
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
2025-01-11 18:57:36
10 январи соли
2024 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ғолибони
озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” қадрдонӣ шуданд.
Дар маросими
ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарони сохторҳои
шаҳрӣ, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону
донишмандон ва ғолибону иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ
зикр гардид, ки мақсад аз баргузории озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои
миллат», ин арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби
давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар озмун хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни
давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.
Сипас, ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои
таъсисдодаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин озмун дар гурӯҳи донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Бегова Адиба, донишҷӯйи бахши 4-уми
факултети кори фарматсевтӣ (9)-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Бегова Адиба
Ёдгоровна сазовори ҷойи сеюм гардид. Ӯ бо 2 ҳазор сомонӣ ва диплом қадрдонӣ
шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик
Фарҳод Раҳимӣ соли 2025 дар тамоми муассисаҳои зерсохтори Кумита «Соли хониши
асарҳои Пешвои миллат» эълон гардидааст.