Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОЕСТ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН
single-product

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОЕСТ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

2025-01-16 07:45:07

Ҳамасола мардуми сарбаланди тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо як ҷаҳон умед ва боварӣ ба фардои дурахшони Тоҷикистони биҳиштосоямон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат бесаброна мунтазир мешаванд. Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2024 самти фаъолиятро барои давраи минбаъда мушаххас намуда, вобаста ба муҳимият ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дастуру супоришҳои ояндасози хешро иброз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, дар бораи нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ кардани онҳо тадбирҳои муассир андешем.

Ҳамзамон, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доранд. Дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Инчуни дар Паём қайд гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои миёна ва олии касбӣ чанд маротиба зиёд гашта бошад ҳам, вобаста ба зиёдшавии босуръати аҳолии Тоҷикистон талабот рўз аз рўз ба ин муассисаҳо афзуда истодааст. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз рўйи зиёдшавии аҳолӣ дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи миёна дар зинаи аввал қарор дорад ва аҳолиаш дар ин давра 1,8 маротиба зиёд гардидааст.

Пешвои миллат дар баромади худ иброз намуданд, ки «Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».

Мо, кормандони соҳаи таҳсилоти касбии кишварро зарур аст, ки суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои худ ҳамчун дастур ва роҳнамо қабул намуда, дар таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани насли наврас саҳмгузор бошем.

Ҳусейнов ЗАРИФБОЙ, муовини директор оид ба таълими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб