
ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ
2025-01-16 07:49:54
Ҳунар
сармояи гаронест, ки инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ
мегардонад. Шахси ҳунарманд аз донае хирман месозад, аз матое ҷома медӯзад ва
аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду меҳнатофаринаш ақли ҳар як
бинандаро тасхиру асир месозад.
Имрӯз
нишонаҳои қадимию таърихии ҳунармандони Тоҷикистон дар бозёфтҳои бостоншиносон
аз талу теппаҳои шаҳру навоҳии кишварамон пайваста ёфт мешаванд, зеро халқи
тоҷик аз азал бо ҳунармандию тамаддунофарӣ ном бароварда, ҳунарҳои волои
аҷдодиамонро бо унсурҳои бостонии фарҳанги миллат барои ояндагон боқӣ мондаанд,
ки яке аз онҳо оҳангарӣ аст.
Дар
замони кунунӣ ба ин касб танҳо ашхосе машғуланд, ки онро аз падару бобоёни хеш
омӯхтаанду ин рисолатро давом дода истодаанд, дар ҳоле ки ин ҳунар барои
мардум, махсусан сокинони деҳот ниҳоят зарур аст. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан
аз вазъи ҳунари оҳангарӣ тасмим гирифтем, ки онро дақиқтар омӯзем ва бо
ҳунармандони ин ҷода суҳбат намоем.
Оҳангарӣ
яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон буда, аз қадимулайём халқи тоҷик ба маҳсулоти
ин навъи ҳунармандӣ ниёз дорад, зеро ҳаёти мардуми деҳотро бе асбобҳои корӣ, аз
ҷумла бел, каланд, табар, теша, дос, болға, корд, гулмех, наъл ва монанди ин
тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар маҷмӯъ, беш аз 100 номгӯи ашёву асбобҳо аз
ҷониби оҳангарон омода карда мешавад. Шахсеро, ки ин навъи ҳунарро ба худ касб
намудааст, оҳангар мегӯянд.
Маҳсули ҳунари оҳангариро дар тамоми
шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мушоҳида кардан мумкин аст, зеро ҳамаи асбобу олоти
оҳании кишоварзӣ ва рӯзгор дар дӯкони оҳангарӣ тайёр карда мешаванд.
Бояд
гуфт, ки оҳангар бештар аз оҳанҳои вазнину боқувват маҳсулоти зарурии худро
омода мекунад. Ҷараёни тайёр кардани маҳсулоти оҳангарӣ чунин аст: оҳанро аввал
дар оташ сурх (мулоим) карда, сипас ба рӯи сангдон гузошта, бо болғаи калон мекӯбанд,
то дар шакли даркорӣ қолаб гирад. Баъди ин, боз гашта, онро ба оби хунук
мегузоранд. Ин амалро чандин маротиба такрор мекунанд. Ҳамин тариқ, маҳсулот
тайёр мешавад. Ҳангоми кор кардан оҳангар болға, амбӯр, сангдон, оташковак ва
ғайраро истифода мебарад.
Агар ба
таърихи ин пеша назар андозем, оҳангарӣ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омада, дар
ҳазораҳои 3-4 то милод дар Эрону Мисри қадим аз оҳан олоти меҳнат месохтанд. Аз
ин ҷост, ки аз қадим ҳунари оҳангарӣ маъмул буда, ниёгони мо дар ибтидои
ҳазораи 1 то милод истифодаи филизро медонистаанд. Онҳо оҳанро дар курае
мегудохтанд, ки ҳарораташ ба 1300 - 1400 дараҷа мерасид.
Ба
хотири огоҳии бештар ёфтан аз нозукиҳои соҳа мо бо усто Амиршоҳ,
истиқоматкунандаи деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара, ки ба ин касби бобогии хеш
шуғл меварзад, ҳамсуҳбат шудем. Усто Амиршоҳ гуфт, барои дарёфти ризқу рӯзии
фарзандонаш дар баробари касби дигар доштаашон боз ин ҳунарро низ омӯхтааст.
Вай мегӯяд, ҳарчанд ин ҳунарро аз
маҷбурӣ ва душвории зиндагӣ омӯхта бошад ҳам, имрӯз ин касб ба ӯ нони ҳалол
медиҳад. Ба таъкиди ӯ, дар дӯкони оҳангарӣ бо як нафар кор мушкилтар аст ва ба
ҳамин хотир, дар дӯконҳои оҳангарӣ аслан ду кас фаъолият мекунанд.
Ба
таъкиди ӯ, аз қадим то замони мо, ба ин ҳунар таваҷҷуҳ бештар буд, зеро он
замон азбаски асп воситаи асосии нақлиёт, борбардорӣ ва ҳайвони ёвар дар хоҷагӣ
буд, талабот ба тамоми абзорҳои он-узангу, наъл, лаҷом, зевари зин ва дигар
воситаҳои ороишӣ аз оҳану мису нуқра тавасути ҳунари оҳангар сохта мешуд.
Ба зикри
ҳамсуҳбатамон, бештари сокинони хоҷагиҳо заминдорону деҳқонон буданд ва дар
соҳаи кишоварзӣ пешбурди кори ҳар як хонадон аз маҳсулоти сохтаи оҳангар
вобаста буд, махсусан юғу испор, ки воситаи асосии шудгор буд, бе заҳмати
оҳангар ба даст намеомад. Оҳангар фақат барои кишоварзону чорводорон қариб 10 –
15 навъи олот тайёр мекард.
Ҳамсуҳбатамон дар мавриди ин касби
пуршараф бобоӣ, ки бидуни олотҳои омоданамудаи ин ҳунармандон инсон
зиндагониашро тасаввур карда наметавонад, мегӯяд, ба қадри ин ҳунари аҷдодиамон
на ҳама мерасад, зеро солҳои охир бо сабаби камфаъолиятии оҳангарон ба ҷойи
белу каланди бо сифати хуб сохташуда ашёҳои пасту бесифати чинӣ дар бозорҳо ҷой
гирифтаанд.
Бояд
гуфт, ки дар даҳсолаи охир баробари беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум ва аз молу
колои хориҷӣ, бахусус чиноӣ пур шудани бозорҳои кишвар таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои
дастӣ миёни сокинони деҳот низ ба таври назаррас кам гардид. Ин боис шуд, ки
аксари ҳунарҳои қадимии мардумӣ аз байн рафтанд ва ё ба он ҳотаваҷҷуҳи зарурӣ
зоҳир нагардид. Масалан, дар як деҳа, ки солҳои қабл даҳҳо оҳангар, чармгар,
кафшдӯз, тоқидӯз, намадбоф ва намояндаи садҳо касби дигарро пайдо кардан мумкин
буд, ҳоло баъзан ёфтани як устои ҳунарҳои мардумӣ душвор аст.
Ба қавли
ҳунарманд Маҳмадулло Ҳасанов, яке аз сабабҳои аслии ин тамоюл пур шудани бозор
аз масолеҳи пастсифат мебошад. Масалан, имрӯз дар бозорҳои кишвар ҳама гуна
маҳсулоти ивазкунандаи ҳунарҳои мардумиро пайдо кардан мумкин аст, ки аз хориҷ
ба бозорҳои кишвар ворид мешаванд. Аз ин рӯ, акнун ба ҷойи масолеҳи оҳангарони
миллӣ дар бозорҳо бел, каланд, табар, теша, арра ва дигар молҳои хориҷӣ бо
сифати паст, вале бо нархи арзон пешкаш карда мешаванд.
Ин
ҳунарманд мегӯяд, яке аз сабабҳои арзонии молҳо ба он вобаста аст, ки онҳо дар
кишварҳои хориҷӣ тавасути технологияи муосир истеҳсол карда мешаванд.
Агар дар Тоҷикистон як оҳангар тамоми
рӯз як табар созад, масалан, дар Чин техника дар як соат даҳҳо ҳазор табар
истеҳсол мекунанд. Ин аст, ки автоматикунонӣ нашудани истеҳсоли ҳунарҳои
мардумӣ ва ворид шудани алтернативаҳои дастрасу арзони онҳо аз кишварҳои дигар
боиси бемайлии ҳунармандони деҳот ва қариб пурра аз байн рафтани аксари навъи
ҳунарҳои мардумӣ шудааст. Дар натиҷа, ҳолати мазкур ба он оварда расонидааст,
ки дуредгарӣ, оҳангарӣ ва садҳо ҳунарҳои дигари зебои мардумиамон дар садади
нобудшавӣ қарор доранд. Яъне, офаридаҳои дастии ҳунармандони кишвар, ки сифати
баланд, вале нархи гарон доранд, дар баробари молҳои шабеҳи аз хориҷ бо нархи
арзон воридшаванда рақобатпазириро аз даст медиҳанду ҳунармандон харидорони
худро пайдо карда наметавонанд.
Ёдовар
мешавем, ки бо назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот, аз байн
рафтани ҳунарҳои қадимӣ ва дигар ҷанбаҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои
2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар
асоси он аз ҷониби Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ҳунармандӣ» ба имзо расид, ки санади мазкур заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи
рушди ҳунармандӣ буда, имкон медиҳад, то тадбирҳову барномаҳои нави соҳавӣ
баҳри рушди ҳунармандӣ роҳандозӣ гарданд.
Имрӯз
фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархӯрдор гаштани онҳо аз
имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид,
имкон медиҳад истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла дӯконҳои сохтану фурӯши
армуғонҳо барои сайёҳони дохилию хориҷӣ дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ зиёд шуда,
ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, сатҳи некӯаҳволии мардум баланд гардад.
Тавре ки зикр гардид, қисми зиёди
ҳунармандон бо сабабу омилҳои болозикр, махсусан кам шудани ниёзҳои пешинаи
харидорон чандон шавқманд нестанд, ки фарзандонашон ин мероси бойи
гузаштагонашро аз худ карда, ҳунари аҷдодиро идома диҳанд. Ҳол он ки ҳунар дар
заминаи таъмини меросият ва аз насл ба насл интиқол додани он таъмин карда
мешавад. Пас, механизми ягонаи рушди ин ҳунарҳои мардумӣ автоматикунонидани
раванди истеҳсолоти он мебошад. Бинобар ин, аз ҷониби Пешвои миллат
саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шудааст.
Ҳамин
тавр, касби оҳангарӣ аз зумраи ҳунарҳое ба шумор меравад, ки омӯзиш, тадқиқ ва
корбурди он аз бунёд то фарҷом дар ҳаёти одамизод нақши босазо дорад. Новобаста
аз омилҳои камтаваҷҷуҳӣ ба он ҳунари оҳангарӣ то имрӯз миёни мардум пойдор
буда, намояндагони онро аҳёнан вохӯрдан мумкин аст.
Табиист,
ки имрӯз таваҷҷӯҳи мардум ба маҳсулоти оҳание, ки аз ҷониби як оҳангари оддӣ
таҳия мегардад, камтар гардидааст. Чунки таъсири пешрафти техникаву технология
ва ба вуҷуд омадани ашёву маводди замонавӣ, истифода намудани асбобҳои
фабрикавӣ ва ё барои осон гардидани кор истифодаи дастгоҳҳои ҳозиразамон то
андозае ҷойи ашёҳои худсохти оҳанинро гирифтааст.
Хулоса,
пас аз мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки то кунун миёни мардум ҳунари оҳангарӣ
ва маҳсулоти он мавриди истифода қарор дорад, ҳарчанд на ба таври васеъ. Ин
пеша дар шароити имрӯз аслан дар деҳот, махсусан он ҷойҳое, ки корхонаҳои
калони истеҳсоли маҳсулоти оҳанӣ нестанд, бештар рушд мекунад. Аз ҷиҳати дигар,
барои ҳунармандони деҳот дастрасии ашёи хом мувофиқ аст, зеро асбобу
оҳанпораҳои корношоямро аз мардуми маҳаллӣ ҷамъоварӣ намуда, ба таври фаровон
истифода менамоянд.
Парвина ДАВЛАТОВА,
рӯзноманигор