Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-11-28 21:15:29

САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Ҳайати кории Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шарифхон Файзов, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа рӯзҳои 19-24 ноябри соли 2024 бо сафари хизматӣ дар шаҳрҳои Пекин ва Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.

Дар рӯзи аввали сафар Шарифхон Файзов дар мулоқот бо муовини директори генералии Ассотсиатсияи таҳсилоти касбии Чин (CVEA) ҷаноби Пэн Линго ҷиҳати муаррифии сохтор ва фаъолияти Кумита суханронӣ намуда, дар мавриди ташаббус ва талошҳои Кумита барои таҳкиму густариши низоми зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Ҳамзамон, ӯ нақши муҳим ва муассири шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла CVEA-ро дар самти пешрафти низоми таҳсилот дар кишвар таъкид намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ кард.

Ҷаноби Пэн Линго аз ҷониби худ изҳор намуд, ки бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи сарони ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои муштарак бо ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд ва дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои дуҷониба, ки ба самти рушди зинаи таҳсилоти касбӣ равона шудаанд, талош хоҳанд кард.

Дар мулоқот, инчунин, паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳои дуҷониба, роҳҳои муассири рафъи мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва роҳандозии табодули донишу таҷриба байни коршиносони соҳавии ду ҷониб матраҳ гардиданд.

Мулоқоти мазкур ҷиҳати мубоҳисоти созанда, баррасии имконоти ҳамкориҳои оянда ва мубодилаи донишу таҷрибаҳои пешқадам заминаи мусоидро фароҳам овард.

Сафари ҳайат бо маросими расмии табодули тӯҳфаҳо ба анҷом расид, ки он рамзи муносибатҳои мустаҳкам ва омодагии тарафайн ба густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад.

Боздиди мазкур аҳамияти саъю талошҳои пайвастаро ҷиҳати такмили зинаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки барои рушди неруи кории оянда таъсири мусбат мерасонанд, таҷассум мекунад.

Дар рӯзи дуюми сафари расмии худ ба шаҳри Пекин ҳайати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор чорабиниҳои муҳим, ки ба мустаҳкам кардани муносибатҳои шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти таҳсилоти касбӣ равона шудаанд, иштирок намуд.

Аз ҷумла, ҳайат ҷиҳати боздид аз қароргоҳи Ташкилоти “NALIKE” (NALIKE International Education Technology), ки бо Кумита моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо намуда буд, сафарбар гардида, зимни мулоқот бо роҳбарияти он роҳҳои рушди минбаъдаи лоиҳаҳои муштараки соҳаи таҳсилоти касбиро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни музокирот, инчунин, масъалаи роҳандозии навоварӣ дар соҳаи таҳсилот ва ҳалли мушкилот дар ин замина, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Инчунин, ҳайат дар Семинар оид ба баланд бардоштан ва рушди малакаҳои техникӣ байни Тоҷикистон ва Баодини Чин иштирок намуд. Шарифхон Файзов бо намояндагӣ аз Кумита дар семинари мазкур суханронӣ намуда, ба вусъати доираи ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва аҳамияти муҳим доштани мубодилаи донишу таҷриба ва ҳайатҳои корӣ таъкид намуд. Дар баромади худ ӯ, инчунин, ба зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо ҷиҳати омода кардани донишҷӯён ва мутахассисон барои вокуниш нишон додан ба таҳдидҳои муосир дар соҳаи техникӣ-технологӣ ишора намуд, ки муҳиму саривақтист.

Зимни чорабинӣ байни ҳайати Кумита ва намояндагони ҳукумати маҳаллии Баодин, Идораи маорифи шаҳрии Баодин ва Коллеҷи касбӣ-техникии Баодин табодули афкор сурат гирифт. Ин мубоҳисаҳо ба ҳамдигарфаҳмии умумӣ дар самти мустаҳкам кардани ҳамкорӣ интиҳо ёфта, ҷонибҳо омодагии худро барои фаъолона амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти зинаи таҳсилоти касбӣ изҳор намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ маросими тақдими туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифта, чонибҳо аз натиҷаи семинари мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Рӯзҳои 20-22 ноябри соли 2024 дар шаҳри Тянҷини Хитой Конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ ва техникӣ баргузор гардид, ки ҳайати Кумита барои иштирок дар чорабинии мазкур даъват гардиданд. Ин ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дар он намояндагони баландпояи соҳаи таҳсилоти касбии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Тибқи барномаи чорабинӣ роҳбари ҳайат Шарифхон Файзов дар конференсияи “Навоварӣ - таҳкимбахши оянда, маҳоратҳо равшанбахши ҳаёти нав” роҷеъ ба мақоми Кумита, самтҳои фаъолияти он, дастовардҳои дар чанд моҳи фаъолият бадастомада ва мушкилоти соҳа суханронӣ намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои ҳамсони давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати барқарор намудани равобиту ҳамкориҳои дуҷониба бо Кумита мароқ зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки қарор аст муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷониби Чин дар якҷоягӣ бо Кумита моҳи апрели соли 2025 чорабинии сатҳи баландро дар мавриди рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ва малакаҳо баргузор намоянд, ки ин иқдом ҷиҳати муаррифии бештари Кумита мусоидат намуда, барои вусъат додани доираи ҳамкориҳои байналмилалии он замина мегузорад.

Пас аз анҷоми чорабиниҳои илмӣ санаи 22 ноябр ҳайати Кумита ба шаҳри Пекин раҳсипор гардида, барои тамошо ба мавзеъҳои таърихии шаҳри Пекин сафарбар карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, сафари кории мазкур мусбат арзёбӣ гардида, он барои роҳандозӣ ва таҳкими робитаҳои хориҷии Кумита муфид аст.

2024-11-27 18:52:38

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯИИ "МАЛАКАИ КАСБӢ"БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Имрӯз, 27 ноябр, дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии озмуни "Малакаи касбӣ" баргузор мегардад.

Мувофиқи нақша қабл аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар саҳни Кохи Суруш намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад .

Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ гузаронида шуд .

Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки 26-27 ноябр дар литсейҳои касбии политехникӣ, сохтмонӣ ва дӯзандагии шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Малакаи касбӣ" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ сурат мегирад .

Даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

 

2024-11-26 22:04:28

ҶАРАЁНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ ДАР ЛИТСЕЙҲОИ КАСБИИ ПОЛИТЕХНИКӢ, СОХТМОНӢ ВА ДӮЗАНДАГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶАРАЁНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ ДАР ЛИТСЕЙҲОИ КАСБИИ ПОЛИТЕХНИКӢ, СОХТМОНӢ ВА ДӮЗАНДАГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2024-11-26 22:02:20

ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» ОҒОЗ ГАРДИД

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамов Айёмбек, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ ва иштирокчиён даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро Фарҳорд Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат, ки дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, гузаронида мешавад, зеро дар ҷаҳони муосир бе доштани ҳунар ва ё ихтисоси мувофиқ шахс наметавонад мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад ва рӯзу рӯзгорашро пеш барад.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ гузаронида мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти кишвар зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд, ин мувофиқ ба талаботи рӯз омӯзонидани касбҳои коргарӣ ва дар ин замина соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи дуру наздик ворид намудани онҳо мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони кишвар барои омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба онҳо пайваста тадбир меандешад. Бо назардошти гузариш ба низоми байналмилалӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳсил озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки 26-27 ноябр дар литсейҳои касбии политехникӣ, сохтмонӣ ва дӯзандагии шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Маросими даври ҷамъбастии озмун 27 ноябр, соати 15:00, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад. Қабл аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар саҳни театр намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

2024-11-24 14:07:48

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР ТАҶЛИЛ ШУД

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи меҳмонон, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён таҷлил гардид.

Директори коллеҷ Раҷабов Баҳодур Баҳромович қайд кард, ки Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Ин парчам дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ сабт шудааст. Дирафши Коваён, ки дар гузашта ҳамчун рамзи адолат, ваҳдат ва қудрат шинохта шудааст, имрӯз бо шукӯҳи тоза дар шакли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ парафшон аст.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Васихова З. З. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ на танҳо нишони истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, балки рамзи фарҳангу тамаддун, орзую ормонҳои поки миллати тоҷик аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён бо шукӯҳи хоса муаррифӣ шудааст. Ин парчами муқаддас имрӯз бо саъю кӯшишҳои созандаи мардуми тоҷик дар партави сиёсати созандагӣ ва дастовардҳои беназири кишвари азизамон парафшон аст.

Дар идомаи чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор Шуҳрат Аминов як зумра кормандон ва омӯзгорони муассисаро барои мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли муассиса барномаи фарҳангии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.

2024-11-24 14:05:13

ҚАДРДОНИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД БО “СИПОСНОМА”-И ҲХДТ

21 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” доир гардид.

Дар интиҳои кори конференсия ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиннома ва барномаҳои ҳизб ва ба муносибати 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд, сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардид. Аз ҷумла, Игамова Ирода, директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод, бо “Сипоснома”-и ҲХДТ қадрдонӣ шуд.

2024-11-24 14:03:45

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

24 ноябри соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.

Тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиён, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдории давлатдории миллии мо инъикос ёфтаанд, таҷассумгари асолату ҳувияти миллӣ ва нангу номуси тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва соҳиби таърихи бостонӣ ба шумор мераванд.

Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.

Хусусан, дар вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза Парчами давлатии мо ба рамзи ҳувияти миллӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат табдил ёфтааст.

Сатрҳои «Зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери Парчами ту саф кашидаем», ки дар Суруди миллии кишвар садо медиҳад, дар замири ҳар як шахси огоҳу бедордил хотираи пур аз ифтихори таърихӣ ва эҳсоси садоқат ба ойину анъанаҳои деринаи миллиро бедор месозанд.

Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ мо тавонистем, ки маҳз таҳти Парчами миллии худ раванди эъмори давлати пояндаи хешро бар пояи арзишу суннатҳои миллӣ вусъат бахшем.

Чанд рӯз пеш мо 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёрро ботантана таҷлил намудем, ки дар он Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ, нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардидааст. Яъне Парчам дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад.

Дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар баёнгари воқеияте мебошанд, ки мардуми шарафманди тоҷик таҳти Парчами давлатии худ имкони ба таърихи гузашта ва мазмуну моҳияти воқеии давлатдории навини хеш бо чашми ибратомӯз ва диди нав назар намуданро пайдо карданд.

Маҳз дар заминаи чунин ҷанбаҳои ибратомӯзи таърихи пурифтихори худ мо ба сӯйи ояндаи дурахшони давлат, Ватан ва халқи ободгару созандаамон бо эътимоди қавӣ ва қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Ба ин маънӣ, ойини парчамдории мо ҳамчун суннати пайвандгари наслҳо ва омили иттиҳоду сарҷамъии сокинони мамлакат умри ҷовидонӣ хоҳад дошт.

Ҳамватанони арҷманд!

Имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти парафшонии Парчами давлатии худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳдӯст муаррифӣ гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтикороти моро ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим ва дигар масъалаҳои мубраму доѓи рӯз дастгирӣ мекунад.

Ҳоло Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи парчамҳои давлатии дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад, ки дар баробари эҳсоси ифтихор масъулияти ҳар як фарди ҷомеаро баланд мебардорад. Аз ин лиҳоз, эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад.

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ аз ҷониби сокинони кишвар, ба таври шоиста ва дар ҷойҳои муносиб афрохтани он, аз ҷумла дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооту биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ, хатти марзи сарҳади давлатӣ, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ нишонаи ифтихор аз давлату давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Мо ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ бояд ҳамеша талқин намоем, ки парчами давлатӣ шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва рӯйи сурху сари баланди ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Хотирнишон месозам, ки мо таҳти Парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург, аз ҷумла ваҳдати миллӣ ва даврони созандагӣ расидем ва минбаъд низ бо ҳамин рамзи муқаддас сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми кишвар, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ пеш хоҳем бурд.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ин рамзи муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол бар сари давлату миллати шарафманду сарбаланди тоҷик ба таври ҷовидона парафшон бошад ва моро ба сӯйи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

2024-11-22 21:24:51

Иштирок дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

22 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст ба ҷониби Россия барои пазироии самимӣ ва анҷоми раёсати бобарори ин ҷониб дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуданд.

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи нақши институти мушоҳидаи байналмилалии интихобот дар рушди демократия ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаҳои худро иброз намуданд.

Зикр карда шуд, ки мушоҳидаи байналмилалии равандҳои интихобот ва раъйпурсӣ аз муҳимтарин унсурҳои ҳамкории сиёсиву ҳуқуқии байни кишварҳо ба ҳисоб рафта, нақши он дар такмили танзими ҳуқуқӣ ва заминаи қонунгузории миллии омодагӣ ва гузаронидани интихоботҳо, назаррас аст.

Дар идомаи кори ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

www.majmilli.tj

2024-11-22 21:20:05

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар идомаи 32-солагии таҷлили Иҷлосияи ХVI тақдирсози миллат бо муҳаббат ва самимият ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба таърихи парчамдории аҷдодон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати мустақилу соҳибихтиёр аст.

Имрӯз халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён дар қатори мардуми сарсари давлатҳои сайёра бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери Парчами миллӣ ба меҳнати фидокорона барои сарсабзию шукуфоии диёр саҳм гузошта, аз сиёсати ояндасози давлати ҳукумат ва Сарвари хирадманди худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.

Мо огоҳ ҳастем, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992) дар баробари ба ҷаҳониён эълон доштани барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ се муқаддасоти давлатдорӣ, се рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул карда шуданд.

Дар таърихи ҷаҳон парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ба ин маъно ифодагари мақсаду маром ва таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост. Аз ин лиҳоз чуноне ки Сарвари давлат, таъкид намуданд: «Парчами имрӯзаи давлати яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва размҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду мааром ва орзуву ормонҳои таъмоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар ин замина, эълон шудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Парчами миллии имрӯзаи давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ намоди истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Қобили таъкид аст, ки бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад, зеро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром зоҳир карда мешавад.

Агар ба таърих назар кунем, сарчашмаҳои таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои “парчам”, “алам”, “дирафш” ва “байрақ” дар миёни аҷдодони мо аз қадим маълум ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ корбурд шудаасту дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор парчами худро доро буданд. Аз ин рӯ, парчам таърихи хеле қадим дорад.

Дар аксари сарчашмаҳои қадими гуногун мазмун оид ба «Диравши ковиёнӣ» маълумот оварда шудааст. Ба андешаи таърихнигорон аввалин намунаҳои парчам дар хиттаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ дониста шудааст. Масалан дар «Авасто», ки сарчашмаи қадима ба ҳисоб меравад, дар бораи парчам ва тарзи истифодаи он иттилои бисёр муфид омадааст ва бо таъсири он баъзе ҷиҳатҳои таърихии ин масъала дар асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» ва дигар осори таърихиву адабӣ акс ёфтаанд.

Ҳамин тавр, парчам ифтихор аз сарбаландии миллат аст ва он дар замони Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон чун рамзи баҳамоии миллат шинохта шуда, он дар мамолики хориҷӣ ҳангоми ғолибият дар мусобиқаҳои варзишӣ афрохта мешавад.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони азиз, зери парчами давлати худ манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, ба устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамьиятӣ ва сулҳу суббот кору фаъолият доранд. Таьрихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини кишвар муқаддас буда, бо шарофати ҷилои он мардум бештар муттаҳид ва боиси анҷоми амалҳои нек гашта, ифтихори зиёдеро дар замири худ мепарастанд.

Давлатзода Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-11-22 21:17:13

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ҲИСОР

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор” чорабинии тантанавӣ зери унвони “Парчами миллӣ рамзи осоиштагӣ” бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ пас аз садо додани Суруди Миллӣ муовини директор оид ба таълим Раънои Камолиддин баромад намуда, ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди диёрро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ самимона таҳният гуфта, оид ба таърихи парчам маълумоти мухтасар манзур намуданд.

Сипас, донишҷӯён маърӯза ва барномаи фарҳангии омоданамудаашонро пешкаши ҳозирин гардониданд.

2024-11-22 21:10:47

ПАРЧАМ - САРИ БОЛОИ МИЛЛАТ

Чист Парчам? – ифтихори миллат аст,

Чист Парчам? – иқтидори миллат аст.

Ҷуз Парчам нест тоҷикро нишон,

Чист Парчам? – эҳтироми миллат аст.

Оре, таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамчун дорои таърихи куҳан ва миллати фарҳангдӯсту ориёӣ аз қадимулаём соҳибпарчам буда, маҳз пайдоиши Парчам аз мо, тоҷикон маншаъ мегирад. Агар ба таърих бо чашми хирад нигарем, дар он садҳо ҷилои ҷилваи муборизаи ҳузнангези мардуми шарафманду сарбаланду ватандӯсту қаҳрамону мондагору таърихии фарзонафарзандони тоҷикро баҳри ҳифзи марзу бум, пос доштани номуси ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллиро бо ивази ҷон мебинем, ки боиси ифтихору сарфарозист. Бале, тоҷикон аз қадим дорои чунин ғурури миллӣ ва ватандорӣ ҳастанд ва то имрӯз ин насли асил оини ватандориву мероси гаронбаҳои ниёгони худро гум накарда, онро бо ғурури ватандорӣ идома дода истодаанд. Маҳз, ғуруру номуси Коваи оҳангар – яке аз фарзандони аҷдодони мо, тоҷикон буд, ки бар зидди ҷаҳолат ва зулму ситам матои пешбанди худро ҳамчун Дирафш, ки дар замони ҳозир маънои Парчамро ифода мекунад, истифода бурда, ҳамчун қувваи некӣ бар бадӣ ғалаба кард ва аз он рӯз иборатан он Диравши Коваён ном гирифта, аввалин Парчам ба ҳисоб меравад.

Тазаккур бояд дод, ки маҳз аввалин Парчам, ки баҳри барҳам додани қувваи бадӣ ва нишонаи ғалаба кардан арзи ҳастӣ кардааст, басо рамзист ва воқеан Парчам доштан ин ифтихорманду иқтидорманд будан аст. Парчам ин муқаддасоти миллие мебошад, ки ба воситаи он халқияту миллату давлатҳо дар ҷаҳон муаррифӣ мегарданд. Чунончӣ ҳар як варзишгар, иштирокчии олимпиада ва ё дигар намояндаи давлат ба ягон мусобиқа, олимпиада ва ё ҳамчун намоянда дар сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунад, ҳатман бо худ Парчамро мебарад ва ҳангоми ғолибият бо ифтихор онро парафшон мекунад, зеро он яке аз рамзҳои муҳимми давлатӣ ба шумор рафта, муаррифгари давлату миллат ва мояи ифтихори халқ аст. Дар баробари ин, Парчамро боз дар ҳамагуна чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии миллӣ низ ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар пеш мегузоранд, ки ин ҳам аз садоқату ифтихору ғурури ватандорӣ шаҳодат медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки модари тоҷик чун ҳамеша насли қаҳрамон ба дунё меоварад. Инҷост, ки дар натиҷаи ҷонбозиҳову қаҳрамониҳо ва фидокориҳои фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ иборат аз се ранг бо ифодаи мазмунҳои баланд қабул карда шуд, ки то ба имрӯз сари болои мост. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли Ватан Парчами давлатии мо бо баландтарин поя дар саросари ҷаҳон дар маркази пойтахти азизамон - Душанбешаҳр қомат афрохт, ки тамоми сокинону сайёҳон ва меҳмононро тасхир намудааст.

Бояд гуфт, ки ҳар фарди бонангу номусро зарур аст, ки шиори “ДАР ХУНИ МАН ҒУРУРИ НИЁГОН НУҲУФТА АСТ”-ро аз они худ намуда, аз ин муқаддасоти миллӣ ифтихор кунад, онро эҳтиёт намояд ва барои абадан парафшонии Парчами азизу зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷонашро дареғ надорад, зеро Парчам бахт, ҳастӣ, номусу нанг, ғурур, нур ва сари болои мо аст. Дар ифода ва мазмуни ин гуфтаҳо Шоири халқии Тоҷикистон, шахсияти ватансаро Муҳаммад Ғоиб мегӯяд:

Дар пеши назар чу нур Парчам монед,

То кам нашавад ғурур Парчам монед.

Ташвиши ватандор ба поён нарасад,

Мирам ба даруни гур Парчам монед.

Саидаброр САИДӢ, мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе

2024-11-22 21:08:26

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР ТАҶЛИЛ ШУД

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи меҳмонон, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён таҷлил гардид.

Директори коллеҷ Раҷабов Баҳодур Баҳромович қайд кард, ки Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Ин парчам дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ сабт шудааст. Дирафши Коваён, ки дар гузашта ҳамчун рамзи адолат, ваҳдат ва қудрат шинохта шудааст, имрӯз бо шукӯҳи тоза дар шакли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ парафшон аст.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Васихова З. З. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ на танҳо нишони истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, балки рамзи фарҳангу тамаддун, орзую ормонҳои поки миллати тоҷик аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён бо шукӯҳи хоса муаррифӣ шудааст. Ин парчами муқаддас имрӯз бо саъю кӯшишҳои созандаи мардуми тоҷик дар партави сиёсати созандагӣ ва дастовардҳои беназири кишвари азизамон парафшон аст.

Дар идомаи чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор Шуҳрат Аминов як зумра кормандон ва омӯзгорони муассисаро барои мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли муассиса барномаи фарҳангии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.

 

2024-11-21 18:05:00

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро намояндагони расмии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва шаҳри Санкт-Петербург, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ самимона пазироӣ карданд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе, уважаемый Рустам Эмомали прибыл в город Санкт-Петербург Российской Федерации для участия в очередном заседании Совета и 57-м пленарном заседании Межпарламентской Ассамблеи Содружества Независимых Государств. Официальные представители Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации и города Санкт-Петербурга, Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации и другие официальные лица сердечно приветствовали высокого гостя, Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустама Эмомали в Международном аэропорту Пулково.

2024-11-21 10:33:56

РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Парчам яке аз нишонаҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи муҳимрол бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷгузор бошанд.

Воқеан, парчам омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик таъкид кардаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад - нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

Саидзода Масрур Мирзохон,

директори Коллеҷи техникӣ

 

2024-11-21 10:29:11

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ИФОДАКУНАНДАИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Нақш ва мавқеи ҳизб дар системаи сиёсӣ дар бештари мавридҳо ба воситаи вазифаҳои он муайян карда мешавад. Иҷроиши вазифаҳо самти фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро инъикос менамоянд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ифодакунандаи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синфҳо мебошанд. Ҳизби сиёсӣ дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат ҳамчун миёнарав шинохта шуда, талабот ва манфиатҳои муҳимми иҷтимоиро ба таври расмӣ муаррифӣ менамояд ва онҳоро вориди баҳсҳои сиёсӣ месозад. Ҳамчунин, ҳамгироӣ ва сафарбарнамоии аъзоёни гурӯҳ, ташаккул додани онҳо ва дар атрофи мақсадҳои ягона муттаҳид намудани онҳо яке аз вазифаҳои муҳимми ҳизби сиёсӣ ба шумор мераванд. Тағйиротҳои иҷтимоии сохтори ҷомеа тӯли солҳои охир таркиби иҷтимоии ҳизбҳои сиёсиро ноустувор ва номушаххас гардонида, ҳувияти ҳизбии интихобкунандагонро заиф гардонидааст.

Муайян намудани самти фаъолияти сиёсии ҳизб, коркарди барномаи ҳизб, ташаккули стратегия ва тактикаи вазифаҳои идеологии ҳизби сиёсиро ташкил медиҳанд. Одатан, ҳизбҳои сиёсӣ дорои барномаҳои сиёсии дарозмуддате мебошанд, ки онҳо ба меъёрҳои муайяни ҳизбӣ асос меёбанд. Идеология бошад асоси назариявии фаъолияти ҳизбро ташкил медиҳад.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст оварда, ба эъмори сохторҳои нави ҳокимият пардохт. Дар Тоҷикистон ҷомеаи бисёрҳизбӣ ба вуқуъ пайваст. Вале, бисёре аз созмонҳо ва иттиҳодияҳои ба вуҷудомада, характери маҳалгароӣ ва мазҳабӣ доштанд ва маҳз ҳамин боиси оѓоз гардидани рақобатҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ шуд, ки оқибат зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар қурбони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гардиданд. Ҳамин тариқ, дар аввали солҳои 90-уми қарни ХХ дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пайдо шуда, ба фаъолият пардохтанд.

Дар ташаккули низоми бисёрҳизбӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки моҳи декабри соли 1990 ба тасвиб расида буданд, мусоидат намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар ба шумор мерафт. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ѓояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.

Самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз муттаҳид намудани неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буда, ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққиро таъмин намудан иборат буд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ширкаткунандаи фаъоли равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир мебошад. Бинобар ин, истифодаи тамоми василаҳо дар ин самт метавонад ба раванди татбиқи сиёсати хориҷии давлат мусоидат намояд.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин омил вакилон-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иштироки ҳадафмандона дошта, дар кори ассамблеяҳои байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Авруосиё, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Осиё ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона дорад.

Густариши робитаҳои байнипарламентӣ дар масъалаи омӯзиши қонунгузории ин давлатҳо ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар фаъолияти қонунгузории вакилон ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар аҳаммияти хоса доранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақвияти муносибатҳо дар байни кишварҳои гуногуни олам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкориҳои муфид бо ҳамаи аҳзобе, ки барномаҳояшон бо Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон наздиканд, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳояш талош меварзад.

Фаъолияти мақоми олии қонунгузор, бешубҳа, дар бобати беҳтар шудани некӯаҳволии мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолату ҳимояи онҳо нақши бисёр арзишманд дорад. Аз ин лиҳоз, ба мақоми қонунгузор бояд шахсони соҳибмаърифату баландихтисос, забондону сухандон ва обрӯманду соҳиби хислатҳои баланди инсонӣ пешбарӣ карда шаванд, то ки дар раванди қонунэҷодкунӣ, яъне таҳияву қабули санадҳои барои пешрафти ҷомеаи демократиамон зарурӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар байни мардум намунаи ибрат бошанд.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Зеро ҳар ҳизбе, ки дар ҷомеа нуфуз дорад, имконияти бештари иштирок дар такмили фазои қонунгузории кишварро пайдо намуда, ба ин восита ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Дар робита ба ин, бояд ҳар як ташкилоти ҳизбӣ ва аъзои он бо эҳсоси масъулияти баланд дар раванди демократикунонии ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва рушду тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузорад.

Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муттаҳидию ба ҳам овардани миллат ва халқи Тоҷикистон хидмати таърихӣ намуда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дода, тоҷиконро ба сулҳи комил ҳидоят намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди комили иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз он ҷумла соҳаи энергетика, коммуникатсия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбанд, ноил гардид.

Абдулқосим РАҲИМОВ,

саромӯзгори кафедраи забон ва дабиёти тоҷики

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои филологӣ

 

2024-11-21 10:27:33

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» АЗ ҲИСОБИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Дирӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар қишри ҷомеа ширкат намуданд.

Қайд гардид, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 октябри соли 2024, №705 озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, низом ва тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва бартарияти ҳуқуқ, рушду инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ҷомеаи маданӣ, густариши тарбияи ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмун аз муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе довталабон пешниҳод гардиданд ва дар умум 18 нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Исроилова Муниса Саломиддиновна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси таҳсилоти ибтидоии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1, Шарипова Бибимайсара, донишҷӯи курси 2-юми факултети кори тиббӣ-ташхисии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Гуреззода Меҳрнигор, донишҷӯйи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова барандаи мақоми 2, Зоирзода Умар, донишҷӯи курси 2-юми Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова, Маҳмудова Мадина, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва менеҷменти Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва Долаев Расул сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Ба ғолибони озмун диплому туҳфаҳои хотирмон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд. Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, бо иштироки ҳунармандони мумтози ҷумҳурӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

2024-11-21 10:25:47

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Давоми 32 сол мешавад, ки парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвари биҳиштосоямон ҷовидона парафшонӣ менамояд. Таҷлили Рӯзи Парчам нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлолхоҳӣ мебошад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Ҷашни Рӯзи Парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост».

Аз ин сабаб, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, он мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дошта, дар маъхазҳои таърихӣ ҳодисаҳои пурифтихори миллӣ дарҷ гардидааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.

Тавре ки Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Мо ҳамагон хуб медонем ва дарк ҳам кардаем, ки кори давлатдорӣ, роҳбарӣ намудан ба давлату миллат, муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ, таъмини сулҳу суботи бемайлон ва зиндагии арзандаю шоистаи мардум кори саҳл ва осон нест. Бо вуҷуди ин ва новобаста ба душвориҳои замони пурпечутоби муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба таълим ва тарбияи насли наврас, ба камол расидани ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Эълон намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ““Тоҷикон” дар оинаи таърихи миллат”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” шаҳодати гуфтаҳои болост!

Имрўз халқи Тоҷикистон маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои муаззами миллат зери парчами сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона аз як гиребон сар бароварда, дар раванди рушди устувори созандагиву бунёдкорӣ саҳми хешро мегузоранд. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, рангҳои он рамзҳои ба худ хосро доранд. Аз ҷумла, ранги сурх– ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст, ки тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббату садоқат ба Ватан аст.

Ҳар шаҳрванде, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии парчами миллӣ ба ӯ эҳсоси гуворои худшиносию арҷгузориро ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Борҳо шоҳид гардидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.

Қобили тазаккур аст, ки истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ фаҳмонида шуда, бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ин мазмун қайд кардаанд, ки «Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад».

Дар ин замина, 12 октябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне, дар паи ин тағйирот маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида шуд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз сарзамину бостонию давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мусоидат менамояд.

Оре, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон ҳадафҳои созандаи моро дар баландтарин қасру минбарҳои минтақавию байналмилалӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси сарбаландию сарфарозиҳои мо-ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Назарзода Маҳмуд Мирзо,

директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ,

номзади илмҳои филология

 

2024-11-20 20:15:30

ПАРЧАМ - РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлоли миллӣ заминаҳои таърихии шаклгирӣ ва қабулро бо дарназардошти сохти низоми идоракунии давлат доро мебошад. Бо дарназардошти заминаҳои таърихии рушди давлатдорӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол шаклгирии Парчами давлатӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад.

Парчами миллӣ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.

Ифтихор аз парчам аз миллати куҳанбунёд будани мо гувоҳӣ дода, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат аст. Пас, пос доштани Парчами давлатӣ ин эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст. Омӯзиш ва шинохти Парчами миллӣ – ин василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллӣ аст.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду инкишофи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ раҳнамоӣ менамояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, дар қароргоҳҳои ҳукуматӣ, мақомоти давлатӣ ва ғайра гузошта мешаванд. Имрӯз тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои қиматнок, ифтихорномаю шаҳодатнома, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтааст ва хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари даврони соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихори миллат маҳсуб гардида, заминаҳои ҳуқуқии худро дорад. Ин рамзи давлатдорӣ дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ мустаҳкам карда шуда, гиромидошту ҳифзи он ва ҳамеша парафшон нигоҳ доштани он вазифаи муҳими шаҳрвандии мо сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчам рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ буда, боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Маҳз дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари азизу маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлоли даҳҳо иншооти бузурги аср ва ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ ва маишӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо аз самараи заҳмату меҳнат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ватандорӣ, доштани ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номуси ҳар як миллату давлат ба шумор рафта, барои нигоҳ доштан ва то ба имрӯз ба мерос гузоштани ин рамзи давлатӣ садҳо фарзандони сарсупурдаи ватан ҷонисорӣ намудаанд, ки ин ин рамз то ба имрӯз боқӣ монад ва барои насли минбаъда хизмат намояд.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон гардидааст, ки ин аз соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии кишвари азизи мо Тоҷикистон дарак медиҳад.

Мо шаҳрвандон бо рисолат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши баланди миллӣ ба ҷо орем.

Бобоҷон АБДУКАРИМЗОДА,

директори Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе