Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА
single-product

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА

2025-01-02 20:17:33

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низомномаи мукаммали рушди Тоҷикистон буда, дар он самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Паём ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва илмӣ-таҳлилие мебошад, ки дар раванди давлатдории миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок аз ҷониби Презиенти кишвар амиқ таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву роҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.

Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор гирифтани соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ афзалиятнок донистани он ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бунёди литсейҳои касбии техникӣ, коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Мисоли боризи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти рушди таҳсилоти касбӣ таъсиси коллеҷҳои тиббӣ қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад, ки на танҳо падидаи даврони Истиқлоли давлатӣ, балки дастоварди таърихии мардуми кишвар аст.

Дар Паёми худ Президенти Тоҷикистон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандаго роҳандозӣ карда истодааст ва натиҷаи ҳамин аст, ки соли 2024-ум ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда болотарин дар сатҳи ҷаҳони муосир аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди илму маориф ва сатҳи маърифатнокии сокинони кишвар диққати махсус медиҳанд. Дар ин миён Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири масъалаҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии кишвар хеле назаррас мебошад. Паёмро метавон ба ҳайси барнома ва дурнамои соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, саноату энергетика ва фарҳангу санъати кишварамон ном гирифт.

Масъалаҳои марбут ба таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу забондон дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паём махсусан зикр намуданд: “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, рушди муносибатҳои фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархурди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони забондон тақозои замон мебошад. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд”.

Ҳамчунин, дар пайравӣ аз нуктаҳои зикршуда таъкид гардид: "Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд”.

Ҳамин тавр, аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки соҳаи илму маориф ва таҳсилоти касбӣ масъалаи муҳиму афзалиятноки Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, мо аҳли кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ вазифадорем, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии наврасону ҷавонон дар самти тиб, саноат, технология, иттилооту коммуникатсия, сиёсату иқтисодиёт ва фарҳангу тамаддуни миллӣ фаъолияти назаррас дошта бошем, ки мутахассисони соҳибкасбро омода намуда, ба бозори меҳнат равона созем.

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб дотсент