
ҲУНАРМАНДЕ, КИ АФСОНАҲОРО ЗИНДА МЕКУНАД
2025-01-16 07:48:43
Эргашбой
Ғафуров, устоди Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ягона
нафарест, ки то ҳол ин ҳунари қадимиро идома медиҳаду дар ин самт шогирдонро
омода менамояд. Ӯ ба сохтани аъҷубаҳои гуногун, аз ҷумла бозичаҳо аз маҳсулоти
гуногун бо шаклҳои ғайриодӣ машғул асту кӯшиш мекунад, ки ин ҳунарашро ба насли
наврасу ҷавон низ нишон диҳад.
Бино ба нақли худш, ӯ беш аз 40 сол боз бо аъҷубасозӣ
машғул аст. Ин ҳунар ба ӯ аз бобокалонаш усто Ғафури кулолгар мерос мондааст,
ки дар ҳавзаи ҳунарии Истаравшан шахсияти номдор ва устои моҳиру чирадаст буд.
Ҳунарманд аз он дар хавотир аст, ки агар насли навраси имрӯз ин ҳунарро ҳифз
накунанд, боз як ҳунари қадимӣ моли таърих мегардад. Аз ин рӯ, мекӯшад, ки
донистаҳояшро ба шогирдон омӯзонаду онҳоро дар ин ришта ҳамчун мутахассис омода
намояд.
Ҳамсуҳбатамон ба ёд овард, ки аввалин аъҷубаи сохтааш
муҷассамаи харчае буд, ки дар болояш одам нишастааст. Бобояш таваҷҷӯҳи ӯро ба
ҳунари аъҷубасозӣ дида, барои дилгарм сохтани аберааш онро дар хумдон пухта,
аввалин маҳсули заҳматашро ба дасташ додаст. Он вақт қаҳрамони мо бо вуҷуди
оне, ки 10 сол дошт, бо таваҷҷуҳи беандоза ба омӯхтани ҳунари аъҷубасозӣ камари
ҳиммат баст.
“Фикр мекунам, аксари он нафароне, ки дар деҳот ба воя расидаанд, ҳатман
дар овони кӯдакӣ аз лойҳои оддӣ чизҳои гуногун, махсусан бозичаҳои гилӣ
сохтаанд. Дар хонаи мо, ки лойи кулолӣ фаровон буд, ҳар рӯз аъҷубае месохтам.
Ба ин кор бобокалонам бештар кӯмак мекарданд. Дар фасли гармо бо аҳли оила аз
саҳар то шом ба сохтану ороиши аъҷубаҳо машғул мешудем. Имрӯз он саҳнае, ки дар
овони кӯдакиям буд, айнан такрор меёбад. Ман бо аҳли оила нишаста, ба
наберагону пайвандон тарзи сохтани аъҷубаро меомӯзонам. Фарзандону наберагонам
аз нозукиҳои ин ҳунар воқифанду кам-кам бо ин кор машғул мешаванд. Фикр
мекунам, агар онҳо низ ин ҳунарро аз худ накунанд, боз як ҳунари қадимӣ моли
таърих мегардад. Ҳарчанд имрӯз таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин навъи ҳунар зиё аст,
аммо ҳифз намудану ба ояндагон мерос гузоштани ҳунар мушкил аст”,- зикр кард
қаҳрамони мо зимни суҳбат.
Дар синфхона-устохонаи таълимиаш дар Коллеҷи
ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ шоҳиди он шудем, ки аъҷубаҳои сохтаи ӯ шаклу
намуди тааҷҷубовар доранд ва кас аз диданашон гумон мекунад, ки онҳо як бозёфти
таърихианд.
Мушоҳидаи чандлаҳзаинаи мо дар ин устохона мо нишон
дод, ки бештари онҳо дар сурати аждаҳо, дев, махлуқҳои тахайюлии тарсангез ва
пайкараҳои ҷонварони гуногун сохта шудаанд. Баъзе аз онҳо бо доштани даҳони
калон, чашми сеқабата ё думи хурду калон шаклашонро иваз намуда, тарсовар
шудаанд.
“Аъҷубаҳо хусусияти мифологӣ доштанд. Гузаштагони мо онҳоро ҳамчун
рафъкунандаи қувваи бадӣ ва шиканандаи сеҳру ҷоду медонистаанд. Дар аксари
хонаҳо аъҷубаро дар ҷойҳои чашмрас нигоҳ медоштанд, то нафаре, ки бо чашми бад
меояд ба он бархӯрда, шиканаду чашми бад ба он хонавода таъсир нарасонад. Аз ин
хотир, қариб дар ҳамаи хонаҳо аъҷубаҳоро вохӯрдан мумкин буд. Онҳоро ҳамчун
ҳуштак низ истифода мебурданд, аммо дар мавридҳои хос. Кӯдакон бештар дар ҷашни
Наврӯз аз аъҷуба ҳуштак мекашиданд. Ин амали онҳо гӯё боронро ҷеғ мезадааст.
Ҳоло кӯдакон онро ҳамчун бозича ё ҳуштак истифода мебаранд. Аз ин рӯ, ҳаҷми
аъҷубаҳо низ хурдтар ва ба дасти кӯдакон мувофиқ шуданд”,- гуфт Эргашбой
Ғафуров зимни суҳбат.
Бояд гуфт, ки аъҷубаҳои сохтаи ӯ якранг набуда, аз
ҳамдигар бо доштани ягон навгонӣ фарқ мекунанд. Масалан, чашм, даҳон ё ҳадди
ақал ранги онҳо бо ҳам монанд набуда, аксари аъҷубаҳо ба паранда ё ягон намуди
дигари ҳайвон монанданд ва ҳам бо як ё ягон ҷузъиёт фарқ мекунанд.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, ваҳмовар ё ғайриодӣ будани
аъҷубаҳо ҳатмист, зеро худи мафҳуми аъҷуба маънои тааҷҷубоварро дорад. Барои
сохтани аъҷуба аз асбобҳои махсус ба мисоли қолибчӯб ва теғҳои борик истифода
мебаранд. Онҳоро бештар сайёҳон харидорӣ мекунанд.
Вақте ки мо аз устод Эргашбой Ғафуров тарзи сохтани
аъҷубаро пурсон шудем, ӯ нақл кард, ки аъҷубаро комилан аз маҳсулоти табиӣ
месозанд ва барои сохтани он аз хоки зард ва гили бӯта истифода мебаранд.
Ороиши аъҷубаҳо низ пурра бо рангҳои табии дастисохт сурат мегирад.
“Миқдори муайяни хоки зард ва гили бутаро гирифта, аз он лойи кулолӣ омода
мекунем. Пас аз омода шудани лой дар ҳар шакл аъҷуба месозем. Аъҷубаҳои тайёрро
дар ҷойи сояофтоб мехушконем. Вақте ки онҳо хушк мешаванд, дар ҳарорати 750-800
°С дар хумдон мепазем. Аъҷубаҳо, ки пухта шуданд, онҳоро бо оҳак ранги сафед
намуда, бо рангҳои сабзу сурх оро медиҳем. Рангҳоеро, ки барои ороиш истифода
мешаванд, бо ӯсмаву ҳина омода мекунем”,- гуфт қаҳрамони мо.
Эргашбой Ғафуров бо ин ҳунараш дар озмуну фестивалҳои
зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби диплому ҷоизаҳо
гардидааст. Ӯ аз он хушҳол аст, ки эъҷози дастонашро дар ҳар кишваре пайдо
кардан мумкин аст, зеро сайёҳони зиёде ба маҳсули дастони ӯ диққат намуда,
онҳоро ҳамчун ёдгорӣ, армуғон ё сувеннир харидорӣ кардаанд.
“Ин ҳунар маро ҷаҳондида намуд. Маҳз ба воситаи аъҷубасозӣ ба якчанд
кишварҳо сафар намудам ва ҷаҳондида шудам”, - бо ифтихор таъкид кард ҳунарманд.
Устод дар баробари ҳунар ба шогирдон роҳи ростро нишон
дода, пайваста барояшон таъкид менамояд, ки ҳунарманди хуб шаванду бо иштирок
дар озмунҳо ва ишғоли ҷойҳои намоён номи Истаравшани бостониро бардоранд, зеро
ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намегардад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Ҷаҳони ҳунар»,
Душанбе-Истаравшан-Душанбе
