рушди онро бо рақамҳо ва далелҳои мушаххас баён намуданд.

Таъкидашон бар он буд, ки танҳо низоми пешрафтаи маориф метавонад рушди тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро таъмин намояд. Донистани техникаву технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти кишвар дар ин маврид буданд.

Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд» ва илова намуданд, ки «аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».

Дар фарҷом иброз намуданием, ки мо бори дигар аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа гардид, як таҳлили пурра, баррасӣ ва масъалагузориҳои мушаххасро ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар шунидем ва вазифаи минбаъдаи ҳар як шаҳрванди кишвар, шуруъ аз аъзои Ҳукумати мамлакат то фарди охирин он аст, ки агар мо Тоҷикистони пешрафта, рақобатпазир, дар арсаи байналмилалӣ шӯҳратёфта, зиндагии тинҷу осоишта ва ояндаи дурахшони давлату миллат, алалхусус насли наврас ва фарзандони худро мехоҳем, содиқона ва поквиҷдонона ҳамин дастуру ҳидоят ва раҳнамоиву насиҳатҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро иҷро намоем ва боварӣ дорам, ки муваффақ хоҳем шуд.

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики АМИТ