Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
single-product

ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2024-12-24 15:07:20

Бо мақсади ҷалби насли ҷавон ба фаъолнокии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар 17 марти соли 1994 дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (он вақт Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар шароите баргузор гардид, ки сохторҳои идоракунии давлатӣ ташаккул меёфт ва мамлакат дар оғуши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Вале новобаста аз ин, бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек ва равонасозии онҳо ба бунёди давлати аҷдодӣ, дастёбӣ ба мустақилияти комил, ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ Пешвои миллат бо ҷавонон мулоқот кард. Дар натиҷаи мулоқот таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд гардид, ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятии ҷавонон, маҳфилҳо ва гуруҳҳои худфаъол ташаккул ёфтанд.

Дар ин давраҳои таърихӣ бо пуштибонӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастовардҳои хеле зиёдро тавонистем ноил гардем; шароитҳои мусоид ва муносиби рушду такомулёбӣ барои ҳар як фарди ҷавон фароҳам оварда шудаанд, ки боиси ифтихор ва фараҳмандӣ мебошад.

Дар сатҳи қонунгузори бошад ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон тавассути механизмҳои мухталиф амалӣ шуда истодааст, ки дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор мавриди амал қарор гирифтаанд. Масалан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»(соли 2004). Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ», Консепсияи инкишофи қонунгузории ҶТ (аз соли 2011), Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии ҶТ (аз соли 2013), Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ барои солҳои 2009-2019 ва дигар.

Ҳамин тавр, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда, ваҳдати миллӣ миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13-уми марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоти пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеъву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии ҷавобгӯ бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 – “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” имконияти хеле хуби татбиқнамоии тамоми ҳадафҳо ва орзуҳои ҷавонӣ мебошад, ки дар ин замина ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Соли ҷавонон” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” тасдиқ гардид. Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, ки “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад.

Дар маҷмӯъ, беш аз 33 сол мешавад, миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад. Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои устуворона ва озодона пешаро намуда истодаанд.

Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои озодӣ, Истиқлолият ва Конститутсияро аз мадди назар дур насозад. Ҳамаи андешаву кӯшиши худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандустиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат равона созад. Ҷавононро мебояд, ки бештар ва хубтар бо руҳияи баланд ва ифтихору қадрдонӣ (аз иқдомҳои Пешвои миллат, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ) кӯшиш намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста ва пайваста созанда ва бунёдкор бошанд.

Дилшод ДАВЛАТШОЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон