
ПАЁМ - РОҲНАМО БАҲРИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
2025-01-14 18:49:41
Тайёр
намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои
тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои
асосии афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад. Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст,
пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурии азизамон шумораи
муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, заводу фабрикаҳои дорусозӣ ва таълимгоҳу бунгоҳҳои
тиббӣ ба маротиб афзуда истодааст. Дар пешрафти тамоми соҳаҳои дохили кишвар ва
берун аз он саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
назаррас буда, масъулияти мо ҷавононро дар ин самт дучанд зиёд мегардонад.
Тавре ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем, дар рафти ироаи Паёми имсола аз
ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
масъалаи рушду тараққиёти соҳаи тандурустӣ, ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва
аҳамияти босазодошта, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам пеш
рафтани фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани кор,
инчунин, афзудани маблағгузорӣ ба соҳа, зиёд намудани музди маоши кормандон,
афзоиши теъдоди таълимгоҳҳову корхонаҳои марбут ба тандурустӣ гувоҳи равшани
гуфтаҳои болост. Аз ҷумла, дар Паём қайд гардид, ки дар соли 2025 барои соҳаи
тандурустӣ аз буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат
ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо дар давоми чанд соли
охир бунёд гардидани зиёда аз 1200 муассисаи соҳаи тандурустӣ барои таъмини
рушди соҳа ва беҳдошти хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат намудааст.
Ҳамчунин, тайи чанд соли охир бинои нави Вазорати тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биноҳои Донишгоҳи давлатии тиббии
Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бунёд
ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, даҳҳо муассисаҳои тиббӣ, ки 70-80 сол
пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ
муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар умум, тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ бо истифодаи
ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардиданд.
Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон дар Паёми навбатӣ
зикр намуданд, ки масъалаи тайёр намудани мутахассисон ва таъмин намудани
муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои баландихтисос, таърғиби тарзи ҳаёти солим, беҳтар
гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва равнақ додани корҳо дар самти
ташхису табобат аз масъалаҳои асосӣ ва ҳалталаби соҳа ба шумор мераванд ва
масъулини соҳа бояд баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаву ҳалли
масъалаҳои мазкур корбариро ҷоннок намоянд. Таъкид шуд, ки аз ҳисоби ҷавонон
омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз
вазифаҳои муҳим мебошад.
Инчунин, Сарвари давлат дар Паём оид ба норасоии мутахассисон ва
паст будани сифати доруворӣ изҳорӣ нигаронӣ намуданд. Аз ин лиҳоз моро зарур
аст, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба
роҳ монда, барои баланд бардоштани таҷрибаи илмӣ-амалии муҳассилин пайваста
кӯшиш намоем.
Ҳар яки моро зарур аст, ки таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои
муаззами миллатро сидқан қадр намуда, барои пешрафти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла
дорусозӣ ва тайёр намудани мутахассисони ин соҳа саҳми арзандаи худро гузорем,
зеро дар замони муосири рақобатпазир вуруди дорувориҳои сунъӣ (кимиёвӣ) ба
маротиб афзуда истодаанд, ки хусусиятҳои манфии онҳоро низ ҷой дорад. Ҳоло дар
кишвари мо корхонаҳои дорусозие амал менамоянд, ки бештар дорувориҳои табиӣ истеҳсол
менамоянд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои боз ҳам бештар дарёфт намудани
маводди табиии доруворӣ усулҳои омӯзиш ва истеҳсоли онҳоро аз гиёҳҳои шифобахш
ба роҳ монем.
Сабоҳиддин РАҲМОНОВ, мудири
кафедраи дорушиносии
Коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров