
ПАЁМ – РОҲНАМОИ ОМӮЗГОРОН
2024-12-31 07:43:58
28-уми
декабри соли равон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи
самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар ироа гардид. Аз Паёми имсола бармеояд, ки
таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвар ба халқу миллат ҳамеша ҳаст ва доим дар фикру
талоши беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошанд.
Паёми
навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарор дар марҳалае ироа гардид, ки
барои мардуми шарафманди кишвари азизамон, Тоҷикистон, воқеан ҳам, марҳалаи
таърихӣ аст, зеро халқи саодатманди тоҷик имсол 30-юмин солгарди таъсисёбии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи кишварро
бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ таҷлил намуданд.
Пешвои
муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати
дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуданд. Паёми
навбатӣ аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва
иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои
абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати
арзишманд ва ҳидоятсози мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди
фаъолоияти манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду
саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот,
тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва
сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт, махсусан ҷиҳати дурнамои фаъолияти
омӯзгорон.
Тавре ки Сарвари давлат иброз доштанд,
“ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш
таъмин мекунад”. Воқеан ҳам, ҳеҷ як кишвари рӯйи оламро бе соҳаҳои маорифу
таҳсилот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии
омӯзгорону донишмандон дар ҷомеаи имрӯза насли босавод тарбия ёфта истодааст.
Инчунин,
дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди иқтисод, саноат,
энергетика, роҳу нақлиёт, амният, мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ,
фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи
хоса зоҳир намуданд ва бо ҳамин мақсад солҳои 2025 - 2030- ро “Солҳои рушди
иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.
Ин иқдом шаҳодат аз он медиҳад, ки
роҳбарияти олии кишвар ташаббускори он ҳастанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли
дигар давлатҳои пешрафтаи дунё дорои шароиту имкониятҳои хуб барои зист ва
фаъолият бошад. Чуноне ки Сарвари давлат қайд карданд, халқи тоҷик мисли дигар
миллатҳо ҳуқуқ ба зиндагии шоиста дорад.
Ҳамин
тавр, мо омӯзгоронро зарур меояд, ки нисбат ба ин ҳама ғамхории роҳбарияти
мамлакат бетараф набуда, беш аз пеш, ҷаҳду талоши зиёд карда, саҳми арзандаи
худро дар рушду инкишофи кишвар ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ҷавонон
саҳмгузор буда, онҳоро дар ҷодаи ватандӯстиву меҳанпарастӣ роҳнамун созем.
Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор,
доктори илмҳои педагогӣ