Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИЮ ОМӮЗГОРИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
single-product

ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИЮ ОМӮЗГОРИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

2025-01-16 07:47:28

Дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ" вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Исмоилзода Заррина, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Назарзода Маҳмуд, директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро Маҳмуд Назарзода, ифтитоҳ намуда, самтҳои асосии Паëми Пешвои муаззами миллатро мавриди таҳлил қарор дода иброз дошт, ки омӯзгорони шарафманди муассиса Паëми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз давлатдории навин дар фазои муттаҳидӣ тамошо намуда, аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии соли 2024 бархурдор гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд».

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани аҳолии ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, иброз намуданд, ки «…дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои таълими калонсолон таъсис шуда, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрванд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти корҳо дар самти фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ва омода намудани кадрҳои коргарӣ дастур доданд, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне, дар панҷ соли оянда дар ҳамаи ин муассисаҳо беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш ва азхуд кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё намуда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таъкид гарид, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳи махсус намуда, барои пешрафти он тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Ин тадбирҳо на танҳо дар таъмиру тармими мактабҳо, бунёди муассисаҳои нав, таъсиси донишкадаву донишгоҳҳо, балки дар чопи китобҳои дарсӣ, ба таври квота ҷалб намудани духтарон ба макотиби олӣ, ташкили озмунҳои эҷодиву ҳунарӣ, олимпиадаву мусобиқаҳо ва амсоли ин сурат мегирад.

Дар рафти ҳамоиш, Исмоилзода Заррина вобаста ба нуктаҳои асосии Паём қайд намуданд, ки ба хотири беҳтаргардонии сатҳи зиндагонии мардум аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз зиёд карда шавад, кормандони соҳаҳои маориф бошад 30 фоиз, тандурусти, ҳифзи иҷтимои ва нафақа аз 1 сентябри соли 2025 20% баланд бардошта мешавад. Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат омӯзгорону кормандони соҳаи таҳсилоти касбиро руҳбаланд намуда, онҳоро водор месозад, кибарои омода намудани мутахассисони соҳибкасб талоши бештар намоянд.

 

single