Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЛОИҲАИ “КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО” НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД
single-product

ЛОИҲАИ “КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО” НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД

2025-01-30 19:55:19

Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” доир ба натиҷагирӣ аз лоиҳаи “Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Алишер Ализода - муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Равшан Каримзода- муовини вазири маориф ва илм, Изабел Уриз - роҳбари шуъбаи ҳамкорӣ, Диана Димова - менеҷер оид ба соҳаи маорифи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои дахдори дастгоҳи марказии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Алишер Ализода - муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зимни баромади худ аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон ва ёдовар шуда, аз ҳамкориҳои хуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самтҳои гуногунро таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул унвон кард.

Сипас, намояндагони лоиҳа дар ҳамкорӣ бо намояндагони кумитаи таҳсилот, меҳнат ва маориф аз корҳои анҷомдода дар доираи лоиҳаи мазкур натиҷагирӣ карда, нақшаҳои ва муҳлати амалишавии онҳоро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки рушди босуботи соҳаи таҳсилоти касбию маориф тақозо мекунад, ки низоми соҳаҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад ва ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ вусъат пайдо кунад.

single