Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙН ВА ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНДОН
single-product

ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙН ВА ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНДОН

2024-12-28 18:33:27

Дар Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад, тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии кишварро, ки тули як соли охир ба роҳ монда шудааст,натиҷагирӣ намуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён менамояд.

Президенти мамлакат дар паёмҳои ҳамасолаи худ пайваста таъкид мекунад, ки эҳтиром ва ғамхорӣ ба падару модар асоси тарбияи дурусти фарзандон ва устувории ҷомеа мебошад. Вай бо ишора ба анъанаҳои миллӣ ва таърихи ғании халқ, ҳамеша ба аҳамияти муносибатҳои хонавода ва эҳтиром гузоштан ба калонсолон, махсусан ба падару модар, таъкид мекунад.

Ба андешаи Пешвои миллат, "қалби пок ва эҳтиром ба падару модар, ки ҳамчун даргоҳҳои инсоншиносӣ ва муаррифии ахлоқ ва хиради инсонӣ мебошанд, яке аз асосҳои тарбия ва эҷоди ҷомеаи солим ва мутамаддин аст." Ин навъ эҳтиром дар Тоҷикистон як анъанаи амиқи фарҳангӣ аст, ки дар раванди тарбияи кӯдакон ва расидан ба ҷомеаи бунёдкори дуруст ба назар мерасад.

«Он меҳрубониҳое, ки Модар ба фарзанд мекунад, ягон кас карда наметавонад” - иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бояд қайд намуд ки заҳмате Модар барои ба воя расидани фарзанд мекашад бояд қадр карда шаванд.

Ҳамин тавр, эҳтиром ба падару модар дар тамоми ҷомиаи Тоҷикистон, тибқи назар ва таъкидҳои Президенти мамлакат, як аз арзишҳои муҳим ва асосии фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба волидайн таъсири мусбат ба рушди шахсият, муносибатҳои оилавӣ ва иҷтимоии инсон мегузорад. Фарзанде, ки ба волидайн эҳтиром мегузорад, ба дигарон низ муносибати дуруст ва ҳурматомез дорад. Ба ҳамин тартиб, эҳтиром ба волидайн фарҳанг ва ахлоқи позитивиииҷтимоиро шакл медиҳад.

Хайрулло Содиқов, сармутахассиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон