Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОМИЛҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИЮ ТЕРРОРИСТӢ
single-product

ОМИЛҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

2025-01-29 07:19:27

Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд.

Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: – сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; – сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ; – моддӣ; – идеологӣ; – хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; – ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; – коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; – хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; – поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; – дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; – фаъолияти динимуболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд.

Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ,ба махфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзисулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақтибачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем.

Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”

Мо бояд ҳамеша кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, хушёрию зиркиро аз даст надода, ба ҳамлаҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ муқовимат карда, арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ҳифз намеом.

Пешравии илму техника боиси пешравии ҷомеа аст. Аммо ногузир инсонҳоро ба кӯи танбалӣ низ мекашад. Зеро иҷрои кор бо воситаи техникӣ осон аст, нисбат ба иҷрои дастӣ. Шояд ҳамин гуна танбалиҳо имрӯз тамоми ҷомеаи сайёраро фаро гирифта бошад. Ё шояд то андозае ибрози ақидаи мо ғалат ҳам бошад. Аммо чун ба аксари ҷавонони имрӯз менигарем, истифодаи технология барои онҳо на бо ҳадаф, балки беҳадаф сурат мегирад.

Воситаи техникӣ, ба мисли комютеру телефон барои осон намудани кори инсон ихтироъ гардида, ҳудуди фаъолияти он то имрӯз бемаҳдуд боқӣ мемонад. Насли ҷавон танҳо аз ин восита қисми барояш ва ба синну солаш мамнуъро истифода менамояд. Масалан, ворид шудан ба сайтҳое, ки дидани ваҳшоният ва фаҳш, куштору қатл ва носазо барои шахсияте, ки акнун аз рӯи тиббию равонӣ шакл меёбад, хатари беандоза дорад.

Аз ин хотир, мо ҷиҳатҳои манфии васоити техникиро ҳангоми ба бачаю ҷавон додан, набояд фаромӯш созем. Дигар хатоии аксари калонсолон назорат накардани он ки аз ин васоит ҷавон ё наврас чӣ тавр истифода менамояд. Баъзе аз наврасону ҷавонон бехабар аз амали хеш ба ҳамин гуна сайтҳои мамнуъшуда ворид гардида, чӣ тавр ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд, волидайн ё мактабу донишгоҳ бехабар аст.

Ба гуфтаи коршиносон барои ҷавонони имрӯз як фанни таълимие лозим аст, ки истифодаи дурусти васоити техникиро фаҳмонад. Дар мактабҳои миёна таълими фанни технологияи компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки аксар ҷиҳати назариявии онро меомӯзад. Аммо ҷиҳати амалӣ ва хатари ҷиддии истифодаи зиёди васоити техникӣ омӯзонида намешавад. Аз ин хотир, дар марказҳои гуногуни компютерӣ барои бозиҳои мамнуъ, ки танҳо куштору зулму тааддиро нишон медиҳад, насли ҷавонро ҷалб менамоянд, ки муассиси чунин марказҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ мавзӯи мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Тавре огоҳӣ дорем, 28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки дар он тамоми самтҳои афзалиятнок ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат баррасӣ шуд. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад. Дар ин Паём Пешвои миллат бо эътибор ва иродати бузург ба ҳайсияти зан-модар руҷӯи хос изҳор намуданд. Ҳамзамон дар ин замони мураккабу ихтилофбор барои тарбияи насли хирадбунёд, ватандӯсту фарҳангсолор нуктаҳои муҳим баён намуданд»,

«Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад».

Бале, Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон низоми нави ҷаҳониро орӣ аз терроризму экстремизм мебинанд ва мо низ мутмаинем, ки миллати тоҷик бо хиради азалии худ ва таҳти сарварии ин марди хирад дар Тоҷикистон чунин ҷомеаро хоҳад сохт. Мо барои расидан ба ин ҳадафи воло бояд бо роҳнамоии худи Пешвои миллат ва гуфтаҳои хирадмандонаи зерини ӯ кору зиндагӣ намоем. Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

ҒАЛЧАБЕКОВ Муҳаммадёсин,

омўзгори кафедраи педагогика-психология ва фанҳои ҷамъиятшиносии Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рӯдакӣ