Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМ-ДУРНАМОИ РУШДУ ИНКИШОФИ ДАВЛАТ
single-product

ПАЁМ-ДУРНАМОИ РУШДУ ИНКИШОФИ ДАВЛАТ

2025-01-29 07:18:25

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумон ироа гардид. Дар Паёми Пешвои миллат соли 2024-ро таҳлил намуда, ба кулли сокинони Тоҷикистон барои ноил гаштан ба дастовардҳои беназир дар солҳои минбаъда вазифаҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои калидӣ ҳисобиданд ва ба ҳамагон таъкид карда чунин гуфтанд:

“То вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоранд, дастнигар, хору зор, таҳқир гашта, афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯи нашаванда хоҳад гашт”.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳама пешравиҳоро мактабу маориф таъмин менамоянд:

“Ҳамаи пешравии ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин менамояд”.

Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллату давлат ин бесаводӣ, бемаърифатӣ, хурофотпарастӣ ва аҳмият надодан ба мактабу маориф ва илму дониш мебошад:

“Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба таълиму тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоида барои таълиму тарбия мебошад”.

“Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти то мактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Вазифаи асосии омӯзгорон ва донишҷӯён сармашқи кору хониши худ намудани мазмун ва мундариҷаи Паёми имсолаи Пешвои миллат буда, аз рӯй он кору зиндагӣ кардану амалӣ намудани он мебошад.

“Маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ аз 01.09.2025 30% зиёд карда шавад”.

“Дар деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон накам аз 100 оилаанд як муассисаи томактабӣ сохта шавад”.

Ҳоло 42400 нафар ҷавонон дар 42 кишвари хориҷӣ таҳсил менамоянд;

То имрӯз 11400 нафар ҷавонон бо квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шуда, сарбаландона хатм кардаанд.

Дар Паём ба мақоми зан, духтарон ҳамчун неруи пешбаранда назар намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бонувону занон ва духтарони мо дар ободии Ватан минбаъд низ саҳми араздан мегузоранд, зеро онҳо эҳёгару ободгар, сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ мебошанд.

Тоҳир ХОЛОВ,

муовини директор оид ба корҳои тарбиявии

Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант