Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМ – ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ДАР МЕҲВАРИ ОН ҚАРОР ДОШТ
single-product

ПАЁМ – ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ДАР МЕҲВАРИ ОН ҚАРОР ДОШТ

2025-01-10 07:15:44

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низомномаи мукаммали рушди Тоҷикистон буда, дар он самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷӣ таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муҳимтарин самтҳои иқтисоди миллӣ саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сармоягузорӣ таъкид намуданд. Солҳои охир ба рушди соҳаҳои саноат ва энергетика диққати махсус дода мешавад ва тадбирҳои мушаххас низ маҳз бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ рӯи даст гирифта мешаванд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта дар соҳаҳои саноат ва сохтмони инфрасохтор рушди назаррас дошта, феълан бахшҳои муҳими кишоварзӣ ва рушди "энергияи сабз" аз ҷузъҳои муҳими нақшаву барномаҳои давлат дар самти таъмини манбаи арзони энергия ба шумор мераванд.

Фаъолияти Коллеҷи техникӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда шуда, доир ба ободонӣ, беҳтаршавии сифати таълиму тарбия корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Соли сипаришуда коллеҷи техникӣ озмоишгоҳҳои электроэнергетика, телекоммуникатсия, нақлиёт, логистика, техника ва таҷҳизотҳои тиббиро барои гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишӣ мавриди истифодаи васеъ қарор дод. Озмоишгоҳҳои мазкур бо воситаҳои техникии таълимӣ ва маводҳои гуногуни аёнии методӣ-таълимӣ ба монанди макетҳо, таҷҳизотҳои ченкунандаи рақамӣ ва электронӣ ва дигар таҷҳизотҳои намудҳои гуногун, нақшаҳои гуногуни дастгоҳҳои электрикӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ғайр аз ин корҳои озмоишӣ ба таври виртуалӣ бо воситаи барномаҳои махсуси компютерӣ аз фанҳои тахассусӣ дар ин озмоишгоҳҳо иҷро карда мешаванд.

Раёсати коллеҷи техникӣ маҷмӯи корҳои тарбиявӣ-ташкилӣ, илмӣ-методиро баҳри тарбияи босамари насли наврас, пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷалби омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ (инноватсионӣ) ҷоннок намудааст.

Дар соли 2024 дар сатҳи коллеҷ, се конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ, 9 конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ, 24 конференсияи илмиву амалӣ ва фарҳангии дохилӣ, 74 семинари омӯзишӣ, 76 суҳбати гирди миз, 86 маҳфили илмӣ, 3 курси бозомӯзии касбии омӯзгорон (омӯзиши технологияи иттилоотӣ, омӯзиши педагогика-психология ва омӯзиши маҳорати педагогӣ) ва дигар чорабиниҳои илмӣ-амалӣ дар коллеҷ баргузор гардиданд.

Омӯзгорону кормандони коллеҷ баробари фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, соли 2024 7 китоби дарсӣ, 37 дастурамали таълимӣ-методӣ ва 3 монография, 41 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 174 мақолаи илмӣ дар маводи конференсияҳои байналмилалӣ, 218 мақолаи илмӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расонидаанд.

Соли 2024 ду нафар омӯзгори касбии коллеҷ рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд, ҳамчунин, ду нафар омӯзгорон рисолаи номзадиашонро пешдифоъ карданд. Ҷиҳати ҳавасмандгардонии омўзгорони ҷавон бо қарори Шӯрои олимони коллеҷ омӯзгороне, ки рисолаи номзадиро ҳимоя менамоянд, бо маблағи 15000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо маблағи 25000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар давоми 3 соли охир аз тарафи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ нисбати натиҷаи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ 7 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст.

Барои алоқамандии таҳсил бо истеҳсолот раёсати коллеҷ саъю кӯшиш намуда, бо 55 муассисаю корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шартнома дорад.

Боиси қайд ва ифтихор аст, ки ҳамасола донишҷӯёни коллеҷи техникӣ дар олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязан ва Донишгоҳи давлатии Братски Федератсияи Россия, Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Халқии Чин, Донишгоҳи Деш Багати Ҳиндустон, Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус, коллеҷи энергетикии Қазони Федератсияи Россия ва даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Мақсади чунин созишномаҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти пешрафти илм ва технологияҳои навин мебошад, ки ҳангоми самаранок корбарӣ намудан дар доираи дастгирии фаъолияти якдигар муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин натиҷаҳои хубро соҳиб гарданд. Роҳбарият ва раёсати коллеҷ дар ин самт корҳои амалиро қаноатбахш роҳандозӣ намудааст.

Коллективи Коллеҷи техникии баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ саҳми назаррасӣ худро гузоранд.

Холиқназар Азимов, муовини директор оид ба илми Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе