
ПАЁМ - ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ АСОСИИ СТРАТЕГӢ
2025-01-22 19:32:53
Паёмҳои Пешвои
муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҳамчун ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта,
ҳолати кунунӣ ва фардоро бо назардошти равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян месозад.
Дастгирӣ ва ғамхориҳо
ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф ва таъкидҳо доир ба баланд бардоштани мақоми он
дар ҳалли масоили иҷтимоӣ- иқтисодии ҷомеа, такмили ҷаҳонбинии хонандагону
донишҷӯён, бархӯрдории онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ башорат аз дилогоҳӣ
ва дилсӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар низоми
таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби
ҷавобгӯ баталаботи бозори меҳнат, муҳим мебошад. Зеро сатҳи рушди ин ё он
давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисос вобаста аст.
Дар ин маврид Президенти кишвар таъкид менамоянд, ки:
«сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати
мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам
наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми
ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор,
таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда
боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба
шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар
ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин, ман аз рӯзҳои
аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа
медиҳам».
Аз Паём то Паём дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди
муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии онҳо дигаргуниҳои зиёде ба
амал меоянд, мактабҳо бунёд ва азнавсозӣ мегарданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҷойи
нишаст барои хонандагон фароҳам оварда мешаванд. Таълими технологияҳои муосир
дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ ба раванди
воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшида истодааст.
Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун захираҳои
стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии
мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму
маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Бомаротиб зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи
илм, афзун гардидани маоши омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва
таҳсилоти олии касбӣ, бо сифати баланд интишор ёфтани китобҳои дарсӣ, бо
лавозимоти заруриву компютерҳо таъмин шудани муассисаҳои таълимӣ дар роҳи
фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи самарабахш мебошад.
Барои торафт вусъат гирифтани раванди бунёдкориву
созандагии Ватани азизамон ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва
илмиву зеҳнии давлати соҳибистиқлоламон морозарур аст, ки ҳамеша суханони
Сарвари давлатросармашқи корҳои хеш намоем.
Ҷаҳонгир АБДУҒАФФОРОВ,
ҷонишини декан оид ба корҳои
таълими факултети забонҳои хориҷии
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова