
ТАҶЛИЛИИ 2550-СОЛАГИИ “ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР”-И КУРУШИ КАБИР-ШАҲОДАТИ АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХИ ГУЗАШТАГОН
2025-01-30 19:53:42
(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ба арсаи таърих пой мениҳанд, ки аз рӯи кору
пайкор, фаъолият ва саъю кӯшишашон нисбат ба дигар ашхос комилан фарқ мекунанд.
Ин шахсиятҳо метавонанд бо талошҳои худ барои тақдири миллати худ нақши калидӣ
дошта бошанд ва барои дигарон намунаи ибрат шаванд.
Дар гузаштаи миллати тоҷик низ чунин афроди таъсиргузор арзи ҳастӣ карданд,
ки корҳои бузург ва мондагори онҳо ба эҳёи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик боис
гардидаанд. Яке аз шахсиятҳои машҳури арсаи ҷаҳонии давраи атиқаи халқи тоҷик
Куруши Кабир ба шумор меравад.
Куруши бузург дар асрҳои 6-5-ипеш аз милод ҳукуматдорӣ карда, аввалин
империяи ҷаҳониро бо номи Ҳахоманишиён асос гузоштааст. Ӯ дар баробари оне, ки
нахустин империяро асос гузошт, инчунин аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро соли
539-и то милод дар зарфи силиндршакли аз гил сохташуда навишт, ки сарчашмаи
пайдоиши ҳуқуқу азодиҳои инсон ва демократия ба шумор меравад.
Бостоншиносон
соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз Бобул зарфи аз гил сохташударо пайдо
намуданд, ки бо шакли ҳандасавӣ ва навиштаҷоти номаълуми худ мавриди таваҷҷуҳи
пажӯҳишгарон қарор мегирад. Ин зарф ба асри VI-и то милод мансуб буда, катибаи
он ба Куруши Кабир рабт дорад. Айни замон ин бозёфт дар осорхонаи Британияи
Кабир нигоҳдорӣ карда мешавад. Нусхаи он дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид,
ҳамчун баёнгари ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз карда мешавад. Ҳоло аз ин бозёфти
таърихӣ 100 нусха сохта шудааст, ки дар осорхонаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар
Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шудааст. Барои мо тоҷикон
боиси ифтихор мебошад, ки маҳз ниёгони мо чунин равишу оини давлатдорӣ,
арҷгузорӣ ба мақоми инсонро роҳандозӣ намуда буданд.
Пас аз
соҳибистиқлолии мамлакат эҳёи рӯзгори чеҳраҳои таърихию фарҳангӣ ва илмию адабӣ
мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, дурнамо ва роҳҳои ҳалли масоили
вуҷуддошта баррасӣ гаштанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз
рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан таъкид намуданд, ки гиромидошти таъриху
фарҳанг ва арҷ гузоштан ба онҳо аз таҳқиқу омӯзиши хатшиносону бостоншиносон
маълум мешавад.
Бояд тазаккур
дод, ки сохти давлатдории гузаштагони халқи тоҷик, ки ҳанӯз 2500 сол муқаддам
таъсис дода буданд, ба низоми ҷомеаи муосири демократӣ хеле шабоҳат дорад. Ин
аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби фарҳангу
тамаддуни бузурги дурнамосоз буд ва ҳаст.
Дар урфият
мегӯянд, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд” Яке аз чунин шахсиятҳои
зиндакунандаи таъриху тамаддун ва фарҳанг Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамасола дар паёмҳои хеш солеро
барои санаҳои муҳимми таърихӣ, гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллат ё барои
рушду инкишофи кишвар созмон медиҳанд. Ба ин васила, мо метавонем таърихи
миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Дар Паёми
навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи
самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28-уми декабри соли 2024
ироа гардид, масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ қайд гардида,
таъкид шуд, ки арҷ гузоштан ба шахсиятҳои таърихӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи
ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон
таъсири амиқ дорад. Бо ҳамин мақсад, пешниҳоди таҷлили 2550-солагии Эъломияи
ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО амали саривақтист, зеро имрӯз дар ҷаҳони
пур аз тазодҳо азхудкунии фарҳангҳо, нестшавии тамаддунҳо бо суръат доман паҳн
карда истодааст.
Сарвари давлат
зимни ироаи Паёми навбатиашон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо
ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои
фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои
пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии
миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ
ҳадафмандона идома диҳем.
Сарчашмаҳои
таърихӣ маълумот медиҳанд, ки дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳое буданд, ки
тавассути меҳнату ҷонфидоии худ, афкору нерӯи зеҳнии худ дар ҷомеа мавқеи
муҳимро касб намудаанд. Миёни донишмандони ҳуқуқшинос, сиёсатшинос ва
таърихнигорон дар ҷаҳони муосир баҳсе доман густурдааст, ки аввалин баёнгари
ҳуқуқу озодиҳои инсон кадом ҳуҷҷат аст. Доир ба ин масъала ақидаҳои гуногун
вуҷуд доранд. Ақидае роиҷ аст, ки чунин ҳуҷҷат Хартияи Бузурги озодӣ мебошад,
ки он дар асри XIII (соли 1215) дар Англия навишта шудааст. Аммо бозёфту
далелҳои раднопазире мавҷуданд, ки қадима будани Маншураи Куруши Кабирро тасдиқ
мекунанд.
Идеяҳои
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки соли 1948 дар Созмони Ми лали Муттаҳид қабул
шудааст, ҳазорсолаҳо пештар, аз ҷониби ниёкони мо пешкаши ҷаҳониён гашта
буданд. Бо эҳё ва таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир
метавонем бори дигар ба ҷаҳониён аз таърихи куҳани миллати тоҷик башорат диҳем
ва пояи давлату миллати худро ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар
мустаҳкамтар намоем. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи миллати
тоҷикро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю
талоши худро баҳри рушди давлати соҳибихтиёр ва Ватани аҷдодиамон равона
намуда, ба ин васила дар пешрафт ва ободию шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми
арзишманд гузорем.
Давлатшозода Дилшод, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои
махсуси Кумита