
ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ
2025-01-10 07:13:14
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии кишвар барои мардуми тоҷик ҳамчун дастур ва роҳнамо маҳсуб
ёфта, навиди тозае аз муваффақияту дастовардҳои Тоҷикистон давоми як соли охир
мебошад.
Дар
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки аз оғози
давраи соҳибистиқлолӣ дар саросари кишвар бунёди ҳазорон бинову иншооти
истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари
онҳо ба соҳаҳои таҳсилоти касбӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш
мутааллиқ буда, то имрӯз тибқи нақшабандӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва
тавассути ин аъмол ҳазорон ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳайё
гардидааст.
Дар ин замина, Сарвари давлат ба соҳибкорону шахсони саховатманд ҷиҳати
тақвияти сиёсати созандаашон ва дастгирии молиявии ин афрод барои ободии Ватан,
фаъолияти софдилона ба хотири пешрафти зиндагии шоистаи мардум, изҳори
миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар назаррас
унвон карданд.
Лозим ба
ёдоварист, ки дар меҳвари Паёми имсола чандин масоили мубраму ҳалталаби замони
муосир ҷой доштанд, аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ дар Тоҷикистон,
ба монанди 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабир дар сатҳи созмони бонуфузи
байналмилалии ЮНЕСКО, мубориза бо терроризму экстримизм, бегона нашудани
фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷаҳолату хурофот, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни
тоҷикон, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба истиқлоли комили
энергетикӣ, шаклгирӣ ва инкишофи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, таъсис ва сохтмони
муассисаҳои томактабию фарҳангу санъат, ҳамгироии илм ба истеҳсолот ва
фаъолияти ҷавонон аз зумраи онҳост.
Дар
раванди суханронӣ Сарвари давлат вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза
ва таъсири манфии онҳо бахусус, дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо,
ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронида шуда, таъмин намудани
гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию
дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба
пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди сабз андешаронӣ намуда, ин
масоили муҳими таъсиргузорро бо таҳлилҳои амиқ баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон,
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи
шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии
кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва
ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем. Дар ин маврид истифода
ва тақвияти самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои
нав ва фаъол гардонидани имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ,
иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва
ҳалли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ, гузаштан ба низоми комили ғайринақдӣ ва
монанди инҳо аз зумраи дастурҳои муфиде буд, ки дар назди масъулини соҳаҳо
гузошта шуданд.
Мавриди
зикри хос аст, ки соҳаҳои илму маориф ва таҳсилоти касбӣ ҳамеша дар меҳвари
сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба ин соҳаҳо ҳамчун самтҳои
афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ба таъкиди Сарвари давлат,
муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар масъалаи тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат
эътибори аввалиндараҷа диҳанд, на ба ҳуҷҷат. Дар ин замина, ба таври ҳатмӣ
омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои
иттилоотӣ аз зумраи ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон маҳсуб ёфта, таъкид гардид, ки минбаъд омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз синни
томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Илова
бар ин, дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати
Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа
диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони
кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои
роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Сарвари
мамлакат дар тамоми баромаду суханрониҳояшон ба ҷавонон диққати махсус зоҳир
намуда, дар Паёми навбатӣ низ ин қишри мамлакатро аз мадди назар дур намонда
иброз доштанд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии
кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими
мамлакат, хизмати содиқона дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва
ҳаётиосоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо
мебошад. Аз ҷумла, солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии
он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Ҳукумати
ҷумҳурӣ минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи
ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд
бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани
истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ
барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз вазифаи аз ҳама муҳими ҳар
як қишри ҷомеа ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи
суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои
берунӣ ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Вобаста
ба ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Доир ба самтҳои асосии
сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар ироагардида камари
ҳиммат баста, барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар талош намоянд.
ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,
муовини якуми раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент