
ЗАНОН - НЕРӮИ БУЗУРГУ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА
2025-01-02 20:19:07
Зан - Модар дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад, зеро иффату
зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хосси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон
таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба
маърифатнокишавии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа
пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон
медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои хонавода
маърифатнок тарбият ёбанд.
Ин
талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин, ба хотири
устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила дар
заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз
он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои
оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ
дошта бошанд. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳаммияти зарурӣ дода
шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат ва муошират омӯзонда мешавад.
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ зимни ирои паёми навбатиашон ба Маҷлси Олӣ иброз доштанд, ки “Мо ба
азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги
ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.
Ин
суханони воло ва саршор аз меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба шахсият ва шаъну шарафи
зан-модари тоҷик зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои
асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2024 садо доданд.
Ин
Паёмро ҳамасола тамоми хурду бузурги кишвар интизорӣ мекашанд, зеро он
пайғомрасони ҳамаи дастовардҳост. Шуруъ аз соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ,
иҷтимоӣ, саноат, энергетика, ҷавонон ва варзиш сайёҳӣ то ба дигар соҳаҳои
дигари афзалиятнок.
Паёми
навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 дар
бинои замонавии Парлумони кишвар ироа гардид, Ҷаноби Олӣ оид ба баланд
бардоштани мавқеи занон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон, эҳтиром ба шахсияти
зан-модар, саҳми бузурги онҳо дар роҳи пешбурди соҳаҳои мухталиф, иштирокашон
дар ҳаёти сиёсиии мамлакат ва таълиму тарбияи насли наврас суханони нек
гуфтанд.
Тавре
Пешвои миллат дар ин маврид чунин қайд доштанд:
“Дар
фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи
хосса дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо
дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан
боло рафтааст”.
Имрӯз
дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбурди ягон соҳаро бидуни иштироки занону
модарон тасаввур кадан номумкин аст. Саҳми онҳо дар ҷомеа ба ҳайси зан-омӯзгор,
зан-табиб, зан-муҳандис, зан-ронанда, зан-рӯзноманигор, зан-ҳомии ҳифзи ҳуқуқ,
зан-роҳбар хеле калон аст.
Сарвари
давлатамон ба ин масъала зимни паёми ахирашон ишора карданд. Аз он ҷумла:
«Ҳоло
дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71
фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон
ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор
бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониашон ба иродаву матонати занону
духтарони тоҷик баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки:
“Мо ба
азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги
ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.
Ёдовар
мешавем, ки баланд бардоштани мавқеи занону бонувон ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои
онҳо масъалаи фундаменталӣ буда, Ҳукумати кишвар, ба вижа Президенти мамлакат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони таъсиси давлати навини Тоҷикистон ба ин
масъала диққати махсуси худро равона караанд. Дар воқеъ дар солҳои
соҳибистиқлолӣ ин масъала тақвият ёфта, таваҷҷуҳи бештар равона шуда истодааст.
Юсупова Сарвинисо, мудири кафедраи фанҳои табиии Коллеҷи омӯзгории шаҳри
Кӯлоб