Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
single-product

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2025-01-29 19:05:09

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии нақлиёти автомабилии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият, кормандон ва омӯзгорону хонандагон ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии хонандагон ба намоиш гузошта шуд, ки роҳбарият ва кормандону меҳмонон аз он дидан карданд.

Чорабиниро директори муассиса Иматшоев Зинатшо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бахшида ба ин рӯзи хотирмон таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷашни Сада яке аз анъанаҳои неки ниёгон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мебошад, ки нишоне аз волоияти тамаддуни мо маҳсуб меёбад. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мегардад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».

Дар охир, аз ҷониби бахши фарҳанги муассиса барномаи рангини консерти идона боиси болидахотирии иширокчиён гардид.