Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
single-product

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2025-01-29 07:21:05

Дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо мақсади арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ sашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар чорабинӣ ҳайати кормандону омӯзгорон ва хонандагони Литсей иштирок намуданд. Нахуст роҳбарияти муассиса аз дастархони идонаи хонандагони муассиса, ки фарогири меваҳову сабзавотҳои ватанӣ буд, боздид намуданд.

Директори Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе номзади илмҳои иқтисодӣ Попов Николай Анатольевич ҳозиринро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфта изҳор дошт, ки Сада чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем. Сада дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгори муассиса Исмоилов Тағоймурод ҳозиринро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрику муборакбод намуда иброз дошт, ки таҷлили расмии Сада ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад. Тавре зикр гардид, Сада чун дигар ойинҳои мавсимии мо – тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар қисми чорабинӣ аз тарафи хонандагони соҳибистеъдоди муассиса барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.

single