
ТАВАҶҶУҲ БА ОМӮЗИШИ КАСБУ ҲУНАР ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2024-12-28 18:24:11
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ “Дар бораи
самтҳои асосии сиёссати дохилӣ ва хориҷӣ” ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари
дигар масъалаҳои муҳиму ҳалталаб бори дигар ба раванди касбомӯзии ҷавонон
таваҷҷуҳ намуданд.
Сарвари
давлат ҷавононро қишри
фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, таъкид
карданд, ки дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор
намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг
ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи
вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Ба зикри
Пешвои миллат маҳз ҷавонон масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба
дӯш хоҳанд гирифт, чунки давлату ҳукумат минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи
боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳад кард, зеро ояндаи миллату давлат
аз онҳо вобаста мебошад. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони ватандӯсти мо
минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши
навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи
кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар
Паёми навбатии Сарвари давлат таъкид гардид, ки имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои
техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои
кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи
таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Бар замми
ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуд, ки
ҷиҳати дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии
мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбир андешад. Яъне, дар панҷ соли оянда дар ҳамаи
муассисаҳои касбомӯзӣ беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар
ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.
Бояд
гуфт, ки дар асоси дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон бобати эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ,
арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ,
таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ, паст кардани
сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир дар муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддату марказҳои ҳунармандӣ таъсис ёфта,
дар ин раванд намудҳои ҳунарҳо рушд ёфта истодаанд.
Бо ин мақсад
дар самти касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба
малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзии худкифо соли 2021 «Барномаи
касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия шуда, имрӯз тавассути
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба
тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта
шуда истодаанд.
Ҳамин
тавр, муҳимтарин тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати
ҷавонону наврасон аз хатарҳои замони муосир имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб
фаро гирифтан дар муассисаҳои касбӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир
мебошад, зеро ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба наврасону ҷавонон имкон
медиҳад, ки аз вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлӯҳои
гуногуни табиати инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу
ҷиноятпеша огоҳи пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон,
бо донишу касбии зарурӣ наврасону ҷавонон синну соли қобили меҳнат метавонанд
ба кори мувофиқ машғул гарданд.
Мавриди
зикр аст, ки масъалаи касбомӯзонӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат,
хоса Пешвои миллат қарор дошта, ҷиҳати васеъ намудани доираи касбҳои
омӯхташаванда ва таъсис додани касбҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ мунтазам корбарӣ шуда истодааст.
Ислом
ҲАВАСХОНЗОДА,
сармутахассиси
Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии
Кумита
оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон