
ПАЁМ РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ МОСТ
2024-12-28 18:17:58
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва
муайянкунандаи самти сиёсату давлатдорӣ буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию
иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти
тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон
мебошад. Дар воқеъ, он ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ
мекунад.
Дар Паёми
имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар
пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар
ба муҳтавои Паёми навбатӣ эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши
ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои
ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.
Дар Паёми
имсола бисёр масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа аз кабили инкишофи минбаъдаи соҳаи
саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби
шаҳрвандони бешуғл ба касбомӯзӣ, дастгирии соҳибкорӣ, боло бурдани маоши
кормандони илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,
ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии
ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи
кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо
вазифагузорӣ карда шуд.
Масалан, бо
мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид
барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат эълон карданд, ки ба
ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои
мақомоти андоз, то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
Ҳамзамон,
Сарвари давлат эълон карданд, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли
неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ
дар кишвар пурра бартараф гардида, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ
ноил мегардад.
Бояд гуфт, ки
бунёди иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли
энергетикии Тоҷикистон нақши бузург мегузорад, зеро «Роғун» беназиртарин тарҳи
гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот дар
татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии мамлакат имконияти хуб пайдо
мешавад. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин
иншооти бузург назир надорад.
Инчунин, ҷиҳати
вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти
технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон аз ҷониби
Президенти кишвар “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда
шуданд.
Хулоса, бо такя
ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни
ироаи Паём баён гардид, бояд гуфт, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди
замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба
зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро
мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат
кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд,
фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ, моро
мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати
ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.
Дилшод
ДАВЛАТШОЗОДА,
сармутахассиси
шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон