Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
single-product

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2025-01-14 18:51:27

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дурнамои фаъолияти ҷомеа дар самтҳои меҳварии Ҳукумати кишвар буда, дар он ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта, қайд намуданд, заминаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин намуда, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбият мебошад. Яъне, то вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд.

Дар ин замина, бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 Пешвои миллат масъулинро вазифадор намуданд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки дар он 100 оила зиндагӣ мекунанд, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шавад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановат, омӯхтани забон, таърих, фарҳаги бостонии тоҷикон ва тавсеаи донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон дар кишвар мебошад.

Ин суханони Сарвари давлат моро водор месозад, ки бо мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳамаи нуктаҳои дар Паём ироагардида ба манфиати мардуми кишвари азизамон буда, ба ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафи олии ҳукумат-ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст.

Хулоса, нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, собитгари онанд, ки Паёми имсола дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ санадест, ки ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам мазмуну таъинот қутбнамои муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳамияти махсуси сиёсию давлатӣ ва идориву коргузорӣ дорад.

БУРИХОНОВА Зарина Бурихоновна,

директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор