
САДА - РАМЗИ НУРУ РӮШНОӢ
2025-01-31 20:00:11
Таҳти ин унвон дар Литсейи касбии техникии шаҳри
Панҷакент бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва хонандагон чорабинии маърифатӣ
фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид.
Нахуст дар расми чорабинӣ гулхан ҳамчун рамзӣ рӯшноӣ ба торикӣ ва гармӣ
андохта шуд, ки хонандагон дар гирди он давр заданд.
Маврид ба зикри хост аст, ки оташ як унсури муқаддас
маҳсуб шуда, на танҳо ин анъанаҳоро ҳифз мекунад, балки ба онҳо мазмуни тоза бахшида,
шаклҳои муосири фарҳангиро бо расму оинҳои қадимӣ мепайвандад.
Дар саҳни литсей иштирокчиёну мемҳмонон аз дастархони
идонаи хонандагон дидан намуданд.
Чорабиниро директори Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент Ҷасур
Раҳмонов, ифтитоҳ намуда, ҳамаи омӯзгорону кормандонро ба ҷашни Сада шодбош
гуфта, таъкид доштанд, ки боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму
оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё
гардида, аз ҷониби аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд.
Таъкид гардид,
ки ҷашни Сада, иди шодӣ, гармӣ ва истиқболи баҳор буда, халкҳоро муттахид
намуда, ба онҳо хотиррасон мекунад, ки баҳор на танҳо ивазшавии фаслҳо, балки
давраи умедҳои нав, вохӯриҳо ва имкониятҳои кушода низ мебошад.
Дар фарҷоми
чорабинӣ хонандагон бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоб хотири
иштирокчиёнро шод намуданд.
