Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БАРРАСӢ ВА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР
single-product

БАРРАСӢ ВА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР

2025-01-14 18:53:21

Санаи 14 январи соли 2024 дар муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар" ҷаласаи муҳими илмиву маърифатӣ таҳти унвони "Барраӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони коллеҷ ширкат варзида, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Директори коллеҷ, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёкубҷон, бо як маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, дар бораи самтҳои калидии Паём, бахусус афзалияти рушди соҳаи тандурустӣ, маълумоти мушаххас ва оморӣ ироа намуд. Мавсуф таъкид кард, ки Пешвои миллат дар Паёми худ рушди тандурустӣ ва таъмини шароити мусоид барои мардумро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муаррифӣ карданд. Ба гуфтаи Одилзода Исмоил, маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар соли 2025 ба 4,3 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3,076 муассисаи тиббӣ дар кишвар бунёд ёфта, даҳҳо беморхона ва марказҳои саломатӣ таҷдид ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд. Одилзода Исмоил дар маърӯзаи худ қайд кард, ки чунин дастовардҳо на танҳо сатҳи саломатии мардумро беҳтар намуданд, балки ба эътибори байналмилалии системаи тандурустии кишвар низ мусоидат карданд.

Ҳайати роҳбарият ва омӯзгорон бо таваҷҷуҳи хосса ба паҳлуҳои дигари Паём, аз ҷумла нақши рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ дар таъмини амнияти миллӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум, гӯш доданд. Директори коллеҷ дар идомаи суханронии худ афзуд, ки дар Паёми имсола таъмини омодагии мутахассисони баландихтисос, таҳкими заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои навин дар низоми таълим, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, ҳамчун ҳадафҳои афзалиятнок муайян шудаанд.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ҳамчун муассисаи таълимии пешқадам дар омода кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад, роҳбарият нақша дорад, ки бо истифода аз дастури Паём, барномаҳои таълимиро таҷдид намуда, ҳамкориҳоро бо муассисаҳои тиббӣ ва таълимии ватаниву байналмилалӣ густариш диҳад. Ин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ, балки таҷрибаи амалӣ ва малакаҳои касбии худро низ такмил диҳанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, ҳайати роҳбарӣ ва омӯзгорони коллеҷ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки пайваста ба пешрафти тамоми соҳаҳо, бахусус тандурустӣ ва маориф, равона шудааст, изҳори сипос намуданд. Ҳамаи иштирокдорон омодагии худро барои татбиқи дастурҳои Паём ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустии кишвар иброз доштанд.

Ин чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои рушди устувори ҷомеа, дар таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, нақши муассир мебозад.

single