Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-12-22 17:49:21

КОНФРОНС ДАР МАВЗӮИ "ПИРЯХҲО ВА ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" БАРГУЗОР ШУД


Дирӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои кафедраи биология конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки васеи олимону устодони донишгоҳҳои вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Нахуст, Турдибой Турдиев, мудири кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи "Табиати пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои локаликунонии деградатсияшавии онҳо" маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби устодони кафедра Барноҷон Розиқова дар мавзӯи " Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо", Сангиной Ҷӯраева оид ба " Пиряхҳои Тоҷикистон" , Марҳамат Ҳомидова дар мавзӯи " Пайдоиши пиряхҳо"ва Гулчеҳра Қосимова дар мавзуи " "Тағйирёбии иқлим ва хатари аз байн рафтани пиряхҳо" маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво ироа гардид.

Дар интиҳо аз ҷониби донишҷӯён оид ба пиряхҳо маълумотҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардид.

2024-12-22 17:47:44

МАҲФИЛИ ФАННӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯИ ЁВОН


Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон масъалаи ба роҳ мондани тадбирҳои судманд дар самти амалишавии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" хуб арзёбӣ гардида, мунтазам дар ин ҷода аз ҷониби дар кафедраи табиӣ-риёзӣ чорабиниҳо анҷом дода мешаванд.

Дар ин замина, дирӯз дар кафедраи мазкур, бо ташаббуси омӯзгори кафедра Воҳидова Фарангис, аз фанни "Алгебра", бо донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси "Кори ҳамширагӣ" маҳфили фаннӣ гузаронида шуд.

Маҳфили фаннӣ хуб арзёбӣ гардида, аъзои маҳфил бо нозукиҳои фанни болозикр шинос гардида, маҳорати худро нишон доданд.

2024-12-20 18:26:37

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АНҶУМАНИ ХV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.

Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.

Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.

Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд. Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.

Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.

Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.

2024-12-20 18:22:05

ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар мавзӯи пешгирии коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар кори вохӯрӣ директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Сафарзода Ҳамза Сафар сарнозири Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман ва устодону кормандони муассиса иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами пешгирии зуҳуроти коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ ва нақши ҷавонон дар мубориза бо ин падидаи номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Акрамзода Ёсуман оид ба сиёсат ва тадбирҳои давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд дар пешгирии ин зуҳурот саҳмгузор бошанд.

Иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, роҳҳои пешгирии хавфҳои коррупсионӣ муҳокима гардиданд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷавонон яке аз роҳҳои муассири мубориза бо коррупсия мебошад.

Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор шуда, аҳамияти ҳамкории наздик байни сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои таъмини шаффофият ва адолат дар ҷомеа махсус зикр гардид.

2024-12-20 18:16:33

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ КАМ ГАРДИДАНИ ҶИНОЯТУ ҶИНОЯТКОРӢ

 (Андешаҳо доир ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024)

“Мақсад аз қабули қарор дар бораи соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад. Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Он қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс, воситаи наздик гардондани ҳар як узви ҷомеа бо арзишҳои ҳуқуқии умумиэътирофшуда ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқӣ омили муҳими рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу иқдомоти беназири худ барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгору маънавиёти аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд, ки воқеан ҳам, шоистаи таъкиду тавсифанд. Яке аз чунин иқдомоти ҷолиб, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дод, ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” буд, ки воқеан ҳам, иқдоми наҷиб аст, зеро мо давоми соли равон шоҳиди баргузории чандин чорабиниҳои судманд ва хонандаи матолиби зиёде будем, ки ҳамаи онҳо далели зарурӣ ва барои аҳолии мамлакат судманд будани ин иқдомро баёнгар буданд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикргардида фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 – декабри соли 2023, таҳти №668, бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расид. Мақсади асосии фармони мазкур баланд бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба таъмин намудани волоияти қонун иборат мебошад.

Аз ин андешаҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба моҳияти маърифати ҳуқуқӣ ва зарурати он ёд овардани мо ба он хотир аст, ки суханони Пешвои муаззами миллат роҳнамои ҳар яки мо дар ҳама самту соҳаҳо мебошанд.

Дар ҳақиқат ҳам, маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми меҳварӣ барои давлати ҳуқуқбунёд аст. Аз нигоҳи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ доштани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.

Маърифати ҳуқуқӣ-маҷмӯи қоидаҳои умумии маданият, ҷаҳонбинӣ, дониш, рафтор ва муносибати ҳуқуқӣ, гуфтор, пиндор, муносибат ва дигар арзишҳои инсонии шахс бобати дар амал дӯст доштани ватан, миллат ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, риояи меъёру принсипҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо, эътирофу эҳтироми ҳуқуқи шахси дигар ва халалдор накардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони сеюм, худдорӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо, мусоидат барои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин бо ин васила таъмини зиндагии шоиста барои худ ва дигарон мебошад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахс боиси ба даст омадани дастовардҳо ба манфиати давлат, миллат ва ҷомеа мегардад:

- риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- ҳимояи манфиати давлат, корхона, муассиса ва ташкилот;

– таъмини волоияти қонун;

– пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо;

– коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, андоз, гумрук ва дигар зуҳуроти номатлуб;

– ғани гардидани буҷети давлатӣ;

– беҳтар гардидани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои халқ;

– амалишавии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати мамлакат;

– беҳтар шудани шароити иҷтимоии аҳолӣ;

– таъмини адолати судӣ;

– боло рафтани сатҳи эътимоднокии мардум ба сохторҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор;

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд.

Воқеан ҳам, маърифати ҳуқуқӣ яке аз мафҳумҳои меҳварии давлати ҳуқуқбунёд аст, ки ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд. Аз ҷумла, ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар моҳи апрели соли 2008 иброз намуда буданд, ки “Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад”.

Мавҷуд набудани унусрҳои таркибии маърифати ҳуқуқии шахс боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои манфӣ мегардад. Аз ҷумла:

• вайроншавии оила:

• зӯровари дар оила;

• хурофотпарастӣ (экстремизм);

• халалдор гардидани манфиати шахсият, ҷамъият ва давлат;

• гаравидани ҷавонон ва шахсони дигар ба гуруҳҳои ифротӣ;

• мусоидат ба ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла хусусияти коррупсионидошта;

• таъмини нагардидани адолати судӣ;

• вайрон гардидани адолати иҷтимоӣ;

Дар сохтори маърифати ҳуқуқии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф унсурҳои зерин ҷудо карда мешаванд: дониш (ҳамчун асоси маърифати ҳуқуқӣ); муносибат ба ҳуқуқ (эҳтиром ба қонун, эътиқоди ҳуқуқӣ); рафтори ҳуқуқии иҷтимоии фаъол; омодагӣ ба тарбияи ҳуқуқии таълимгиранда.

Омӯзгор шахсест, ки дорои таҳсилоти касбӣ буда, ба таълиму тарбия машғул мебошад. Кормандони соҳаи маориф шахсоне мебошанд, ки як навъ ё намуди муайяни фаъолиятро бевосита ё ба таври ғайримустақим бо татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои таълиму тарбия алоқаманд иҷро менамоянд.Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад. Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо дар асоси муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз кардан мумкин аст. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.

Зикр намудан зарур аст, ки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки наслеро тарбия намоянд, ки ба ҳуқуқ ва қонунҳо эҳтиромона муносибат кунанд, дониши ҳуқуқиро дар фаъолияти касбӣ истифода баранд ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоянд. Чунки омӯзгор бояд дар кори худ миқдори зарурии дониш дар бораи ҳуқуқ дошта бошад, вазъиятҳои мушкилии раванди таълимро ҳал карда тавонад, ҳимоятгари ҳуқуқ ва манфиатҳои толибилмоне бошад, ки ба ҳамроҳии саводноки педагогӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи муосир иловатан талаботи зерин гузошта мешавад: ташаккули салоҳиятҳои асосӣ барои самаранок амалӣ намудани раванди таълим, ташкили ҳамкории самаранок бо иштирокчиёни муносибатҳои таълимӣ, идоракунии бомуваффақияти фаъолияти педагогии худ.

Чораҳои гуногун ва барномаҳои давлатие, ки давоми соли оғозгардида дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ карда мешаванд, бевосита дар иҷрои вазифаҳое, ки дар боло қайд карда шуд, саҳми муносиб гузошта, бори дигар демократияи хосро дар Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Бо назардошти он ҳар узви ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва бунёди оилаи солиму устувор, дар руҳияи неки инсонӣ тарбия намудани фарзандон, дарк кардани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ ва огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути суҳбату вохӯриҳо ва дар воситаҳои ахбори омма пайваста ба роҳ монем. Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилавӣ омили муҳими мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тоҳир Одилов, мудири кафедраи техникӣ-технологии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

 

2024-12-20 18:14:24

Вохӯрии муовини якуми Раиси ҲХДТ бо ҳайати расмии Ҳизби Коммунистии Чин

Дар доираи сафари кории ҳайати расмии Ҳизби Коммунистии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини мудири шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Чен Чжоу, мулоқот бо Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо доир гардид.

Зимни мулоқот, ҳайат ҳизбиёнро бо баргузории Анҷумани навбатӣ ва интихоби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, бо боварӣ иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Раиси ҳизб, фаъолияти он дар самти муносибатҳои хориҷӣ ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил мегардад.

Дар идома иброз гардид, ки натиҷаи ҳамкориҳои тарафҳо боварии моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам устувортар мегардонад ва ин раванди муносибатҳои байни давлатҳо дар тамоми ҷабҳа вусъати бемислу монандро ба миён хоҳанд овард. Дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар рушди муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод бомуваффақият инкишоф меёбанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дастовардҳои назарраси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хитой ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар ва ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат хоҳад кард.

 

2024-12-14 17:42:16

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Конгресс Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Сегодня в городе Душанбе состоялся отчетно-выборный Конгресс Федерации футбола Таджикистана. На Конгрессе Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали был избран президентом Федерации футбола Таджикистана сроком на четыре года.
Today in the city of Dushanbe the reporting and election Congress of the Football Federation of Tajikistan was held. At the Congress the Chairman of the Majlisi milli Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, Chairman of the city of Dushanbe honourable Rustam Emomali was elected President of the Football Federation of Tajikistan for a term of four years.

2024-12-14 17:41:18

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ КУМИТА АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ ва муовинони Раис Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо фаъолияти Литсейи касбии сохтмони шаҳри Хуҷанд шинос шуда бо устодону кормандон вохӯрӣ намуд.

Зимни боздид ба Раиси Кумита иттилоъ доданд, ки дар литсейи мазкур хонандагон аз рӯи ихтисосҳои «Дуредгар», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Дӯзанда», «Ҳисобдор», «Гаҷкори ҷузъҳои меъморӣ», «Туроператор», «Кафшергари барқию газӣ», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил», «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ» таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон, Раиси кумита аз синфхонаву устохонаҳои таълимии истеҳсолии Литсейи касбии сохтмонии шаҳри Хуҷанд боздид намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дастури мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки Литсейи касбии сохтмони шаҳри Хуҷанд соли 1949 таъсис ёфта, дар тӯли 70 соли фаъолияти кории худ беш аз 20000 нафар сокинони шаҳрро соҳибкасб намуда, онҳоро ба истеҳсолот равона намудааст. Дар муассиса омӯзгорон ва устоҳои соҳибтахассус ба ҷавонон ва калонсолон касбҳои интихобкадаашонро ба таври назариявию амалӣ меомӯзонанд.

Зикр шуд, ки ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои «Дӯзандагӣ», «Кафшергари барқӣ», «Монтёри барқӣ», «Дуредгар», «Таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ», «Челонгари таъмири автомобил», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Сохтмончӣ», «Хиштчин», «Гулдӯзӣ», «Омӯзиши кор бо компютер» ва «Ронанда» амал мекунанд.

Раиси Кумита ба омӯзгорону кормандони муассиса дастур дод, ки ҷиҳати соҳибкасб намудани теъдоди бештари сокинон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби нафарони бешуғл ба курсҳои кӯтоҳмуддат саҳми муносиби худро гузоранд.

 

 

2024-12-14 17:39:28

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ КУМИТА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз, 13-уми декабри соли 2024, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ” барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид.

Дар он муовинони раис, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба масъалаҳои ҳимояи рисолаҳои илмӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва монографияҳои илмии омӯзгорон, қабули хатмкардагони ихтисосҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар курси дуюми муассисаҳои таҳсилоти олӣӣ касбии тиббӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таъмини муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, таъсиси лабораторияҳои илмию сехҳои ҳунармандӣва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати пешбурди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар манзур намуданд.

Дар рафти баррасии муроҷиатҳо Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2024-12-14 17:36:05

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ” ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раисии академик Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид. Дар кори он муовинони раис, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳудуди вилояти Суғд таҳлил шуданд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои дар таҳрири нав қабул намудани ду қонуни соҳавӣ дар самтҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки айни ҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, таъмини баззаҳои моддию маънавии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ягон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ надоранд, сохтмону азнавсозии бино, устохона, озмоишгоҳ ва хобгоҳҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуданд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ қайд кард, ки тибқи тағйирот ба қонунгузории соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки айни ҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ба истиснои коллеҷҳои соҳаи фарҳанг ва тиб, аз 3 сол ба 2 сол расонида мешавад, ки тақозои замон аст.

Раиси Кумита таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони қаламрави вилоят афзоиш дода шуда, ҷиҳати мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳасилини муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷриба андӯзанд.

Қайд гардид, ки аҳли коллективи муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста аз дастгириҳои Сарвари давлат бархӯрдор мегарданд. Ин аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

“Айни замон дар назди Кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд”, - гуфт Раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки аҳли кормандон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии сохтори Кумита ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш намоянд, ки фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд ва дар ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳиссагузор бошанд.

Дар идомаи ҷаласаи сайёр сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ Файзиддин Қурбонзода ва сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода аз раванди фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд, ки бо фармоиши Раиси Кумита гуруҳи корӣ мавриди санҷиш қарор дода буданд, гузориш доданд.

Дар рафти ҷаласа дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати иҷро ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд. Дар ҷаласа, ки бо муҳокимаи фаъол идома ёфт, роҳбарони муассисаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд.

2024-12-12 10:46:47

ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НЕФТ ВА ГАЗИ ШАҲРИ ИСФАРА ШАҲРВАНДОНИ БЕШУҒЛРО БО КАСБ ТАЪМИН МЕКУНАД

Саноати нефт ва газ аз зумраи соҳаҳои саноати вазнин аст, ки ҷустуҷӯи конҳои нефту газ, чоҳпармакунӣ, истихроҷи нефту газ, коркарди газу нефт ва монанди инро дарбар мегирад. Ин навъи саноат бо инкишофи таҳаввулоти илмию техникӣ ва мутахассисони донишманду кордон сахт алоқаманд аст, зеро ҳукумати кишвар ба тараққии босуръати саноати нефту газ диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин бора Эҳсон Мирзоев, директори Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара, зимни суҳбат гуфт.

Ба зикри ӯ, бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара” шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯйи касбҳои ронандагӣ (дараҷаи В ва С), кафшергарӣ, монтёри барқӣ, ёрдамчии пармагар дар соҳаи нафту газ ва оббарорӣ, муҳосибӣ, сӯзанидузӣ, сабадбофӣ, челонгарии таъмири муҳаррики автомобил, системаи компютерӣ ва интернет-технология ба муҳлати таҳсили 3 моҳ ҷалб карда шуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби бештар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ дар муассиса пайваста Рӯзи дарҳои кушод баргузор карда мешавад, ки дар онҳо шумораи зиёди хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Исфара ташриф оварда, аз шароиту имкониятҳои таҳсил дар муассисаи таълимӣ аз наздик шинос мегаванд.

“Айни замон муассиса хонандагонро аз рӯйи ихтисосҳои челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил (бо иловаи ронандаи дараҷаи "С"), монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ - мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, мошинисти дастгоҳҳои пармагарӣ дар соҳаи нафту газ (бо иловаи ронандаи дараҷаи"С"), ҳисобдор (бо донистани компютер), системаи компютерӣ ва интернет – технология, кафшергари газию барқӣва кафшергари барқӣ дар заминаи синфи 9 давоми 2 сол ва дар заминаи синфи 11 ба муддати 1 сол таълим медиҳад”, - гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки хонандагон дар вақти таҳсил ба як вақт хӯроки гарм ва хобгоҳи замонавӣ таъмин карда мешаванд.

 

2024-12-12 10:44:43

ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ САНОАТИ КӮҲИИ ШАҲРИ ИСФАРА БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН ОМОДА АСТ

Дар Литсейи касбии техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара баҳри беҳтар кардани раванди таълим ва касбомӯзии муҳасилин фонди китобхонаи муассиса бо 132 адад китобҳои фанҳои умумитаълимӣ ғанӣ гардонида шуда, устохонаи кафшергари барқию газӣ, ки дорои 9 нуқтаи кафшергарӣ аст, азнавсозӣ гардиданд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи директори муассиса Баҳодур Насридинов маълумот дод.

Ба зикри директор, вобаста ба иҷро намудани қарори ҳукумати мамлакат аз 30.03.2024, №192 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” фармоиши директори муассиса ба тавсиб расида шуда, тибқи он оинабандӣ намудани оинаҳои шикастаи ҳамаи дару тирезаҳои биноҳои муассиса амалӣ шуда, 15 тонна ангишт ва 7 м3 ҳезум захира карда шуд.

Сарвари муассса гуфт, бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 дар муассиса 80 нафар дар курси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои таркишгар, нақбкани зеризаминӣ ва кӯҳкори зеризаминӣ таълим дода шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар тӯли як соли фаъолият 105 нафар дар курсҳои семоҳа аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат - «Ошпаз-қаннод», «Асосҳои омӯзиши компютер», «Кафшергари барқию-газӣ», «Устои таркишгар», «Нақбкани зеризаминӣ», «Кӯҳкори зеризаминӣ» ва «Дӯзанда» таълим гирифта, ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Ҳамзамон, дар деҳаҳои дурдасти Чоркӯҳ, Сурх, Навгилем, Ворух ва маркази шаҳри Исфара курсҳои сайёри касбомӯзӣ гузаронида шуданд.

Қайд карда шуд, ки литсей дорои устохонаҳои таълимӣ–истеҳсолии «Дӯзандагӣ», «Кафшергари барқию газӣ», «Корҳои зеризаминӣ», «Челонгарӣ» ва «Дуредгарӣ» мебошад, ки дар онҳо машғулиятҳои таълимии истеҳсолии гурӯҳҳои муассиса ташкил ва баргузор карда мешаванд.

2024-12-12 10:42:55

ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ИСФАРА ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАШКИЛ МЕШАВАНД

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ мутахассисони соҳаи тандурустиро аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ ва кори фарматсевтӣ омода менамояд. Дар ин бора аз коллеҷи мазкур хабар доданд.

Ба таъкиди масъулини муассиса, барои гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён байни коллеҷ ва Беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳрӣ, осоишгоҳи «Зумрад» ва Муассисаи назорати давлатии саниатрию эпидимиологии шаҳр ҷиҳати ба ихтиёри коллеҷ вогузор намудани ҳуҷраҳои таълимӣ шартномаҳо ба имзо расонида шуда, донишҷӯён қисмати амалии дарсҳоро дар ин муассисаҳо мехонанд.

Қайд гардид, ки қисми зиёди ҳуҷраҳои таълимӣ ба тарзи кабликлиникӣ ҷиҳозонида шуда, онҳо ба фанҳои таълимӣ ва тахассусӣ мутобиқ гардида, бо асбобҳои айёнӣ ва воситаҳои таълимӣ техникӣ таъмин карда шудаанд.

Ба зикри Садридинов Бурҳонидин, муовини директор оид ба таълим, дар муассиса ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, аз худ намудани илмҳои дақиқу риёзӣ, техникаву технологияи нав ҳамеша аз тарафи омӯзгорон ба фанҳои табиӣ-риёзӣ ва тахассусӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳамаи кормандону омӯзгорони муассиса мекӯшанд, ки дар раванди дарс аз тахтаи электронӣ, проектор ва компютер истифода баранд. Зеро дар ҳолати истифода бурдани техника ва технологияи нави замонавӣ донишҷӯён бо дидан ва дар як вақт иҷро намудани корҳои амалӣ, мавзӯи дарсро ба пуррагӣ фаҳмида, онро минбаъд дар таҷриба истифода бурда метавонанд.

“Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, ҳоло дар ҳамаи муассисаҳо ҳукумати электронӣ ҷорӣ шудааст. Мо низ бо ҳамин мақсад дар раванди дарс ҷавононро баҳри аз худ намудани дарсҳо ба монанди технологияи информатсионӣ, химия, биология, физикаи тиббӣ, география, экология ва ғайраҳо тариқи техника ва технологияи нав омӯзонида, аз устодон тақозо менамоем, ки дарси худро дар дараҷаи баланди таълимӣ гузаранд, то ин ки шогирдони мо дар оянда кадри соҳибихтисос ва маълумоти гирифтаашон ба талаботи замон ҷавобгӯ гардад”, - гуфт номбурда.

Тазаккур дода шуд, ки дар муассиса 3 кафедра фаъолият мекунад - кафедраи фанҳои тахассусӣ, кафедраи фаҳои табиӣ-риёзӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ. Дар умум, дар ин кафедраҳо 30 омӯзгори асосӣ ва 40 омӯзгори ҳамкор аз фанҳои гуногун ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Таъкид шуд, ки роҳбарияти муассиса тасмим дорад дар оянда ихтисосҳои серталаботи кори дандонсозӣ ва кори лабораториро низ дар раванеди таълим ворид намояд, то ин ки теъдоди мутахассисони ин соҳа дар ҳудуди шаҳр ва минтақа боз ҳам афзоиш ёфта, норасоии кадрҳои соҳибихтисос коҳиш дода шавад.

2024-12-12 10:16:38

Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оғоз гардид.

Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оғоз гардид.

2024-12-12 10:14:55

ОЗМУНИ "ОМӮЗГОРИ БЕҲТАРИН"

Дар Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни "Омӯзгори беҳтарин" оғоз гардид.Озмуни мазкур ҳамасола дар муассиса баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкор, рушди маҳорати касбии омӯзгорон ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида мешавад.

2024-12-12 10:13:11

"ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ПЕШ"

Чунин унвон дошт ҳамоиши идонае, ки дар маҷлисгоҳи Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабини бошукӯҳ роҳбарияти кумиҷроияи ноҳиявӣ, олимону коршиносон, фаъолону собиқадорони ҳизб ва аъзои фаъоли намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - "Созандагони Ватан" иштирок карданд.

Раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Муродулло Почозода оид ба зарурати таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаҳои ташаккули ин нерӯи тавонои сиёсӣ ва нақши он дар пешрафту ободии кишвари азизамон сухан гуфт. Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлол дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои ин давра ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва давлатмеҳвар тӯли 30 соли ҳастии пурифтихор корҳои зиёдеро ба сомон расидааст.

Раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳиявӣ, шоири шаҳиру ваҳдатсаро Олимхон Исматӣ бо илҳом аз ҳадафҳои барномавии ҳизб ва дастовардҳои он аз ашъори тозаи худ қироат намуда, гуфт, ки сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҳар як эҷодкори худшиносу ватандӯст аст.

Директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ Парвиз Марҳамзода аз нақши ташкилоти ибтидоии "Кишоварз" дар баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва иҷрои нақшаи корӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан гуфта, иттилоъ дод, ки сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму ҳунар рӯз аз рӯз меафзояд.

Дигар баромадкунандагон низ оид ба моҳияти ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақши он дар иҷрои рисолати созандагӣ ибрози андеша намуданд.

Бо қадршиносии як гуруҳ фаъолони ҳизб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши идона анҷом ёфт

 

2024-12-12 10:12:02

30 СОЛИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР КАНОРИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкории муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом" бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 9-уми декабри соли ҷорӣ дар толори хурди коллеҷ ҳамоиш дар мавзӯи “30-соли бунёдкориву созандагӣ дар канори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо ҷалби доираи васеи донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид.

Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори муассиса Марҳабо Расулова оғоз ёфта, нақши ин ҳизби созанда дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон муҳим ва арзанда маънидод карда шуд.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Акмал Ализода, зимни баромади хеш аз талошҳои пайвастаи роҳбари муаззами Ҳизби мазкур, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки маҳз таҳти ҳиоятҳои ин фарзанди фарзонаи миллат ҳадафҳои созандаи ҳизб амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамзамон, номбурда аз рӯзҳои вазнини солҳои таъсисёбии Ҳизб низ хотиррасон намуда, донишҷӯёну ҷавононро ба арҷгузорӣ аз сулҳу суботи миллӣ, эҳтиром ба Ватан ва муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги пурғановати миллат ба ҷомеаи ҷаҳони даъват намуданд.

Дар интиҳо ба муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ З. Неъматова ва мудири хоҷагидорӣ Н. Самиҷонов Ифтихорномаи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва ба чанд тан аз кормандони фаъоли коллеҷ, ки тоза ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

 

2024-12-12 10:07:25

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд.

Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад намуда қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Ба маврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони ҳозира аз ин падидаҳои номатлуб худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. ҷавонони тоҷик, ки ишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат мебошанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоанд шуд. Мардуми бонангу номуси мо ифротгароҳо ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷурофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизамон зиндагӣ дорем. Мо ҷавонони кишвар, насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеаро зарур аст сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳо эҳтиёт намоем.

Замира ӮРУНОВА,

омўзгори кафедраи педагогика ва психологияи

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд