Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > 20 ДОНИШҶӮ СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ ПРОФЕССОР РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ МЕГИРАНД
single-product

20 ДОНИШҶӮ СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ ПРОФЕССОР РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ МЕГИРАНД

2025-01-31 20:02:43

Зимни нишасти матбуотӣ Азиззода Зубадулло - директори Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар коллеҷ 5 нафар донишҷӯёни аълохон барои гирифтани стипендияи номӣ пешниҳод гардидаанд, аз ҷумла 1 нафар барои стипендияи Президентӣ ва 4 нафар барои стипендияи раиси вилояти Хатлон.

Инчунин, мутобиқи Низомномаи таъйин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12 соли 2014, №25/6 тасдиқ карда шудааст, дар коллеҷ нимсоли якуми соли таҳсили 2024-2025, ба 331 нафар донишҷӯён стипендия дода шуданд.

Дар коллеҷ стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз аз ҷониби фарзандони ӯ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба он донишҷӯёни фаъолу аълохон сарфароз гардонида мешаванд. Дар аввали соли 2024 20 нафар донишҷӯёни фаъоли муассиса бо стипендияи мазкур сарфароз гардонида шуданд.