Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ПАЁМ ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШБУРДИ ИҚТИСОДӢ РАҚАМӢ
single-product

НАҚШИ ПАЁМ ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШБУРДИ ИҚТИСОДӢ РАҚАМӢ

2025-01-25 07:58:55

Гузариши ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ заминаи асосӣ дар рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28. 12. 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамаи соҳаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва илму маориф ва таҳсилоти касбиро дар бар мегирад. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳои соли сипаришудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ба самъи мардуми кишвар расониданд.

Новобаста ба мушкилию монеаҳои ҷойдошта, аксари кишварҳои ҷаҳон талош мекунанд, ки ба истифода аз роҳу усулҳои ҷадид, иқтисоди кишварҳои худро рушд диҳанд. Чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд қисми зиёде аз давлатҳои ҷаҳон барои таъмини пешрафти иқтисодиёт ба буҷаи давлат аз иқтисоди рақамӣ бештар истифода мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки он кишварҳое, ки ба иқтисодӣ рақами гузаштаанд, ё ин, ки дар роҳи гузариш ба ин раванд ҳастанд, тавонистанд, ки рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии кишварҳояшонро таъмин намоянд.

Ҷаҳони муосир, равандҳои ҷадиди рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар назди кишварҳои дунё талаботҳои навро пеш мегузоранд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як давлате, ки хоҳад рушд кунад, бояд ба иқтисоди рақами рӯй биорад.

Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар кишварҳо, ба равандҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст шуда, сол аз сол барои пешрафти иқтисодӣ кишвар тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ намуда истодааст. Фазои ором, сулҳу суботи комил шароит фароҳам меорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафта иқтисодиёти худро такмил дода, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро тезонад.

Гузариш ба иқтисоди рақамӣ рушди бемайлони иқтисодиётӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда барои ояндаи дурахшони давлату миллат заминаҳои мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Чуноне, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид намуданд: “Дар панҷ соли оянда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дар кишвар бояд табирҳои мушахас роҳандозӣ карда шаванд”.

1. Такмили фаврии заминҳои ҳуқуқи ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисодӣ рақамӣ.

2. То шабакаҳои панҷ-ҷи (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали милли маълумот.

3. Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкилӣ махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

4. Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар.ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

5. Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

6. Андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии маҳзанҳои маълумот маълумот.

7. Ташаккул додани соҳибкории рақами ва рушди савдои электронӣ.

Воқеан зарур аст, ки барои гузариш ба раванди нав дар бахши иқтисоди миллӣ, бояд дар мадди аввал заминаҳои ҳуқуқии онро ба миён оварда, дар ин самт санадҳои меъёрию-ҳуқуқии лозимаро таҳия бояд кард. Аз дигар тараф барои гузаштан ба ин раванди муносибатҳо бояд заминаи кадрии онро омода кард. Ба ин хотир дар марҳилаи кунуни рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияи иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияи рақамӣ дар байни шаҳрвандон вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки гузариш ба иқтисодӣ рақамӣ яке аз роҳҳои муҳим ва хеле зарур барои пешрафти иқтисоди кишвар ба шумор рафта дар маҷмӯъ рушди соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро таъмин хоҳад кард. Андешаҳои Пешвои муаззами миллат,ҷиҳати гузаштани иқтисоди миллӣ ба иқтисоди рақамӣ, бори дигар ин равандро тақвият бахшида, таваҷуҳи ақли инсонро ба он бештар мегардонад.

Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия омили муҳим дар таҳкими иқтисоди кишвар мебошад. Ҳамин зарурият буд, ки бо пешниҳоди навбати Пешвои миллат, зимни ироаи Паём бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти кишвар, солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд. Бо бовари гуфта метавонем, ки ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди кишвар такони бузурге хоҳад бахшид. Итминони комил дорем, ки гузаштани ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ, дар таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва болоравии маърифати молиявии шаҳрвандон нақши созгор хоҳад гузошт.

Юнусов Сорбон, мудири кафедраи “Фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”- и Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А