
АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
2025-01-29 07:22:11
Забон дар ҳамаи давру замонҳо воситаи асосии иртиботу шинохти ҷаҳон барои
инсонҳо аст. Бо таъсири ҷаҳонишавӣ ва таҳкими равобити кишварҳо омӯзиши
забонҳои хориҷӣ имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар аҳамият пайдо кардааст. Аз ин
рӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои рушди беҳтари ҷомеа ва шахсият зарур мебошад.
Дар шароити феълӣ, ки робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва
сиёсӣ миёни кишварҳо босуръат рушд мекунанд, забонҳои хориҷӣ, ба мисоли
англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, чиноӣ ва арабӣ, ки мақоми байналмилалӣ доранд,
воситаҳои муҳимми муошират байни миллатҳо ва унсурҳои асосии таҳаввулоти ҷаҳонӣ
ва ташаккули ҳамкориҳои байналмилалӣ гардиданд. Омӯзиши ин забонҳо ба кас имкон
медиҳад, то дар музокироти дипломатӣ, муомилаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои илмӣ
нақши фаъол дошта бошад. Ғайр аз ин, забонҳои хориҷӣ ҷиҳати дастрасӣ пайдо
намудан ба манобеи илмию пажуҳишӣ мусоидат менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омӯзиши
забонҳои хориҷӣ аҳамияти хосса дода, барои забондон гардидани шаҳрвандон
тадбирҳои зарурӣ меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо пайваста таъкид менамоянд ва дар Паёми
навбатии худ, ки 28 декабри соли 2024 ироа шуд, чунин дастур доданд: “Дар
шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии
Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд
дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз
меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти
томактабӣ ба роҳ монда шавад”.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади беҳтар кардани сатҳи забондонии мардум,
алалхусус кормандони давлатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти
соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” содир гардид ва тамоми
вазорату идораҳои давлатӣ муваззаф шуданд, ки барои кормандон курсҳои
забономӯзӣ ташкил намоянд.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи иҷрои фармони мазкур ҷиддӣ муносибат
намуда, курсҳои омӯзиши забони русӣ ва англисиро ба роҳ мондааст, ки омӯзгорони
соҳибкасб ба кормандони дар як ҳафта 3 маротиба дарс мегӯянд.
Пешвои миллат дар ҷойи дигар таъкид намуда буданд:
«...ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника,
технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани
равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва
англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи
ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар
миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст».
Бисёре аз таҳқиқот ва мақолаҳои илмӣ ба забони англисӣ
ё дигар забонҳое навишта мешаванд, ки мақоми байналмилалӣ доранд. Ошноӣ бо ин
забонҳо ба донишҷӯён ва пажуҳишгарон имкон медиҳад, ки аз ҷадидтарин
дастовардҳои соҳаи илм баҳраманд шаванд ва дар масири рушди илму инноватсия
гомҳои устувор бардоранд. Олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёне, ки забонҳои
хориҷиро баладанд, метавонанд дар нишастҳои илмӣ ва конференсияҳои байналмилалӣ
иштирок намуда, натиҷаҳои корҳои илмии худро бо ҳамтоёни хориҷӣ мубодила
намоянд ва дар мубоҳисаҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кунанд.
Вақте ки инсон забони дигарро меомӯзад, василаи муҳими
иртибот бо дигаронро доро мегардад ва имкон пайдо мекунад, ки бо фарҳанг, одат,
расму русум ва арзишҳои миллатҳои ғайр бевосита ошно шавад ва ин омил дар
вусъати доираи ҷаҳонбинӣ, аз худ кардани донишҳои нав ва ташаккул ёфтани дарки
фарҳангҳои гуногун ба ӯ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ низ дар шароити
муосир бештар бо ёрии забонҳои хориҷӣ амалӣ мешавад. Бо истифода аз забонҳои
гуногун ширкату корхонаҳо метавонанд ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфта, бо шарикон ва
муштариёни худ робитаҳои мустаҳками тиҷоратӣ барқарор намоянд ва таҳқиқоти
амиқи бозорро анҷом диҳанд. Нақши забон дар тарғиби молу маҳсулот, таҳияи
стратегияи тиҷоратӣ ва тарҷумаи маҳсулот ва ё хизматрасониҳо ҷиҳати мутобиқ
намудани онҳо бо талаботи ҳар як бозор ё кишвар муҳим ба назар мерасад.
Барои дар сатҳи зарурӣ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ шахс бояд сараввал
забони модарии худро ба таври амиқ омӯзад. Ба қавли шоир:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Ба таври муносиб донистани забони модарӣ мушкилотеро,
ки мо зимни омӯзиши забонҳои ғайр бо онҳо рӯ ба рӯ мегардем, бартараф намуда,
масири омӯзишро ҳамвору осон месозад. Аз ин рӯ, онҳое, ки азм доранд забонҳои
хориҷиро аз худ намоянд, бояд дар қадами аввал сари такмил додани забони
модарии худ андеша намоянд.
Барои нафаре, ки забонҳои хориҷиро меомӯзад, дарҳои имконият ба рӯяш боз
гашта, дар барқарор намудани равобиту тамосҳои нави касбӣ ва табодули донишу
таҷриба мусоидат менамояд. Вақте ки бо забони модарии нафаре аз миллати дигар
озодона ҳарф мезанед, эҳтирому эътимод ва садоқаташ нисбати ин ашхос зиёд
мегардад. Корфармоёни дохилию хориҷӣ низ вақтҳои охир ба номзадҳое афзалият
медиҳанд, ки забонҳои хориҷиро баладанд ва дар сурати омӯхтани забонҳои хориҷӣ
эҳтимоли пайдо кардани шуғли пурмаҳсул бо дастмузди муносиб зиёд мегардад. Дар
сурати хуб аз худ кардани як забони хориҷӣ, аллакай омӯзиши забонҳои хориҷии
баъдӣ осон мешавад ва тадриҷан мутаваҷҷеҳ мешавед, ки техникаҳои ёдгирии забони
дувум метавонад барои омӯзиши забонҳои дигар ҳам ба кор раванд.
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Туро рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Дар маҷмӯъ, дар шароити кунунӣ моро месазад, ки
масъалаи забономӯзиро дар ҷомеа, махсусан дар миёни насли ҷавони кишвар бештар
таблиғ намоем, зеро ин омил ба рақобатпазирию мутобиқшавии онҳо ба ҷаҳони
зудтағйирёбанда таъсири мусбат мерасонад. Ҷавонони забондон метавонанд бо
мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ дар муаррифии мавзеъҳои таърихию
сайёҳии кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд. Беҳуда нест, ки мегӯянд: забон донӣ
– ҷаҳон донӣ!
Шарифхон ФАЙЗОВ,
сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
ва робита бо ҷомеаи Кумита