
ПАЁМ - ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲАМАИ САМТҲО
2025-01-11 18:54:30
Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, яке аз санадҳои муҳимтарини стратегӣ ба шумор
рафта, роҳнамои самараноки фаъолияти кишвар дар самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ
ва хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ҳамасола он ба мақоми олии қонунгузории кишвар
пешниҳод шуда, дар он таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар сурат
гирифта, барои соли оянда ҳадафу вазифаҳои нав пешниҳод мегарданд.
Дар
паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба
иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, сиёсати ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ,
таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта,
дурнамои рушди кишвар муайян мегардад. Ин ҳуҷҷат, ҳамчунин, ҷиҳати таҳкими
худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, волоияти қонун, муқовимат бо
терроризм ва экстремизм аҳамияти бузург дорад.
Пешвои
миллат таъкид менамоянд, ки “рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани
рақобатпазирии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон аст”. Аз ин рӯ,
сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидӣ барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан
маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, ва фаъолияти муассисаҳои илмӣ мавриди
таваҷҷуҳ қарор дорад.
Ҳамзамон,
Президенти кишвар таъкид карданд, ки “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи
соҳаҳо мебошад”. Дарвоқеъ, рушди миллат ва ободии кишвар аз сатҳи дониш ва
маърифати аҳли ҷомеа вобаста аст. Миллате, ки ба илму маориф беэътиноӣ мекунад,
дар раванди рушди ҷаҳонӣ мавқеи худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳукумати
Тоҷикистон барои азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани
сифати таълим ва рушди иқтидори илмӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар
Паёми имсола, Сарвари давлат кормандони соҳаи маориф ва таҳсилоти касбиро барои
тарбияи шоистаи насли ҷавон ҳидоят намуда, мактабро боргоҳи маърифат ва
омӯзгорро шахси мафкурасоз арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат аз афзоиши
маоши омӯзгорон, ки аз 1 сентябри соли 2025 30% зиёд мешавад, ёдовар шуданд. Ин
иқдом нишон медиҳад, ки давлат ба нақши калидии маориф дар рушди ҷомеа аҳамияти
хоса медиҳад.
Ҳадаф аз
чунин иқдомҳо баланд бардоштани саводнокии мардум, густариши маърифат, таҳкими
ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Паём моро водор месозад,
ки дар таъмини ояндаи дурахшони миллат ба масъалаҳои тарбияву таълим аҳамияти
ҷиддӣ диҳем.
Метавон
гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзгорон
ва ҳар як сокини шарафманди кишвар паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону
саодатовар, ки мебояд ҳар банду нишондоди онро ба сифати дастури роҳнамо
сармашқи кори худ қарор диҳем.
Зоидова М., мудири кафедраи тиббии-фармасевтӣ Коллеҷи инноватсионии шаҳри
Хуҷанд