
ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД
2025-01-11 07:57:02
Имрӯз дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид
ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 ҷаласаи
ҳисоботӣ баргузор гардид.
Дар кори он Раиси Кумита академик Фарҳод
Раҳимӣ, муовинони раис Давлатзода Баҳрулло ва Ализода Алишер, Қувватзода
Сайдулло, мудири бахши илму маорифи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони
шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ,
фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, агентии
назорат дар соҳаи маориф ва кумитаи кор бо ҷавонон, роҳбарони муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок
намуданд.
Дар ҷаласа вазъи соҳаи таҳсилоти
ибтидоиву миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои соҳа дар соли 2024 таҳлилу
баррасӣ шуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълмӣ
таъмини базаҳои моддию техникии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ,
бунёду таъмири муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сохтмону
азнавсозии бино, устохона, озмоишгоҳ ва хобгоҳҳо дар муассисаҳо, раванди
зимистонгузаронӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани
савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо,
таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои
ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
баррасӣ шуданд.
Ҷаласаро
академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, нахуст доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои
миллат дар мавриди таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани
шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва шуғли пурмаҳсул
ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили
ихтисос, бозомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, дар пайи татбиқи
дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироашуда корҳо дар ин самт
боз ҳам тақвият дода мешаванд.
«Муҳимтарин
тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати ҷавонону наврасон аз
хатарҳои замони муосир имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб фаро гирифтан дар
муассисаҳои касбӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир мебошад, зеро
ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки аз
вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлӯҳои гуногуни табиати
инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу ҷиноятпеша огоҳи
пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон, бо донишу касбии
зарурӣ наврасону ҷавонон синну соли қобили меҳнат метавонанд ба кори мувофиқ
машғул гарданд», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.
Дар идома ҳисоботи Раиси Кумита оид ба
натиҷагирии фаъолият дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 шунида
шуд. Раиси Кумита зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони
соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони бешуғлу бекор афзоиш дода шуда, ҷиҳати
мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳасилини
муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷриба
андӯзанд. Доир ба ин масъала Кумита дар як соли фаъолият тамоми талошашро ба
харҷ дода, минбаъд низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.
Қайд гардид, ки аҳли коллективи
муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста аз дастгириҳои
Сарвари давлат бархӯрдор мегарданд. Ин аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани раванди
таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб
гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли
2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Раиси
Кумита таъкид намуд, ки соли 2024 новобаста аз он ки Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нав ташкил шуда
буд, нақшаи қабули ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва мииёнаи касбӣ пурра иҷро
гардид.
“Айни
замон дар назди Кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи
таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5
филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи
зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд”, - гуфт Раиси Кумита.
Таъкид
шуд, ки аҳли кормандон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии сохтори
Кумита ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори
худ қарор дода, кӯшиш намоянд, ки фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ
монанд ва дар ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳиссагузор
бошанд.
Раиси
Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷаласа пешниҳод намуд, ки соли 2025 “Соли
таъмини сифати таҳсилот” эълон гардида, муассисаҳо барои баланд бардоштани
нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот тамоми сайъу талошашонро ба харҷ диҳанд.
Дар
идомаи ҷаласа Қувватзода Сайдулло, суханронӣ намуда, роҷеъ ба мушкилоту
дастовардҳои соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ибрози назар намуда,
иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани
касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё карда, дар сиёсати иҷтимоии
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии кишвар,
яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби
Ҳукумати мамлакат барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам
меорад.
“Ба
мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон корҳои таблиғотиву
ташвиқотиро дар байни аҳолии кишвар васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани
теъдоди қабули хонандагон ва ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав, ки дар бозори
меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд чораҷуйӣ карда, ба сифати тайёр кардани
кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани
онҳо ҳамкориро бо корфармоён ҷоннок намоянд, зеро нишондиҳандаҳои зикршуда
омили асосӣ барои фарогирии аҳолии кишвар ба омӯзишӣ касбу ҳунар ба ҳисоб
меравад”, - гуфт Қувватзода Сайдулло.
Баъди
шунида ҳисоботи Раиси Кумита, роҳбарони як қатор муассисаҳо дар музокирот
ширкат намуда, ҳисоботро қаноатбахш гуфта, пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба
такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд. Ҳамзамон,
дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати иҷро
ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд.
Дар
охири ҷаласа як қатор кормандони фаъоли дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарияту
омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои нишондиҳандаҳои
хуби соҳа ва дастовардҳои намоён бори аввал бо “Ифтихорнома”-и Кумита ва унвони
“Аълочии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” қадрдонӣ гардиданд.


