
ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР ДАР ПАЁМ
2025-01-23 20:28:26
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии
сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 масъалаҳои муҳими
ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ
гардида, барои рушди устувори самтҳои муҳими хоҷагидорӣ ва рафъи камбудиҳои
ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас қатъӣ ва дода шудаанд. Бинобар ин, Паём
барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон,
нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад.
Вазифаи
шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар яки мо ин аст, ки бояд мазмун муҳтаво, моҳият ва
рисолати паёмҳои Пешвои миллатро дар зеҳну шуури худ дарк намоем, таҳлил кунем
ва вобаста ба нишондиҳандаҳои паём ҳамчун заминаи баррасии марҳилаҳои пешравии
давлати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолият намуда, кӯшиш кунем, ки
дар рушди давлатдории миллӣ боз ҳам бештар саҳм гирем.
Бояд
тазаккур дод, ки дар натиҷаи мураккабшавии вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони
муосир, ки давраи ниҳоят ҳассос ва душвор барои мардуми сайёра ба ҳисоб
меравад, дар аксари кишварҳои олам коҳиши рушди иқтисодӣ ба назар мерасад.
Албатта, чунин ҳолат ба вазъи зиндагии мардум бетаъсир буда наметавонад.
Хушбахтона, новобаста аз вазъи мураккаб ва омилҳои таъсиррасони манфӣ Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ва бо истифода аз сиёсати дурбинона низоми иқтисодӣ дар Тоҷикистон рушд кард ва
инкишофи соҳаҳои ҳаётан муҳим таъмин гардид.
Нишондидаҳое, ки дар Паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28 декабри соли 2024 баррасӣ
гардиданд, далели гуфтаҳои боло мебошанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки “соли
2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва
суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати
рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод”.
Ҳамчунин,
Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки “дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои
мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147
миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар
зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа
1,5 баробар афзоиш ёфт”.
Аз
сиёсати побарҷову устувори иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки
дар қиёс бо нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии солҳои пешин тамоюл ба рушд ба
назар мерасад ва дурнамои таҳаввул дар ин маврид умедбахш мебошад.
Тавре
ки Пешвои миллат таъкид карданд, дастовардҳои мазкур натиҷаи фаъолияти
хастанопазир ва ҳамкории судманди Ҳукумати мамлакат ва мардуми шарифи
Тоҷикистон мебошад. Ва дигар ин ки қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияи миллии
рушди ҷумҳурӣ ба устувории буҷети давлатӣ мусоидат карда, дар баробари ин, ба
вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ҷавобгӯ мебошанд. Чунин ҳолат ба инкишофи соҳаҳои
иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг, беҳбуд бахшидани фаъолияти
кормандони соҳаҳои таъминоти буҷетӣ ва дар маҷмӯъ ба некӯаҳволии мардуми кишвар
мусоидат кардааст.
Ҳамасола дар натиҷаи андешидани тадбирҳои
муҳим ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани
сатҳу сифати зиндагии мардум меафзояд. Дар ин маврид Пешвои миллат иброз
доштанд, ки “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф,
яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи
тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти
дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.
Ҳамчунин,
“тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани
таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Хотирнишон
менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор
маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз
зиёд карда шуд”.
Оид
ба вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои он ҳамчунин, Пешвои муаззами
миллат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориҳо, таъмини рушди зарфияти
инфрасохторҳо, аз ҷумла вусъат бахшидани сохтмони роҳу долонҳои транзитӣ,
ташаккули логистикаи муносибу ҳалқаҳои ба ҳам пайвасти роҳҳои мошингарду оҳани
дохилӣ бо имконияти баромад ба самтҳои гуногуни фаромарзиро таҳлилу арзёбӣ
карданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосӣ рушд ба кишвари
транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид корҳои муҳим
ба анҷом расонида шудаанд. “Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории
давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули
бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода
шуд”.
Хулоса,
дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин,
ба масоили муҳим ва калидӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, перомуни рушди иқтисоди рақамӣ,
баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тарбияи
мутахассисони варзида, тараққӣ додани иқтисоди «сабз», расидан ба истиқлоли
энергетикӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот, зеҳни сунъӣ, захираи
сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, додани имтиёзҳо ва барои вусъат
бахшидани корҳо дар ин самтҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода
шуданд.
Хушбахт ҲАКИМЗОДА,
муовини сардори Раёсати
молия, банақшагирӣ ва муҳосибот, сардори шуъбаи муҳосиботи Кумита